preloader

интизор шавед...

"Рушди технология". Донишмандон дар бораи тамаддуни даврони яхбандӣ изҳори назар карданд. Аммо...

  • 10-авг-2024
  • 79 дидани саҳифа

Муҳаққиқон аз Индонезия даъво доранд, ки макони бостоншиносии Гунунг Паданг дар ғарби ҷазираи Ҷова аз ҷониби як тамаддуни қудратманд 25 ҳазор сол пеш бунёд шудааст. Аммо ба далели як иштибоҳи асосӣ дар ҷомеаи илмӣ дар атрофи ин фарзия баҳси шадид идома дорад.

ИҚРОР БА ИШТИБОҲ

 

Моҳи октябри соли 2023 дар маҷаллаи Archaeological Prospection, ки ношири машҳур WiIey нашр мекунад, мақола дар бораи маҷмааи археологии Гунунг-Паданг дар вилояти Ҷоваи Ғарбӣ мушташир шуд. Муаллифон даъво доранд, ки ин як аҳроми дафн аст, ки онро миёни 25 то 14 ҳазор сол пеш сохтанд.  

"Таҳқиқот ба мавҷудияти технологияҳои пешрафтаи сохтмон дар давраи яхбандии охирин ишора мекунад, дар ҳоле ки оид ба рушди кишоварзӣ дар ин давра иттилое дар даст нест”,- хулоса мекунанд муаллифон, ки миёни онҳо танҳо як нафар бостоншинос аст, боқӣ геологҳо ва муҳандисонанд. 

Нашри ин мақола дар ҷомеаи илмӣ баҳси гармеро падид овард ва шарҳу тавзеҳот, ҳамчунин раддияҳои ин фарзия низ чоп шуданд. Дар ҳамин ҳол нашрияҳои машҳури ҷаҳонӣ - Nature, The New York Times, The Guardian бо чопи мақолоти дигар ин баҳсро гармтар карданд 

"Лозим набуд, ки ин гуна мақолаҳо нашр шаванд ва ҳатто тааҷҷуб ҳам намекунам, агар онҳо барчида шаванд”,- қайд кард Бил Фарли бостоншинос аз Донишгоҳи Коннектикутаи Ҷанубӣ. 

Зери фишори ҷомеаи илмии ҷаҳон дар маҷалла тафтиш роҳандозӣ шуд ва 18 март ин мақола бозпас гирифта шуд. Ношир аз ҷумла навишт: “Мо аз геофизикҳо, бостоншиносон, мутахассисони соҳаи радиокарбон вокунишҳое дарёфт кардем, онҳоро мавриди омӯзиш қарор додем ва ба ин натиҷа расидем, ки мақола дорои як иштибоҳи асосист”. 

ДАР БОРАИ МЕГАЛИТҲОИ ҶОВА МО ЧӢ МЕДОНЕМ?

Индонезия бо ёдгориҳои мегалитии худ машҳур аст. Аввалин маълумотро дар бораи онхо таҳқиқотчиёни авропоие, ки ба ин ҷо бо сарпарастии ширкати Ост-Индия омада буданд, нашр кардаанд. Дар чазирахои хурду калони Маҷмааҷазираҳои Малай террасҳо (айвонҳо) бо менхирҳо, тобутҳои сангӣ ва долменҳо, кӯзаҳои сарпӯшдор ва пайкараҳои инсонӣ ёфт шуд. 

Донишмандон шабоҳатҳоеро бо сохторҳои Аврупои Ғарбӣ, Миср ва Амрикои то Колумб мушоҳида карданд. Бостоншиносони Индонезия бовар доранд, ки ин ба далели ду мавҷи муҳоҷират дар давраи неолит ва асри биринҷ аст. Таҳлили бозёфтҳо ҳикоят аз даврони хеле баъд: асрҳои VII-XVI то солшумории мо доранд. 

Дар вилоёти Ҷоваи Ғарбӣ беш аз 200 ёдгории таърихӣ, аз ҷумла биноҳои таърихӣ ба қайд гирифта шудааст. Гунунг-Паданг яке аз пурмуааммотарини ин ёдгориҳост. Он дар қуллаи махрутии як отшафишони хомӯш қарор дорад, ки тавассути пӯшиши гиёҳии тропикӣ иҳота шудааст. 

Аввалин маълумот дар бораи он ба соли 1891, дар давраи мустамликаи Ҳолланд будани Малайзия рост меояд. Баъдтар онро бостоншинос Николас Кром санҷид ва тахмин кард, ки он дахмаи инсон аст. Соли 1979, сокинони маҳаллӣ ба мегалитҳо дучор шуданд. Ин бозёфт хеле ба зудӣ аз ҷониби бостоншиносон мавриди омӯзиш қарор гирифт ва соли 1998 дар ин ҷо боғи миллӣ таъсис дода шуд. 

Маҷтамаъ аз 13 айвони сунъӣ иборат аст, ки панҷ адади он ҳоло тоза карда шудааст. Дар рӯи онҳо боқимондаҳои хокрезҳо, панҷараҳо, зинапояхо, пояҳои сохташуда аз базалт мавҷуданд. Баландии муҷассама 150 метр, масоҳаташ тақрибан ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ин бузургтарин сохтори мегалитӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мебошад.

 Сокинони маҳаллӣ Гунунг-Падангро макони муқаддас медонанд ва дар замонҳо қадим аз он барои анҷоми маросимҳои мазҳабиву миллӣ истифода мекарданд. Тарҷумаи он аз забони сундонӣ “кӯҳи рушангарӣ” мешавад. 

Аз соли 2011 то соли 2014 муҷассамаро экспедитсия таҳти роҳбарии геолог Дэнни Натавиҷая омӯхтааст. Тадқиқотҳои археологӣ, геофизикӣ, харитасозӣ ва пармакунӣ анҷом доданд.

"Кор нишон медиҳад, ки инҳо на танҳо айвонҳои сангини пеш аз таърихӣ, балки як сохтори мураккаби зеризаминӣ бо утоқҳо ва ковокиҳои назаррас мебошанд",- навиштаанд муаллифони тадқиқот.

Олимон ба пояи айвонхо чоҳҳо ҳафр карданд ва сатҳи радиокардони онро чен намуданд. Дида шуд, ки намунаҳои қадимтарин 25 ҳазор сол доранд. Ин боиси он шуд, ки гӯё сохтмони аҳром дар давраи яхбандӣ оғоз шуда бошад. Он гоҳ онҳо дар тӯли якчанд ҳазор сол онро тарк карданд.

Натиҷагирӣ хилофи тамоми маводи ҷамъшудаи бостоншиносӣ мебошад, ки тибқи он қадимтарин шаҳраки сангин дар рӯи замин 11 ҳазор сол пеш дар Туркия (Гобеклитеппа) ва қадимтарин аҳром Ҷозер дар Миср 4600 сол пеш пайдо шудааст. 

ИЗҲОРОТИ ҶАНҶОЛӢ

 Кор дар Гунунг-Паданге мавриди таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори олам қарор гирифт. Ҳатто қабл аз интишори натоиҷ Натавижаи дар конфронсу нишастҳои илмӣ маърӯза кард. Соли 2022 Netflix  сириёлеро бо номи “Охирзамони бостон” намоиш дод. Бараандаи он нависандаи британиёӣ Грэм Ҳенкок дар бораи мавҷудияти фарзияи тамаддуни қудратманд дар даврони яхбандии охир, ки дар натиҷаи фоҷеаи табиӣ ва ё кайҳонӣ ба нобудӣ расидааст, нақл кард. Онҳое ки зинда монданд, кишоварзӣ, бинокорӣ ва ситорашиносиро ба вуҷуд оварданд. Аммо илми расмӣ ин фарзияро қабул надорад, гуфт Ҳенкок. 

Ба назар мерасад, ки бозёфтҳои илмии гурӯҳи оламон дар Индонезия комилан қобили эътимоданд. Тадқиқотчиён маводи органикиро дар хок аз чоҳҳо ва хандакҳо ҷамъоварӣ карданд. Он таносуби карбон-14-ро, ки танҳо организмҳои зинда ҷамъ мекунанд ва изотопҳои устуворро таҳлил мекунад. Ҳар қадаре 14С паст бошад, намуна ҳамон андоза бузургтар аст. Муаллифони асар пешниҳод кардаанд, ки моддаҳои органикӣ ҳангоми сохтани аҳром ва баъд аз он ба замин ворид мешаванд. Бо омӯзиши 12 намуна, мо санаҳои аз 25 ҳазор соли пеш аз милод то 1500 солро ба даст овардем.

Дар маҷмӯъ ҷомеаи илмӣ ба дуруст будани шиносоӣ шубҳа надорад. Таъбир печида ва сардардоваранда аст. Бостоншинос Билл Фарлӣ ишора мекунад, ки намунаҳо дорои ангиштсанг ё устухон набуданд, ки нишондиҳандаи ҳузури инсон бошанд. 

Кӯшиши пайваст кардани синну соли хок бо осори инсониро бостоншиноси Таиланд Ноэл Тан "бузургтарин иштибоҳӣ мантиқӣ" номидааст. Соли 2014 дар ҳамин ҷо гурӯҳи дигари олимон ҳамагӣ чанд пораи зарфҳои сафолӣ, пораҳои асбобҳои сангин, филизӣ ва тангаҳои замонҳои ахирро пайдо карданд. Таърихи ангишт ба солҳои 117-45 пеш аз милод рост меояд. Сарвари ин таҳқиқот Лотфй Ёндрй дар мусохиба бо Nature хотирнишон мекунад, ки мардум дувоздаҳ ҳазор сол то шаш ҳазор сол пеш дар ғорҳои маҳаллӣ сокин буданд, ҳеч технологияи пешрафтае дар сохтмон надоштанд.

Дар ҳамин ҳол нависандагони мақолаи пуршӯр исрор доранд, ки ҳақ бо онҳост. Ва мақоларо бозпас гирифтани ноширро сонсоре (сензура) медонанд, ки мухолифи усулҳои илм мебошад. 

МАНБАЪ: https://ria.ru/ 

Таҳияи Б.Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Октябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту