preloader

интизор шавед...

Заминларзаҳои сунъӣ

  • 13-июл-2024
  • 112 дидани саҳифа

Тавре аз номаш пайдост, ба таври сунъӣ, масалан бар асари таркиши ба миқдори зиёди моддаҳои тарканда ва ё ҳангоми инфиҷори зеризаминии атомӣ (силоҳҳои тектоникӣ) сурат мегирад.

Масалан ҳангоми санҷиши бомби термоядроии Иттиҳоди Шӯравӣ дар таърихи 30 октябри соли 1961 як заминларзаи шадид ба вуҷуд омада буд.

Мисоли дигари заминларзаи сунъӣ зилзилаи Ҳоитӣ35 мебошад, ки 12-уми январи соли 2010 рух дод. Бино ба иттилои расмӣ қувваи он дар марказаш, 22 км ҷанубу ғарби пойтахти Ҳоитӣ шаҳри Порт-о Пренс 7 балл буд ва ин гуна такони сахт дар таърихи ин кишвар соли 1751 рух дода буд. Ин заминларза ҷони 222,5 ҳазор нафарро рабуд, 311 ҳазор нафар захмӣ шуданд, 869 нафар бенишон ғайб заданд ва беш аз 1 миллион нафар аз хона маҳрум шуданд. Ин заминларза аз рӯи талафоти ҷонӣ ва харобиҳо баъди зилзилаи Таншони Чин дар соли 1976, ки 655 нафар кушта шуда буданд, дуюмин такони пурфоҷеаи замин буд. 

Аз аввалин соатҳои ин рӯйдод ИМА неруҳои ҳарбии худро атрофи Ҳоитӣ мустақар кард ва вазъ ба ҳадде буд, ки ҳавопаймоҳо бо кумакҳои байналмилалӣ ба фурудгоҳи пойтахти Ҳоитӣ наметавонистанд фуруд оянд. Ин ҳолат вокуниши байналмилалиро ба бор овард ва бисёр кишварҳо, аз ҷумла Фаронса, Бразилия, Никарагуа ва Венесуэла бо нигаронӣ эълон карданд, ки ИМА бо ин баҳона Ҳоитиро “забт мекунад”. Бахусус вазири умури хориҷии Фаронса Ален Жуандэ чун изҳори назар намуд. Баъдан ҳам таҳлилгарон ҳамин назарияро иброз доштанд, ки ИМА аз усули таконҳои сунъӣ истифода мекунад ва заминҳои дигарро ғасб менамоя.

Аслан заминларзаҳои сунъиро “зилзилаҳои дастӣ ё ҳидоятшаванда” ҳам меноманд. Масалан 17-уми моҳи майи соли 1976 шаҳри Газлии Ӯзбекистон, ки як маркази бузургтарини истихроҷи газ ба шумор меравад, дар як заминларзаи 9-балӣ комилан хароб шуд. Аммо огоҳии сейсмологҳо буд, ки аз қурбониҳои бештар пешгирӣ шавад. 


Таҳияи Б.Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Сентябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту