preloader

интизор шавед...

Рӯзи покиву назофат дар Институт

  • 13-июл-2024
  • 193 дидани саҳифа

Кормандони Инстути геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо роҳандозии ҳашар як рӯзи дигари покиву назофатро пушти сар гузоштанд.

Дар ин рӯз онҳо гирду атрофи бинои Институтро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо тоза карданд, бехи дарахтонро нарм карданд, ҷӯйборҳое, ки сабзазори атрофи биноро шодоб мекунанд, аз ҳар гуна селовардаҳо тоза карданд, то об бе мамониат вориди мазрааи сабз шавад ва дарахтону гиёҳон бар асари гармои тоқатфарсо хушк нашаванд.

Онҳо ҳамчуни алафҳои арсидаро дарав карданд ва аз майдон берун бурданд.

Гуфтанист, ки дар Институт баргузории рӯзҳои назофату покӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва ҳар сари чанд вақт кормандон барои тозаву озода нигоҳ доштани бино ва атрофи он рӯзҳои истироҳат ҷамъ меоянд ва даст ба поккориҳо мезананд. 


Расул Каримов

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Апрель 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту