preloader

интизор шавед...

Чаро тӯфонҳо шадидтар ва хатарноктар шудаанд?

  • 07-июл-2024
  • 178 дидани саҳифа

Донишмандон тӯфони “Берилл”-ро як ҳушдори аввалия дар мавриди тағйироти обу ҳаво медонанд ва мегӯянд пештар ҳаргиз ин гуна иттифоқоте пеш наёмада буд.

Соли 2024 тӯфонҳо дар қораи Атлантик хеле пештар аз вақтҳои маъмулӣ оғоз шуданд. Олимоне, ки вазъро таҳқиқ мекунанд, иброз доштанд, ки пештар ин ҳолат рух надода буд. Дар ин бора ахиран муҳаққиқи тӯфонҳо аз Донишгоҳи Майама Брайен Макнолди навишт.  

Муҳимтарин ҳодиса вуқуъи тӯфони “Берилл” буд, ки ба далели пурқудрат будан дараҷаи панҷро соҳиб шуд. Ин рӯйдод барои ин фасли сол собиқа надошт, зеро маъмулан шадидтарин тӯфонҳо дар қораи Атлантик дар моҳҳои август ва сентяб рух медиҳанд. Ин замонест, ки ҳарорат дар уқёнус ба ҳадди баландтарини худ мерасад.  

Қарори маълум тӯфонҳо замоне рух медиҳанд, ки бодҳо намии бухоршударо аз сатҳи уқёнус ба ҳаво боло мекунанд. Ин намӣ дар абрҳо ҷамъ мешавад ва гармии уқёнус ба он энергияи иловагӣ медиҳад, ки ба афзоиши тӯфон кӯмак мекунад. 

Макнолди навишт, ки вазъ беназир аст ва ин метавонад ба наздик шудани Ла-Ниня ва ҳарорати ба таври ғайримуқаррарии баланди уқёнус, ки ба нимаи моҳи сентябр хос аст, алоқаманд бошад. Хамаи ин барои ба вучуд омадани сиклонхои тропикй шароит фароҳам овард.   

ЛА НИНЯ чист?

Ла Ниня як падидаи уқёнусӣ ва атмосферӣ аст, мушобеҳ ба Эл-Ниюст, вале сардтар аз он аст. Калимаи La Niña аз забони испаниёӣ ба маънои “духтар” аст, баръакси калимаи El Niño, ки ба маънои “писар” аст. 

Ҳангоми La Niña ҳарорати сатҳи баҳр дар шарқи экватории марказии уқёнуси Ором аз 3 то 5 ° C (5,4 то 9 ° F) аз меъёр пасттар мешавад. Зуҳури Ла Ниня аксар вақт зиёда аз панҷ моҳ давом мекунад. Эл Нино ва Ла Нина метавонанд нишондиҳандаҳои тағирёбии обу ҳаво дар саросари ҷаҳон бошанд. Тӯфонҳои Атлантик ва Уқёнуси Ором метавонанд аз сабаби паст ё баланд будани шамол ва ҳарорати паст ё баландтари сатҳи баҳр хусусиятҳои гуногун дошта бошанд.  

Брайен Макнолди мегӯяд дар ҳавзаи Кариб муддати 120 соли охир ин гуна тӯфони шадид рух надода буд. Охирин бор муҳаққиқон шадидтарин ва харобкортарин тӯфонро дар ин ҳавза соли 1899 сабт карда буданд.  

Макнолди ҳамчунин изҳор дошт, ки тӯфони “Берилл” алакай хисороти зиёде ба сокинони Гренада, Ямайка ва ҷазираҳои Кайман расонд. Бод дар дохили тӯфон ба суръати 265 ким/соат вазид, ки ин 73 метр дар як сония мебошад. 

Сарвазири Гренада Дикон Митчел хабар дод, ки ин тӯфон зарфи ҳамагӣ ним соат кулли иншооти ҷазираро хароб кард ва ба кишоварзӣ зарари ҷуброннопазир расонд.  


ЧАРО ИН ҲОЛ РУХ ДОДАСТ? ДАЛЕЛИ ИЛМИИ ОН ЧИСТ?

Мутахассисон мегӯянд боло рафтани бесобиқаи ҳарорати оби баҳру уқёнусҳо то ҳадде дар ин тағйир таъсир расондааст. Далели дигар тағйири обуҳаво дар минтақа мебошад. 

Ҳарчанд то кунун далели қотеъи имлии он ки тағйири иқлим боиси таъсир ба тӯфонҳову чархандҳо шудааст, вуҷуд надорад, аммо ин тағйирот дар эҷоди тӯфонҳои бисёр пурқудрат дохил аст ва ҳамин тавр муҷиби боришҳои зиёду пуршиддат мешавад. 


ИМСОЛ 7 ТӮФОНИ АЗИМ ДАР ПЕГӮӢ ШУДААСТ


Номҳои тӯфонҳое, ки имсол дар уқёнуси Атлантик рух медиҳанд, инҳоянд: Алберто, Берил, Крис, Дебби, Эрнесто, Франсин, Гордон, Ҳелен, Исҳоқ, Ҷойс, Кирк, Лесли, Милтон, Надин, Оскар, Пэтти, Рафаэл, Сара, Тони, Валери ва Вилям. Ин номҳо аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии ҳавошиносӣ муайян карда шудаанд. Ҳадаф он аст, ки сокинон аз қабл омода шаванд ва донанд, ки дар сурати шадид омадани тӯфонҳо чӣ бояд кунанд.  

Сабаби ҳар яке аз ин тӯфонҳоро алҳол наметавон дақиқ гуфт, ҳамчунин қудрати вайронгарии онҳоро низ наметавон дуруст тахмин кард. Аммо дар паси ҳар яке аз ин пешгӯиҳо ду омили асосӣ вуҷуд дорад.

Омили аввал ин табдили эҳтимолии падидаи иқлими Эл Нино ба Эл Нино дар моҳҳои оянда мебошад.  


Дуюм, ҳарорати оби рӯи баҳр дар минтақаҳои асосӣ, ки дар уқёнуси тропикии Атлантик боиси рух додани тӯфонҳо хоҳад шуд. Ва ин ҳарорати баландтар одатан маънои тӯфонҳои пурқувватро дорад, зеро оби гармтар барои суръат бахшидан ба тӯфонҳои ба ғарб ҳаракаткунанда энергияи бештар медиҳад.

Кен Грэм, мудири Хадамоти миллии обу ҳавои Иёлоти Муттаҳида, гуфт: "Дар ин шароит тамоми маводи лозим барои эҷоди фасли тӯфони шадид муҳайёст”. 

Таҳқиқоти ахир анҷомшуда таваҷҷуҳро ба таъсири гармоиши дамои ҳавои кураи Замин ба шиддат гирифтани тӯфонҳо ҷалб мекунад ва донишмандон инро баррасӣ мекунанд, ки гарм шудани ҳаво оё ин шароитро ҳам ба вуҷуд меорад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди тӯфонҳои дараҷаи шаш шавад. 

Майкл Веҳнер, нависандаи аршади ин пажӯҳиш, ки аз ҷумлаи донишмандони Озмоишгоҳи Беркли аст, мегӯяд: “Ин ҳушдор барои мардум аст, то бидонанд, ки тӯфонҳои тропикӣ, ки мо шоҳиди он ҳастем, бесобиқаанд ва сабабаш гарм шудани оби сатҳи уқёнус ва дар натиҷаи тағйирёбии иклим аст».

Таснифи тӯфонҳо танҳо аз рӯи суръати шамол муайян карда мешавад. Аммо тавре олимон ҳушдор медиҳанд, ин тӯфонҳо инчунин хатарҳои дигарро ба бор меоранд, аз ҷумла боронҳои шадид ва обхезӣ дар минтақаҳои соҳилӣ, ки ҳарду ба тағирёбии иқлим вобастаанд. 


Таҳияи Б.Шафеъ


Манбаъ: ВВС форсӣ, РИА Новости, “Известия“Наука и жизнь”

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту