preloader

интизор шавед...

Таъсири гармо ба уқёнусҳо

  • 04-авг-2024
  • 115 дидани саҳифа

Гармои тобистони имсол соле қабл набуд ва ин ҳақиқати маҳзро ҳама метавонанд тасдиқ кунанд. Дар Тоҷикистон шояд ҳеч соле дар як даҳсолаи охир ба мисли имсол набуд, ки тобистонаш аз селҳо фаровон бошад, борони шадидаш хонаву роҳҳоро хароб кунад. Дамои ҳаво дар баъзе манотиқ тобистони имсол аз 50 дараҷа боло рафт ва ин об шудани пиряхҳоро тезонд.

Моҳи июли соли гузашта дар саросари олам гармтарин моҳи сол буд. Аммо моҳи август натавонист ин рекордро шиканад, ба гуфтаи таҳлилгарон барои август як рӯзи гарми дигар лозим буд, ки аз рекорди июл гузарад, вале он рӯз фаро нарасид, дамои ҳаво батадриҷ ва хеле оҳиста поён рафт.

Бино ба маълумоти Расадхонаи обу ҳавои Copernicus, ки ВВС дар як мақола ба додаҳои он истинод мекунад, 1 августи соли 2023 ҳарорати миёнаи шабонарӯзии об дар уқёнусҳои олам то ба 20,96°C расид. Ин на танҳо аз рекорди гармои оби уқёнусҳо дар соли 2016 зиёд буд, балки гармтарин ҳарорат дар ин мавсим дониста шуд. Зеро маъмулан уқёнусҳои олам моҳи март гарм мешаванд ва маҳз моҳи марти соли 2016 баландтарин ҳарорати об дар уқёнусҳои олам ба ҳадди 20,95°C ба қайд гирифта шуда буд.   

Агар дар август дамо дар уқёнусҳо ба ин ҳад расад, пас оянда дар моҳи март чӣ ҳол пеш хоҳад омад? Ин хеле ташвишовар аст”, - гуфтааст пажӯҳишгари шинохта Саманта Берджесс аз маркази Коперник. 

Иқлими олам, ки аслан бо дастони инсон чунин тағйир меёбад, боис шудааст,ки ҳарорати миёнаи сатҳи баҳр дар сайёра аз нимаи моҳи апрел ба маротиб болотар бошад ва пӯшиши яхии уқёнус дар Қутби Шимол ва Қутби Ҷануб сареътар аз ҳадди маъмулӣ коҳиш ёбад.  

Ҳамаи ин қабл аз таъсири комили Эл-Ниню баланд шудани харорати обҳои рӯизаминй дар уқьёнуси Ором ба амал меояд.

 Эл-Ниню чист? Ин яке аз чархаҳои машҳури обу ҳавои ҷаҳон аст, ки ҳар 2 то 7 сол як бор боиси эҷоди ноҳинҷориҳои бузург дар обу ҳавои саросари сайёраи Замин мешавад. Аз ҷумлаи ин ноҳинҷориҳо метавон ба селобҳои ногаҳонӣ, хушксолӣ, қаҳтӣ ва эпидемияву пантемияҳо ишора кард.  

Профессор Майк Берроуз, ки баҳрро дар соҳилҳои Шотландия меомӯзад, мегӯяд суръати афзоиши дамо, ки хеле башиддат аст, касро метарсонад. 

Уқёнус барои иқлим ва боду ҳаво нақши муассир дорад, зеро 70 дарсади сайёраи Замин бо уқёнусҳо пӯшида шудааст ва 90% гармоиши ҷаҳонии даҳсолаҳои ахирро ҷазб кардааст.  

Ҳар қадр оби уқёнуси олам гарм бошад, ҳамон андоза вай қобилияти камтари фурӯ бурдани энергияи гармиро дорад ва ин бидуни шак ба дамо дар сайёра таъсир мерасонад.

Истилоҳи “Ваннаи гарм” то куҷо дуруст?

Уқёнуси гармшуда натанҳо атмосфераро тағйир медиҳад, на танҳо ба расиши бод, боришот, ҳаво таъсир дорад, балки метавонад ба экосистемаи қаъри об ҳам таъсири шадид расонад. 

“Вақте вориди об мешавӣ, ба гумонат, ки вориди ваннаи гарм шудаӣ, мегӯяд Кэтрин Леснески аз Раёсати миллии таҳқиқоти уқёнусии ИМА (NOAA).- Дар сахраҳои камумқи соҳилҳои Флорида марҷонҳо башиддат сафед мешаванд ва дида мешавад, ки бисёре аз онҳо алакай мурдаанд”. 

Сабаби ҳамаи ин барои донишмандон кайҳост, ки маълум аст: партоби газҳои гулхонаӣ боиси гармои шадид дар Сайёра мешавад. Уқёнусҳои муваққатан ин ин энержиро ҷазб мекунанд, вале он ҳеч куҷо нопадид намешавад. 

Донишмандон бар ин назаранд, ки ҳар қадаре, ки сӯзишвории истихроҷшаванда сӯзонда шавад, ҳамон андоза гармии зиёдатӣ аз ҷониби уқёнус ҷаббида мешавад. Ин маънои онро дорад, ки барои ба эътидол овардани он ва баргаштан ба ҳолати қаблӣ ба вақти бештар ниёз аст. Ва оянда метавонад бадтар аз ин шавад, чун ҳамасола ҷомеаи ҷаҳонӣ гармшавии бештари сайёраро мушоҳида мекунад. 

Додаҳои илмӣ ва хулосаи кулли пажӯҳишҳои ниҳодҳои таҳқиқотии олам ҳам ба ҳамин нукта таъкид мекунанд. Аз сӯи дигар донишмандон мегӯянд дар айни замон Эл-Ниню ба ҳама имкону қуввае дорад, аз худ дарак надодааст. Тибқи низоми маъмул он бештар наздик ба тирамоҳ худро ошкор мекунад ва ин қадами дигаре ба гармшавии Сайёра дар соли оянда хоҳад буд.  

Дар мавриди гармоиши шадид борҳо навиштаанд. Давлатҳо ва созмонҳо даҳҳо бор ҷаласаҳои бузурге созмон додаву кишварҳо уҳдадор шудаанд, ки барои коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ талош хоҳанд кард. Вале ин кори осону содае нест. Коҳиш додани партоби газҳои гулхонаи фавран натиҷа нахоҳад дод ва барои ин даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо лозим аст, ки олам ба ҳавои муътадил баргардад. 

Аммо имрӯз ҳам агар давлатҳо даст ба иқдомҳои ҷиддӣ назананд, фалокати мудҳише Сайёраи моро таҳдид хоҳад кард. 

Манбаъҳо: ВВС, Евронюс, ИТАР-ТАСС

Таҳияи Б.Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Октябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту