
ИҚЛИМИ ГУМИДӢ (лот. humidus — намӣ) — иқлими сернам, пурнам, мартуб ё нанмнок.
Иқлиме, ки намии бештар дорад ва дар он шумори боришоти атмосферӣ зиёд аст ва он намӣ ҳангоми бухор вориди хок мешавад. Ин боиси рушди эрозия дар табиати он макон мегардад. Дар ин гуна иқлим маъмулан рустаниҳои намидӯст хуб нашъунамо мекунанд.
Ва боз: як навъи иқлим дар минтақаҳое мебошад, ки рутубати зиёдатӣ дорад, ки дар он миқдори боришот аз бухоршавӣ ва ҷорӣ шудан ба хок зиёдтар аст. Ин маҷрои фаровони рӯизаминии дарёҳо ва дарёҳоро ба вуҷуд меорад, ки ба ташаккули релефҳои эрозиявӣ, шабакаи зичи гидрографӣ ва шукуфоии шаклҳои намӣ дӯстдоштаи растаниҳо мусоидат мекунад.
Истилоҳи “иқлими гумидӣ ё мартуб” бори аввал аз ҷониби Албрехт Пенк ҳангоми таҳияи таснифоти геморфологии иқлимҳо ба кор бурда шуда буд.
Донишмандон то кунун ду навъи иқлими гумидиро мушаххас кардаанд: қутбӣ ва тропикӣ.
Кист Албрехт Пенк?
АЛБРЕХТ ПЕНК (олм. Albrecht Penck) – ҷуғрофидон ва заминшиноси олмонӣ, ки солҳои 1858 – 1945 зистааст. Профессори Донишгоҳи Вена, профессори Донишгоҳи “Фридрих-Вилгелм дар Берлин буд. Ҳамсараш Ида Ҳангҳофер-хоҳари нависандаи машҳури боварӣ Людвиг Ҳангҳофер буд. Ҷуғрофидон ва геоморфологи машҳури олмонӣ Валтер Пенк писари ӯст.
Пенк тамоми умр бештар геоморфология ва иқлимшиносиро омӯхтаву таҳқиқоти басо арзишманде аз худ мерос гузоштааст. Донишманди соҳибмактаб дар соҳаи худ аст. Тӯли умр дар экспедитсияҳои илмии кӯҳҳои Испания, Марокаши шимолӣ, Канада, Австралия, Чин, Ҷопон ва як қатор давлатҳову минтақаҳои дигар ширкат кардааст. Гидрогиографияи Дунайро ҳам ӯ омӯхтааст. Ба давраҳои ҷудо кардани давраи яхбандии бузург маҳз пешниҳоди ӯ буд.
|
 |
Ҷуғрофидонҳои машҳури сербистонӣ Йован Свиич, ҷопонӣ Наомаса Ямазаки, фаронсавӣ Эммануэл де Мартон, геоморфологи булғорӣ Жеко Радев ва ҷуғрофи австриягӣ Фритс Махачек шогирдону пайравони мактаби ӯянд.
Таҳияи Б. Шафеъ