preloader

интизор шавед...

Рекорди гармӣ сабаби марги ним миллион одам мешавад. Донишмандон чӣ мегӯянд?

  • 27-июл-2024
  • 137 дидани саҳифа

Донишмандон мегӯянд ҳоле ки башар имрӯз аз гармо дорад, соли 2024-ро метавонад дар рейтинги гармтарин соли Сайёра қарор диҳад. Зарфи чанд рӯзи охир олам се рӯзи гармтарини сол дар таърихи муосирро пушти сар гузошт.

Аз ин гармои шадид одамон дар гӯшаву канори сайёра ҷони худро аз даст медиҳанд. СММ дар бораи як “ҳамагирии” калонмиқёс ҳушдор медиҳад. Обуҳавошиносон бошанд, бонги хатар мезананд, ки соли 2024 сарнавишти 9 мавриди ахирро такрор хоҳад кард, ки доғтарин дар таърихи башарият будааст. 

Гормоиши шадиди ҷаҳонӣ, ки ба дасти одам анҷом мешавад ҳатто замоне, ки Эл Нино, падидае, ки сатҳи уқёнуси Оромро гарм мекунад, бо Ла Ниня, падидаи муқобил, ки ҳарорати ҷаҳонро муваққатан паст мекунад, ҷойгузин мешавад. 

ЧАРО ТӮФОНҲО ШАДИДТАР ВА ХАТАРНОКТАР ШУДААНД? 

 Ахиран дабри кулли СММ Антонио Гуттериш гуфт, ки буҳрони обу ҳаво мушкилоти умумибашарист. “Замин беш аз пеш ба шиддат гарм мешавад ва ҳатто барои инсонҳо дар ҳама гӯшаву канори олам хатарноктар мегардад”. 

Антонио Гуттериш ба ҳамагон, қабл аз ҳама ба сарварони кишварҳои қудратманд муроҷиат кард, ки барномаҳои мубориза бо тағйири ҷаҳонии иқлимро зудтар рӯи даст гиранд.  

Дабри кулли СММ гармои шадидро “эпидемия”-и нав номид ва гуфт алакай он мустақим ба ҳаёти миллиардҳо нафар сокинони сайёра таъсир дорад. Дамои ҳаво ҳамакнун аз марзи 50°С мегузарад ва шароитеро ба вуҷуд меорад, ки зисту зиндагӣ барои инсон мушкил мешавад.  

Аз гармои шадиди охири моҳи июл беш аз 70% кормандон дар саросари олам, ки ҳудудан 2,5 миллиард нафаранд, ҷабр мебинанд. Дар ин бора Маърӯзаи Созмони ҷаҳонии кор, ки ба тозагӣ интишор ёфт, маълумот додааст. Олимон мегӯянд чун ҳарорати ҳаво аз 34оС боло мешавад, маҳсулнокии меҳнат ду баробар поён меравад. Зарари иқтисодии болоравии дамои ҳаво меафзояд. Ва СММ ин зарари иқтисодиро то соли 2030 2,4 трилион доллар ҳадс задааст. Дар ҳоле ки солҳои 1990 ин зарар 10 баробар камтар буд. 

 СММ ҳамчунин мегӯяд бар асари гармо ҳамасола дар олам ним миллион одам ҷони худро аз даст медиҳад, ки ин 30 баробар бештар аз марги инсонҳо дар тӯфонҳои харобкори тропикист. Антонио Гутерриш дар маърӯзаи худ ёдовар шуд, ки “Қобили дарк аст, ки гармои тобистон чун олам қадимист. Вале гармои шадид бештар мешавад ва фарогиру идомадор, ки ин хатарнок аст. Ин гуна гармӣ миёни саноатро мешиканад, қобилияти истеҳсолии инсонро барҳам мезанад ва одамонро ба ҳалокат мерасонад”.  

 Пирсолон ва занони ҳомила аз ҷумлаи касоне ҳастанд, ки ба гармо зиёдтар осебпазиранд. Ҷомеаро мебояд дар чунин ҳолатҳо дар ҳақи онҳо бештар ғамхорӣ кунад. 

Бар асоси кулли маълумоти пажӯҳишии ироашуда ва оморҳои марказҳои маъъруфти таҳқиқотӣ гармии замин дар ҳоли шитоб гирифтан аст. Пойгоҳҳои илмиву таҳқиқотие чун NASA ва Маркази иқлимии Коперник дар Иттиҳодияи Аврупо нишон додаанд, ки ҳар як аз 13 моҳи гузашта гармтар аз ҳар моҳи мушобеҳест, ки пештар сабт шуда будааст. 

Илова бар ин, дар давоми 12 моҳи охир, ҳарорат дар сайёра аз сатҳи пеш аз саноатӣ, ки солҳои 1850-1900 буд, бештар аз 1,5 ° C гармтар шудааст. Ҳадди меъёр шартӣ аст, аммо маҳз ҳамон чизест, ки тақрибан ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ҳангоми имзои Созишномаи Порис дар мавриди мубориза бо тағирёбии иқлим дар соли 2015 имзо карданд ва талош доранд онро нигоҳ доранд. 

ҲЕЧ ЗАМОНЕ ЧУНИН НАБУДААСТ 

Аммо таърих гувоҳ аст, ки ҳолати имрӯзаи гармоиши иқлимро Сайёра тӯли садҳо ҳазор сол надидааст. Мисол моҳи июл.  

21 июли соли 2024 ҳарорати миёнаи қисмати болоии Замин ба нишондиҳандаи рекордӣ расид. Ва он муддати як рӯз ин нишондиҳандаро нигоҳ дошт, танҳои рӯзи 22 июл тағйир ёфт. Рӯзи 22 июл сайёра то ба ҳадди 17,16оС гарм шуд. Рӯзи 23 июл ин гармӣ нишондиҳандаи гармтарин рӯзи июли соли 2023-ро, ки 6 июл буд, гузашт.  

Карло Буонтемпо – сарвари Маркази Коперник гуфтааст, ки “ман таҳти таъсири дамои 13 моҳи охир ҳастам, ки бо итминон тамоми рекордҳои қаблиро шикастааст. Мо вориди қаламрави ношинохта шудаем, ҷойе, ки мутмаинан дар моҳҳо ва солҳои оянда шигифтиҳову сюрпризҳои ҷадиде дар интизори мо хаҳад дошт”.  

Донишмандон тахмин мекунанд, ки ҳатто агар рӯзҳои баъдии моҳи июл назар ба солҳои пеш сардтар пушти сар шаванд ҳам, дар маҷмуъ соли 2024 95% эҳтимоли соҳиб шудан ба мақоми гармтарин солро дорад.  


Манбаъ: РИА Новости, ВВС

Таҳияи Б.Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту