preloader

интизор шавед...

Бархӯрди ҷирмҳои осмонӣ ба Замин

  • 28-июл-2024
  • 113 дидани саҳифа

Ин гуна ҳодисаҳоро таърих зиёд дар хотир дорад. Ҳатто олимон ахиран исбот кардаанд, ки 65 миллион сол пеш аз ин динозаврҳо бар асари бархӯрди комета ба Замин нобуд шудаанд.

 Комета чист? Комета (аз юнонӣ: κομήτης, ситораи думдор) ҷирмҳои манзумаи хуршедӣ, ки зоҳиран объектҳои туманшакл буда, ядрои мунир ва дум доранд. Кометаҳо ба Офтоб дар масофи 4-5 вохиди астраномӣ (600-750 млн км) наздик шуда, аз нурҳои он гарм мешавад ва аз худ газу губор хориҷ мекунад. Ин газу ғубор атрофи ядроро чун парда фаро мегирад, ки онро баъзан кома меноманд ва он якҷоя бо ядро сари Кометаҳоро ташкил медиҳад (Донишномаи озод).

Бино ба таҳқиқотҳои ахир макони ин зарбаи ҳалокатовар қаламрави Мексикаи имрӯза будааст. Он ҷо як танураи азиме бо қутри 180 км пайдо шудааст ва донишмандон мегӯянд, ин шояд кометае буд қутраш 10 километр. Зарбаи он шояд қувваи 100 тератонна дар эквиваленти тротил буд. Ин 2 миллион баробар камтар аз бомби термоядроӣ дар таърихи башар – Шоҳбомби Шӯравӣ мебошад.  

Ва ба ҳамин монанд ба Замин бархурдани шиҳобсангҳо, сайёракҳо ва дигар ҷирмҳои осмонӣ метавонад сабабгари такони шадид дар ҳамон минтақа бошад ва боиси харобиҳо ва талафоти ҷонӣ шавад. Ҳамасола аз наздик омадани ин ё он саёрак, шиҳобсанг ва кометаҳо ба мадори Замин хабарҳо пахш мешаванд. Вале таърихи солҳои охир ёд надорад, ки ин ҷирмҳо ба Замин расида бошад. Аммо дар гузашта, чуноне дар сарнавишти динозаврҳо олимон тахмин мезананд, ин гуна ҷирмҳои харобкор аз худ нишон ба ҷо гузоштаанд.

 

Таҳияи Б.Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Октябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту