Субҳи 10 – уми июли соли 2021 дар Тоҷикистон замин шадидан такон хӯрд ва боиси харобиҳои зиёд дар маркази он 21-километрии шарқи ноҳияи Рашт ба бор овард. Панҷ нафар, ки 4 тани онҳо бачаҳои аз 4 то 14-сола буданд, ба ҳалокат расиданд. 16 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона интиқол дода шуданд. Фавран Комиссияи махсус ба фаъолият оғоз кард, то ҳаҷми хисороти расидаро омӯзад.
Ин заминларза такрори як таърихи фоҷеабор дар ҳамин минтақа аст. Субҳи 10-уми июли соли 1949 низ дар Ҳоит замин ларзидаву ҳазорон нафарро кушта ва деҳоти зиёдро ба хок яксон карда буд. Ёди қурбониён гиромӣ бод!
ЗИЛЗИЛА ШУД ДАР ҲОИТ....
Ин шояд як мисраъ аз шеъри мардумӣ буд, ки замоне шунида будам ё хонда. Ва мисраъҳои баъдии онро ёд надорам. Танҳо чизе дар хотирам аз зилзилаи Ҳоит нақш бастааст, он аст, ки миёнаҳо солҳои 80 бо талоши зумрае аз зиёиёни бедор аз фоҷеаи мудҳиш ёд шуд. Пештар касе аз он ёд намекард, ба ҷуз хонаводаҳои қурбониён, ки онҳо низ паҳну парешон дар ҳар гӯшаи хоки Тоҷикистон буданд...
Ёд дорам Ҳасан Манонов, директори корхонаи пахтатозакунии шаҳри Турсунзодаро, ки борҳо чун рӯзноманигор саодати ҳамсуҳбатӣ бо ишон доштам. Худро кӯдакони ятиммондаи зилзилаи Ҳоит меномид ва аксари касоне, ки дар ин корхона он шабу рӯз кор мекарданд, ҳамдиёрони ӯ буданд ва тақрибан ҳамаашон дар ин зилзила пайвандону азизонашонро аз даст дода. Худи Ҳасан Манонов бо ҷамъе аз бачаҳои ҳамсолаш саҳро рафта буд ва дар бозгашт хонаву кошонаи падариро валангор дидаву пайвандонро зери хок. Аз нақлаш танҳо ҳамин нукта ёдам мондааст, боқиро фаромӯш кардам.
Миёнаҳои солҳои 80-и асри гузашта талошҳое барои ёдоварӣ аз қурбониён шуда буд. Мақолаҳое ҳам нашр шуданд, ҳамоишҳои хурду реза ҳам барпо гаштанд. Вале боз ҳам ин рӯйдоди фоҷеабор наомӯхта монд. Ҳоло аз он рӯйдод даҳсолаҳо сипарӣ шуд. Субҳи рӯзи 10-уми июли соли 2021 дар ҳамон атроф замин такон хӯрд ва хонаҳоро валангор карду одамонро ҳалок кард.
Барои ошноии бештар бо заминларзаи Ҳоит дар соли 1948 шуморо ба мутолиаи нашри сеюми маҷаллаи илмии “Асарҳои Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология” даъват мекунем, ки маводҳои як Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба 70-солагии заминларзаи Ҳоитро гирд овардааст.
Ин маҷалла ин ҷост: “Асарҳои Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология”. Нашри 3.