preloader

интизор шавед...

Иттилои тозатарин дар бораи вулканҳои тарафи ноаёни Моҳ, ки маъмурияти «Чанъэ-6» ба Замин овард

  • 17-ноя-2024
  • 41 дидани саҳифа

Моҳи июни соли 2024 маъмурияти чинии «Чанъэ-6» бори аввал ба Замин намунаи тарафи ниҳонии Моҳро дастрас кард, ки имкон медиҳад тасаввуроти комилтаре дар бораи фаъолнокии вулкании сайёраи мо ҳосил шавад. Гурӯҳе аз муҳаққиқони Институти геология ва геофизикаи академияи илмҳои Чин бо сарварии профессор Ли Сиули ин намунаҳоро таҳқиқ карданд ва лаҳзаҳои вулқониро дар тарафи “ноаёни” Моҳ кашф намуданд, ки гуфта мешавад аз 2,8 то 4,2 миллиард сол пеш рух додааст.

Омӯзиши фаъолнокии вуқонии Моҳ ба дарки таҳаввулоти дохилии он (чун дигар ҷирмҳои осмонӣ)оварда мерасонад ва хронологияи модели планетариро аз роҳи санагузории таҳшинҳои вулканӣ беҳбуд мебахшад.

Гузашта аз ин маводҳои вулқонӣ захираҳои фоидаовар барои таҳқиқи кайҳон ба шумор мераванд ва ба манзалаи як озмоишгоҳи табиӣ барои муқоиса кардани геологияи Моҳ бо геологияи Замин мебошанд ва онҳо ба мо кумак мекунанд, ки аввалин миллард соли мавҷудияти манзумаи Хуршедиро рамзкушоӣ кунем.

Базалтҳои тарафи ноаёни Моҳ номуназзамии мушоҳидашаванда миёни тарафҳои маълум ва ноаён дорад, ки ин бо фарқиятҳои бисёр дар тақсимкунии базалтҳое тавсиф мешавад, ки ба ҳадди фаровон дар тарафи намоён дида мешаванд, вале дар тарафи ноаён мушоҳида намешавад.

Ин гуногунтаркибӣ ё гуногуннавъӣ бо тағйири топографӣ ҳамроҳ аст: дар тарафи ноаён сатҳ нисбатан номуназзам ва танӯраист, ғафсии қишр бештар, аммо тақсимшавии унсурҳои кимиёвӣ, ба мисли торий (номи метал) махсусан дар минтақаҳое мутамарказ шудаанд, ки бо таҳнишинҳои вулкании тарафи аён алоқаманд мебошанд. 

Ин фарқиятҳо бозгӯкунандаи равандҳои гуногуни таҳаввулотӣ миёни ду тарафи радиф аст. 

 Маъмурияти «Чанъэ-6» бори аввал дар таърихи башар аз тарафи ноаёни Қамар 1935,3 грамм намунаи хок ҷамъ овард, ки он имкони беназире медиҳад, ки донишмандон фаъолнокии вулканӣ дар ин минтақаро омӯзанд. 

То кунун дар доираи ин оӯзишҳо гурӯҳи олимон санадикунонии радиоизотопии 108 пораи базалтиро анҷом додаанд. Аз он 107 пора синну соли арзи вуҷуд кардани онро 2807 ± 3 миллион сол нишон дод ва ин ба он маъност, ки ин гуна фаъолнокии вулкании ба сол куҳан дар тарафи аёни Моҳ дида нашуда буд.

Аз рӯи ин маълумот метавон тахмин кард, ки фаъолнокии вулканӣ дар тарафи ноаёни Моҳ на 1,4 миллиард сол пеш, балки пештар аз он, аз 4,2 то 2,8 миллиард сол қабл идома доштааст.


Манбаъ: New-Science.ru 

Таҳияи Бобоҷон Шафеъ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту