preloader

интизор шавед...

Суҳбати гарми илмӣ бо донишмандони қазоқ, ки бо сарварии Президенти АИ Қазоқистон аз Институт дидан карданд

  • 20-авг-2024
  • 159 дидани саҳифа

19 августи соли равон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Ахилбек Куришбоев бо ҷумла ҳамроҳонаш аз Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказии шаҳри Душанбе дидан кард.

  Меҳмони олиқадро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода ва директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Пӯлод Аминзода бо ҳайати олимону кормандони Институт пешвоз гирифтанд.

  Пас аз истиқбол ҳайати олимону зиёиёни Тоҷикистону Қазоқистон дар назди тахтаи ёдгории аввалин академики фахрии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олими барҷастаи қазоқистонӣ Каниш Имонтаевич Сатпаев, ки дар ташкили Академияи илмҳои Тоҷикистон саҳм гузоштааст, гулдастаҳо гузоштанд ва акси хотиравӣ гирифтанд.


  Сипас, меҳмонони олиқадр аз дастовардҳои илмию таҳқиқотии институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказии шаҳри Душанбе дидан намуданд. Зимни суҳбат ва ошноӣ бо фаъолияти ин пажӯҳишгоҳи илмии кишвар фикру мулоҳизаҳои худро баён дошанд ва дар кори тақвияти ҳамкориҳои илмӣ миёни ниҳодҳои зирабти ду кишвар  изҳори назар карданд.

  Дар охир президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Ахилбек Куришбоев ба Президенти академияи миллии илмҳо Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология АМИТ Пӯлод Аминзода барои пазироии гарм ва суҳбатҳои пурмуҳтавои илмӣ изҳори сипос кард ва хостори тақвияти ҳамкориҳо миёни ду академияи илмҳо дар риштаҳои мухталифи пажӯҳишҳои илмӣ шуд.

  Ҳамзамон 19 август дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Қазоқистон конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид.

  Конференсияро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода оғоз намуда, гуфт, ки «дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидани конференсияи олимон ва зиёиёни Тоҷикистон ва Қазоқистон далели нақши муҳими ҳамкории олимони ду давлат аст. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсиси давлати соҳибистиқлол илму маориф мавқеи марказиро ишғол намуд. Ҳамин аст, ки олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон ва зиёиён қувваи созанда ва пешбарандаи тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат мебошанд. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон таърихи тӯлонӣ ва пуршарафи ҳамкорӣ доранд».

  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Ахилбек Куришбаев таъкид дошт, ки баргузории конференсияи сатҳи байналмилалӣ ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи илм, муттаҳид сохтани неруи илмии олимони Тоҷикистон ва Қазоқистон, инчунин баррасии масъалаҳои ҳамоҳангсозии пажуҳишҳои илмӣ дар доираи як платформа равона шудааст.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту