
Кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин шанбе низ чун анъанаи қадим аз субҳ ба ҷойи кор ҳозир шуданд ва даст ба корҳои ободониву поксозӣ заданд.
Тобистони гарми имсол сабабгори он шуд, ки одамон ба киштзору рушди гиёҳону дарахтони атроф диққати бештар диҳанд.
Ин ҳафта ҳам барои кормандони Институт лозим омад баргҳои хазону алафҳои хушкидаро ҷамъ оранд, гирду атрофи биноро рӯбучин кунанд.
Бехи дарахтонро нарм, ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна хаспораву баргҳои хазон пок карданд, то обёрӣ осонтар шавад.
Лозим омад алафҳои худрӯи сари роҳу атрофи биноро баркананд ва ба ҳавлии Институт тозагиву покиро таъмин созанд.
Аксҳо баёнгари талошҳои рӯзи 10-уми августи соли 2024.
