
Бузургтарин яхкӯҳи (айсберг) олам бо номи Айсберг А23а дар тунукобҳои ҷазираи Георгияи Ҷанубии Британияи Кабир андармон шуд. Ин ҷазира дар ҷануби Атлантик ҷойгир аст ва маконест, ки миллионҳо пингвинҳо ва туюденҳо ҳаёт ба сар мебаранд.
Андазаи ин яхкӯҳ ду баробара калонтар аз шаҳри Лондон якҷо бо гирду атрофи шаҳр мебошад. Ҳоло он дар тунукобҳо андамон шуд ва қарор аст батадриҷ ба хароб шудан оғозад.
Моҳидорон аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки буридаҳои бузурги ин ях метавонад ба ҳаёти пингвингҳои бе ин ҳам кам мондаи тоҷдор таъсири манфӣ расонад. Аммо донишмандоне, ки Антарктидаро меомӯзанд, бар ин назаранд, ки дар дохили яхҳо ба миқдори басо зиёд моддаҳои серғизо мавҷуданд, ки дар сурати об шудани ях метавонанд барои бошандагони ин манотиқ ғизои хуб бошанд ва ҳаёт дар уқёнусро барои онҳо пурманфиат гардонад. Аз ҷумла профессор Надин Ҷонсон аз Хадамоти антарктикии Британия гуфтааст, ки “ин ба мисли он аст, ки як бомби пур аз моддаҳои ғизоиро дар як биёбон партоб кунӣ”.
Аммо олими табиатшинос Марк Балшир бонги изтироб мезанад, ки агар ин яхкӯҳи азим ба ҳиссаҳои ҷудо шавад ва ба ҳаракати худ идоми бидиҳад, хатари азиме ба киштиҳо эҷод мекунад ва фаъолияти киштиҳои моҳидориро маҳдуд ва ҳатто ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад.
Ин яхкӯҳи азим дар таърихи 40-солаи худ ба бузургтарин гардиш рӯ ба рӯ шудааст. Соли 1986 он аз бадани пиряхи Филхнер-Ронне, дуюмин пиряхи ба андоза бузурги Антарктида ҷудо шуда буд.
Бино ба расмҳои маҳвораӣ моҳи декабри соли 2024 он аз тариқи уқёнус ба самти шимол, аз қисмати обҳои нисбатан гарм ҳаракат кард, вале коршиносон аз он тааҷҷуб мекунанд, ки он дар ин муддат аслан тағйир наёфт. Муддати чанд рӯз ҳатто чунин ба назар мерасид, ки вай дар ҷойи худ мечархад, вале миёнаҳои моҳи феврали соли 2025 ҳаракати он суръати дигар гирифт ва рӯзе ҳудудан 30 км-ро тай мекард.
«Сарнавишти ҳамаи яхкӯҳҳо ҳамин аст, билохира бояд об шаванд, пора шаванд ва рӯ ба нестӣ оранд. Аммо А23а муддати басо тӯлонӣ шино мекард ва дар ин муддат ҳамагӣ чаҳоряк ҳиссаи худро аз даст дод”, - гуфтааст профессор Хю Гриффитс аз киштии таҳқиқотии қутбии ҷаноби Дэвид Аттенборо ба ВВС. Ин киштӣ дар айни замон дар Антарктида қарор дорад.
Рӯзи шанбеи гузашта яхи азим бо баландии 300 метр вориди тунукобаҳои шуд ва ҳудудан 80 км ба хушкӣ рафтаву ҳоло дармондааст. Таҳқиқгарон тӯли як ҳафта мушоҳида карданд ва ба хулоса расиданд, ки дар айни замон ҳеч ҳиссае аз он ҷудо нашудааст, мисли қабл сокит аст. Аммо ин мушоҳидаҳо низ чандон дақиқ нестанд. Ахиран эълон шуд, ки он масоҳати худро батадриҷ аз даст медиҳад. Агар майдони умумии он пештар 3900 метри мураббаъ буд, пас ҳоло 3234 метри мураббаъро ташкил додааст. Дида мешавад, ки ба ҷойи ғафсии ях дар канораҳои он ғорҳо ба мушоҳида мерасанд. Ҳоло мадд онро боло такон хоҳад дод ва боз поён хоҳад овард ва ҷо-ҷо соиш мехӯрад, сахраҳои атроф ва паҳлуи худро хароб мекунад. “Агар қабати поёни ях заиф аст ва ё аз намак хӯрда шудааст, айсберг зери фишорҳо ба хурду реза шудан оғоз мекунад ва эҳтимолан ба ҷойи дигар ҳаракат хоҳад кард”,- мегӯяд профессор Майерс.

Олимон бештар аз сарнавишти бошандагони бузургҷуссаи минтақа изҳори нигаронӣ мекунанд. Соли 2004 дар баҳри Росса дар сектори уқёнуси Оромии уқёнуси Ҷанубӣ айсберг ба раванди бордоршавиву таваллуди пингвинҳо таъсир расонд, ки дар натиҷа шумори ин ҷонварон ба шиддат коҳиш ёфт. Аммо ҳоло донишмандон ба ин умеданд, ки аксари парандагон ва ҳайвоноти бумии минтақа метавонанд худро наҷот диҳанд ва гузаштаи пингвинҳои баҳри Росса барояшон такрор нашавад.
Аз сӯи дигар яхкӯҳ метавонад ба оби шӯри уқёнус оби ширин илова кунад ва ин боис мегардад, ки шумори ғизо барои пинвинҳо низ коҳиш ёбад. Дар ин ҳолат ин пингвинҳо ба манотиқи дигар муҳоҷират хоҳанд кард, вале дар он минтақаҳо ба рақобати ҷонварони дигар рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.
Соли 2022 хабар дода шуда буда, ки яхкӯҳи азими А68, ки соли 2027 аз баданаи пиряхи Антарктида ҷудо шуда буд, дар авҷи об шудани худ ҳамарӯза ба уқёнус якуним миллиард тонна оби ширин ҳамроҳ кард. Якуним миллард тонна об, яъне тахминан 540 баробар бештар аз обест, ки дар Москав дар як рӯз истифода мешавад ва 150 баробар бештар аз истифодаи шабонарӯзии Британияи Кабир аст. Дар аввали моҳҳои оғози ҳаракаташ дар уқёнуси Ҷанубӣ дар соли 2017 А68 калонтарин айсберг аз замони мушоҳидот буд. Ҳаҷми он қариб шаш ҳазор километри мураббаъ буд. Ва агар онро бо пойтахти давлати Русия шаҳри Москав муқоиса кунем, шаш баробар бузургтар аз он буд.
Аммо аввали соли 2021 ин яхкӯҳи бузургҷусса ба мавҷудияти худ хотима дод ва трилион тонна ях барбод рафт.
Манбаъ: ВВС. Муаллифон: Ҷорҷина Раннард, Эрван Риво.
Таҳияи Б.Шафеъ