preloader

интизор шавед...

Эрозия чист?

  • 19-май-2024
  • 152 дидани саҳифа

Эрозия ( лот.  erosio – хӯрда шудан) - вайрон шудани сангу сахраҳо, хоку замин тавассути ҷараёни обҳои рӯизаминӣ. Фурӯ рафтани замин, фарсоиш, суда шудан. Бодлес (истилоҳи геологӣ), зангзанӣ (техникӣ), бодхӯра (тиббӣ). Ҳолати нобудии тадриҷии мода аст. Раванди вайроншавии ҷинсҳои кӯҳӣ тавассути селҳо. Фурӯрезии замин. Ҳолатест, ки хоки аз боду боронҳои шадид нармшуда фурӯ мерезад.

Як равандест, ки дар он зарраҳои хок аз бистари худ ҷудо мешаванд ва бо кумаки як омили интиқолдиҳанда ба макони дигар ҳаракат мекунанд.

Дар умум ҳодиса шарҳи ягонаи илмӣ надорад. Дар адабиёти илмии кишварҳо зери ин мафҳум ҳолатҳои мухталиф фаҳмида мешаванд. Масалан дар истилоҳшиносии ғарбиён мафҳуми erosio ба маънои вайрон шудани ҳар фаъолияти экзогенӣ, ба мисли талотум дар баҳру дарёҳо, ҷунбиши пиряхҳо, бодҳои харобкор аст ва дар ин ҳол erosio ба денудатсия (аз таъсири обу ҳаво суда шудани сатҳи замин) ҳаммаъност.

Аммо дар адабиёти илмии русӣ erosio ба фаъолияти харобсозиҳои ҷараёни об ва ҷинсҳои кӯҳӣ гуфта мешавад. 

Аз рӯи суръат эрозияро ба одиву маъмулӣ ва сураътдодашудаву бошитоб ҷудо мекунанд. Эрозияи маъмуливу одӣ метавонад ҳамеша дар сурати шоридани ҳар гуна моддаҳо ба вуҷуд ояд. Он хеле ба оҳистагӣ ва номаълум рух медиҳад, метавонад эҳсос нашавад. Аммо эрозияи бошитоб зудтар сурат мегирад ва боиси заволу таназзули хок мешавад ва релйефро ба шиддат дигаргун мекунад.

 Аз рӯи сабабҳо эрозия ба маъмуливу одӣ ва антропогенӣ тақсим мешавад. Эрозияи антропогенӣ на ҳамеша бошитоб сурат мегирад. Равандҳои эрозия дар дар ҳама нукоти Замин дар шароитҳои иқлими гумидӣ паҳн шудааст. 

Бодлес ё эрозия дар натиҷаи таъсирҳои муваққатӣ ва ҳамешагиву доимии ҷараёни об (боронҳои селовар, яхҳои обшуда ва ғ.) ба вуҷуд меояд. 

Эрозияи борониву қатраӣ – ин хароб шудани хок бар асари зарбаҳои қатраҳои борон аст. Унсурҳои сохтории хок (кулӯхчаҳо) зери таъсири энергияи кинетикии қатраҳои борон (энергияи алоқаманд бо афзоиши суръати қатра дар баробари наздик шудани он ба замин) вайрон мешаванд ва ба атроф пош мехӯранд. Ҳар қатраи расида ба суръати пошхӯриву ҳаракати он ба атроф суръат зам мекунад. Ин намуди эрозияи обӣ дар минтақаҳои намноки тропикӣ ва субтропикӣ бештар мушоҳида мешавад.

Эрозияи сатҳӣ. Ин он намуди эрозия аст, ки баробари шуста шудани маводҳо аз нишебиҳо боиси ҷойивазкунӣ мешавад. Дар оғоз чунин ба назар мерасад, ки ин раванд баробар бо ҳаракати пурраи ҷараёни об сурат мегирад, аммо дар асл он бар асари шабакаҳои басо хурди ҷараёнҳои муваққатии об ба вуҷуд меояд. 

Эрозияи хаттӣ. Ба фарқ аз намудҳои дигар эрозияи хаттӣ дар қитъаҳои начандон бузурги хок ба вуҷуд меояд ва боиси аз ҳам ҷудошавии қисмати болоии хок ва шаклҳои гуногуни эрозия (обкандаҳо, дараҳо, ҷариҳову сойҳо ва водиҳо) мешавад. Эрозияи дарёиро низ ба ҳамин гурӯҳ дохил мекунанд.


Эрозияи умқӣ (қаърӣ) – вайроншавии қаъри ҷараёни об. 

Паҳлуӣ – вайроншавии соҳилҳо.

Таъсири кимиёвии қисмати болоии об, ки оби дарёҳо низ ба он дохиланд, хеле кам аст. Сабаби аслии бодлес ё эрозия таъсири механикӣ ба ҷинсҳои кӯҳии обҳо ва шикастапораҳое мебошад, ки об аз ҷинсҳои қаблан вайроншуда меорад. Мавҷудияти зиёди шикастапораҳо дар об сабаби афзоиши эрозия мешавад. Ҳар андоза, ки суръати ҷараён зиёд бошад, шикастапораҳои бузургҳаҷм оварда мешаванд ва равандҳои фарсоиш ба шиддат сурат мегиранд. 

Омили ҳалкунандаи устувории замин ва ҳимояи хок аз ҳама намудҳои эрозия ин рустаниву долу дарахтон мебошанд. Дарахт ва буттаҳо басо пурсамар замин ва хокро аз фарсуда шудан нигоҳ медоранд. Аз ин рӯ, омилҳои техногение чун урён кардани хок, қитъаҳои замин, роҳандозии корҳои таҳрангмолӣ ҳангоми корҳои сохтмон, коркарди маъданҳо ва ғайрараванди эрозияро метезонад.  Ҷангалзудоӣ низ як сабаби тезонидани равандҳои эрозӣ дар он қитъаҳо ба шумор меравад.


Таҳияи Б. Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Сентябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту