Зинаи баъдии таҳаввулоти “одами аввалин” намояндаи нахустини оилаи Homo - одами бомаҳорат (Homo habilis) буд. Нависандаи фаронсавӣ Ж. Ронии калонӣ дар румони худ “Мубориза барои оташ” мулоқоти аввалини қаҳрамонаш Нао (одами муосир)-ро бо “паканаҳои зардина” чунин тасвир мекунад:
«Чӣ мардуми хурдакаке! Калонҷуссатарини онҳо ба синаи Нао баробар меомаданд! Сари онҳо гирд, рӯяшон секунҷа, ранги пӯсташон аҳмарӣ. Писари Леопард ба онҳо бо тааҷҷуб менигарист. Агар чеҳраи пир, ришуфашие, ки рӯяшонро пӯшидааст ва силоҳи дасташон намебуд, вай онҳоро кӯдак мепиндошт”. «Паканаҳои зардина” ба арзёбиҳои олимона дар мавриди Homo habilis комилан мувофиқ аст.
Соли 1960 инсоншиноси (антрополог) инглис Луис Лики дар дараи Олдовай (Танзания) дар назди ҷасади “одами моҳир” қадимитарин силоҳе, ки инсон ихтироъ кардааст, пайдо кард. Ин силоҳ санги кунҷаш пачақкардашуда ва каме нӯгтез буд. (Дар табиат чунин сангҳо вонамехӯранд). Олимон тахмин мекунанд, ки ин силоҳ наздик ба 2,5 миллион сол пеш сохта шудааст!
Инсон кашфиёти нав кард, силоҳи кор сохт ва ин силоҳ худи инсонро дигаргун кард. Масалан, истифодаи оташ имкон дод, ки косахонаи сари инсон тағйир ёбад ва ба ҳадди ниҳоӣ дар вазн хурд шавад. Таоме, ки дар оташ тайёр карда мешуд, дар қиёс ба ғизои хом зӯр додан ба мушкҳоро талаб намекард. Қабилаҳое, ки силоҳи пешрафтатар ва муҷаҳҳазтар сохта метавонистанд, бар қабилаҳои заъиф ҳамеша пирӯз меомаданд, онҳоро танг мекарданд ва макони будубошашонро ишғол менамуданд. Силоҳҳои пешрафта ҳамзамон муносибатҳои байниҳамдигарии қабилаҳоро ба мушкил рӯбарӯ мекард ва талаб мекард, ки мағзашон рушд ёбад, бештар эҷод кунанд, то бар қабилаи ҳариф тавонанд муқовимат карда.
Мағзи маймун ва одам (аз чап ба рост) гиббон, шимпанзе, горилла, одам.
Силоҳҳои шағалии “одами моҳир” тадриҷан ба теғасанги дастӣ табдил шуд (сангҳое, ки аз ду тараф соидаву нӯгтез) ва баъдан белчаҳо ва ғилофакҳо ҳам пайдо шуданд.
Шохаи дигари таҳаввулоти ҷинси Homo, ки тибқи арзёбии биологҳо болотар аз “одами моҳир” қарор дошт, одами ростшуда (Homo erectus) буд. Ба ин намуд птекантропа (калимаи лотинӣ, ки маънояш “маймунодам” аст), синантропа (“одами чинӣ” – ҷасади он дар қаламрави Чин ёфт шуд) ва баъзе зергурӯҳҳои дигар дохил мешаванд. Онҳоро бештар вақт маймунодамҳо меноманд. «Одами ростшуда” дигар аз воҳима чун дигар ҳайвонҳо аз оташ фирор намекард, сангҳоро ба манфиати худ истифода мекард, сари хушкидаи ғизолҳоро чун зарф истифода мебурд. “Одами моҳир” пӯсти ҳайвонҳои куштаи худро чун либос истифода мекард. Дасти рости ӯ назар ба дасти чапаш нисбатан рушдёфтатар буд. Аз дур метавонистӣ ӯро чун одами муосир қабул кунӣ.
Ва ниҳоят, намуди одамоне, ки ҳоло дар рӯйи замин ҳаёт ба сар мебаранд – одами боақлу бохирад (Homo sapiens). Биологҳо онҳоро ба ду зергурӯҳ ҷудо мекунанд. Камтар рушдёфтаҳо, ки ҳоло мурдаанд ва одами бохиради неандерталӣ, ки баргирифта аз водии Неандертали Олмон аст, ки соли 1856 боқимондаҳои ин гуна одамонро дар он ҷо ёфта буданд. 100 ҳазор сол пеш аз ин неандерталиҳо АвруОсиё ва Африқоро пурра фаро гирифта буданд. Қади онҳо пасттар аз қади одамони ин замон (наздик ба 150 см) буд. Донишмандон бар ин назаранд, ки одамони имрӯза аз насли неандерталҳо нестанд. Охирин сулолаи неандерталҳо 28 ҳазор сол пеш аз ин дар миёни одамони монанд ба имрӯзиён зистаанд ва ба эҳтимоли зиёд аз ҷониби онҳо нобуд карда шудаанд. Дар бораи неандерталҳо ва одамони насли аввали шакли имрӯз (ин зергурӯҳро олимон одами оқили оқил меноманд) мақолоти зиёде чоп шудаанд ва мухтасартару фишурдатари онро метавон дар донишномаҳое, ки дар Тоҷикистон ва Русияву дигар кишварҳо чоп шудаанд, хонд.
Ғайр аз шохаҳои номбаршуда дар таҳаввулоти одам ҳамеша дуюмдараҷаҳо, “кӯрон”, “кундзеҳнҳо” дар шохаронии рушди таҳаввулотӣ низ будаанд. Масалан, маймунҳои азимҷуссаи одамшакл (мегантроп ва гигантопитекҳо)-ро метавон мисол овард. Мулоқот бо онҳоро Ронии калонӣ дар асараш ин гуна тасвир мекунад: “Дар марғзор аз торикии хира махлуқи пурқувват ва азимҷусса берун ҷаст. Касе наметавонист бигӯяд, ки оё он мисли ҳайвон бо чор пой ҳаракат мекард ва ё мисли одамон ва парандагон бо ду пой. Рӯяш хеле бузург буд, манаҳаш чун манаҳи кафтор, косахонаи сараш пачақшуда, қафаси синааш азиму бузург чун қафаси синаи шер...Нао аз нерӯи онҳо, ки метавон танҳо ба нерӯи хирс қиёс кард, ба шавқ омад ва андешид, ки агар инҳо хоҳанд ё мехостанд ин ҳама паканаҳо, кзаммҳову уламрҳоро нобуд мекарданд....” (Кзаммҳо – нависанда неандерталҳоро чунин меномад; уламрҳо – қабилаи одамони муосир, ки романи ӯ ба онҳо бахшида шудааст).
Нависанда мегӯяд, ки ин махлуқот “танҳо рустанӣ мехӯрданд, аммо интихобашон нисбат ба интихоби гавазнҳо ва говҳои ваҳшӣ маҳдуд буд, аз ин рӯ дар ҷустуҷӯи ғизо вақти зиёдашонро талаф медоданд ва мебоист хеле ботаваҷҷуҳ мебуданд”.
Бояд гуфт, ки ғизои гӯштӣ дар инкишофи шууури инсонӣ нақши муҳим бозид. Ҳаёти маймунҳои одамсурат, ки рустанӣ истеъмол мекарданд (ба мисли гориллаҳо) пурра сарфи ҷусуҷӯи ғизо мешуд. барои он ки горилла сер шавад, бояд хеле зиёд алаф хӯрад. Ва ин ҳайвонҳо дар талоши ғизо рӯзашонро ба шаб меоранд. Ғизои гӯштӣ бошад дар қиёс ба гиёҳҳо вақти камтар мегирад ва ҳайвоноти гӯштхӯр “вақти зиёди холӣ” доштанд.
Яке аз натиҷаҳои (метавон гуфт ғамангези) гӯштро афзал донистани инсон ин одамхӯрӣ (каннибализм) дар тӯли таърихи башарӣ буд. Бостоншиносон дар маскани “одами бохирад” дар ҷазираи Ява 11 косахонаи шикастаи сареро пайдо карданд, ки ба намояндагони “одами ростшуда” мансуб буд. Ин шаҳодани одамхӯрист. Маълум мешавад, ки муносибат миёни намудҳои мухталиф насли Homo дар ҳамин поя қарор дошт. (Ва ин нукта низ зикр шавад, ки дар бисёр ҳолатҳо одамони қадим ҳамқавмони худро худро мехӯрданд, на қавмҳои дигари Homoро.)
Вале неандерталҳо, питекантропҳо ва намояндагони сулолаҳо ва зернамудҳои ин насл низ чандон бегуноҳ набуданд. Эҳтимол меравад мавҷудияти образи одамхӯрони жӯлидамӯйю пахмоқсар дар ҷангалзорон, ки дар фолклори бисёр халқҳои олам дида мешаванд, акси садои бисёр заъифи ҳамон гузаштаи дур мебошанд. Яъне миёни мардум тасаввуроти хира аз он замони қадим дар мавриди одамхӯрии одамони ибтидоӣ боқӣ мондааст.
Он чӣ гуфта шуд, назарияҳои илмии пайдоиши ҳаёт ва одам дар рӯи Замин буд. Дар ин росто назарҳои дигар ҳам ҳастанд, ки наметавонем аз онҳо ёд накунем.
Таҳияи Б.Шафеъ