preloader

интизор шавед...

Кашфи изи дарёҳое дар Антарктида бо дарозии 1500 километр

  • 28-июл-2024
  • 127 дидани саҳифа

Дар даврони эосен 44-34 миллион сол пеш аз ин қисмати бештари Антарктида яхпӯш намуд. Як манзараи тасаввурношуданӣ барои имрӯзиён дар ин минтақа ҳоким шуда буд. Бахусус системаи густардаи саршор аз дарёҳои хурду бузург, ки ҳоло ҳамаи онҳо зери ях мондаанд.

Донишмандони донишгоҳи Бременски Олмон ахиран усули басо содаи муайян намудани рӯдхонаҳои гумшудаи Антарктидаро кашф кардаанд. Онҳо бо истифода аз як киштии яхшикан таҳшинҳои атрофи соҳилро парма карданд ва таркиби яхро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор доданд. 

Пӯшида нест, ки 40 миллион сол пеш Замин назар ба имрӯз ҳам гарм буд. Вале он замон ин фарқ дар Антарктида мушоҳидашаванда буд. Ҷараёни пурқудрати уқёнус оби гармро аз экватор ба Қутби Ҷануб интиқол медод ва ин об қораро гарм мекард. Дар Антарктида ҷангалзорон пайдову сабз шуданд боронҳо бориданд ва дарёҳоро сероб карданд. 

Аммо барои олимони имрӯз хеле мушкил аст муайян кунанд, ки ин дарёҳо маҳз дар куҷо ва кадом қисмати қора ҷойгир шуда буданд ва аз куҷо то куҷо шитоб доштанд. Тӯли ин миллионҳо соли гузашта манзараи Антарктидаро ҳам ба шиддат дигаргун кард ва рӯдхонаҳое, ки бо ҷараёну мавҷи хурӯшони худ, атрофро зебогии дигар мебахшиданд, кайҳо аз байн рафтаанд.

Муаллифони таҳқиқоти нав дар баҳри Амундсен таҳшинҳоеро кашф карданд, ки ғафсии онҳо 17-24 метр буд ва аз маъданҳое иборат, ки ба маъданҳои Антарктидаи Ғарбии наздик мувофиқат намекунанд. Аммо онҳо дар Кӯҳистони саросарии Антарктида, ки қисмати шарқиро аз ғарбӣ аз ҳам ҷудо мекунанд, дида шудаанд.  

Ин кӯҳҳо дар тамоми қитъа тӯл кашида, бо хати росте, ки аз Қутби Ҷанубй то баҳри Амундсен мегузарад, бурида мешаванд. Барои он ки маъданҳо дар Эосен ба он ҷо расанд, онҳо бояд аз дарёе, ки дарозиаш камаш 1500 километр аст, оварда мешуданд.

 Science Advances гузориш медиҳад, ки шикастапораҳо дар делтои ботлоқии рӯдхона ҷо мегирифтанд.

Донишмандон мегӯянд: “Вуҷуди чунин системаи рӯдхонаии байниқораӣ нишон медиҳад, ки бар хилофи имрӯз қисмати азими ғарби Қутби Ҷануб бояд болои сатҳи дарё ба унвони даштҳои соҳилии васеъ ва ҳамвор қарор дошта бошад”.

 Тадқиқоте монанди ин кумак мекунад, то беҳтар бифаҳмем, ки Қутби Ҷануб агар аз ях озод мешуд, чӣ шакле ба худ мегирифт.

Пеш аз ин гузориш шуда буд, ки як пиряхи табиии “ҷаҳанда” дар Антрактида ёфт шудааст. Ва он рӯзе 6-8 сантимерт ва ё ду бор дар як шабонарӯз ҳаракат мекунад. 


Манбаъ: https://mir24.tv/

  1. Еотсен (анг. Eocene) - аз давраҳои геологӣ аст, ки ба 56 миллион сол то 33,9 миллион сол пеш гуфта мешавад. Дар ин давра обу ҳавои Замин ба таври чашмгире гарм будааст.

Таҳияи Б.Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту