20-уми августи соли 2024 дар Шӯрои диссертатсионии назди Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дотсенти кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникии факултаи геологияи ДМТ Файзиев Фотеҳ Абдуқавиевич рисолаи доктории худро бамуваффақият химоя намуд.
Дар кори Шурои диссертатсионӣ олимони варзидаи Ҷумҳурии Узбекистон, профессорон Пирназаров М. ва Қарабаев М. ширкат намуда, ба рисолаи илмӣ баҳои баланд доданд.
Боиси зикр аст, ки рисолаи мазкур зери мушовирии академик Файзиев Абдулҳақ Раҷабович омода ва дифоъ гардид. Ин дуввумин рисолаи докторист, ки роҳбарии онро олими варзидаи соҳа Абдулҳақ Файзиев ба уҳда дорад.
Химояи рисолаи доктории олимони соҳаи геология бевосита таҳти дастгириву кӯмаки директори Институт Пӯлод Аминзода сурат мегирад.
Ҳамкори азиз ва шогирди гиромиро бо ин дастоварди илмӣ самимона табрик менамоем.