
14 марти соли 2025 дар Донишгохи давлатии Хучанд конфронси ҷумҳуриявии илми амалӣ таҳти унвони " Марҳилаҳои асоси тараққиёти саноати кӯҳии Курама” баргузор шуд.
Ин Конфронс ба 80 солагии доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Садриддин Абдураҳимов бахшида шуда буд.
Дар ҳамоиш кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ низ ширкат карданд. Ғафуров Фарҳод Ғиёсович суханронӣ намуда, табрикоти роҳбарияти Институтро қироат намуд.
Маврид ба ёдоварист, ки Садриддин Яминович Абдураҳимов 10 марти соли 1945, дар деҳаи Мулломири ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент(1962) ва ДДОЛ ба номи С.М.Кировро хатм кардааст (1971).
Солҳои 1962-1963 омӯзгори синфҳои ибтидоӣ будааст, баъдан дар вазифаи лаборант (1969-71), муаллими кафедраи география (1971-73), муҳаққиқ-коромӯзи факултаи геология (1973-74) кор кардааст.
Солҳои 1974-1977 аспиранти факултаи геологияи ДДМ ба номи М.В.Ломоносов будааст.
Дотсенти кафедраи география (1978-79), мудири кафедраи заминшиносӣ ва геология (1979-84), ходими калони илмии факултаи геологияи ДДМ ба номи М.В.Ломоносов (1984-85), мудири кафедраи заминшиносӣ ва ҳифзи табиат (1986-90), мудири кафедраи геоэкология (1990-96), ноиби декан дар умури таълими факултаи фанҳои табиӣ (1996-2005), мудири кафедраи географияи табиии ДДОЛ ба номи С.М.Киров (аз с.2005) будааст.

Таҳқиқоти илмии Садриддин Абдураҳимов ба омӯзиши конҳои маъдан, сангҳои ороишӣ, проблемаҳои табиӣ ва техногении Тоҷикистон бахшида шудаанд.
Ӯ муаллифи зиёда аз 60 асари илмӣ, шикаткунандаи як катор конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ (Боку, 1974; Маскав, 1975, 1976, 1977, 1984, 1985, 1987, 1988, 1990; Лаҳистон, 1980; Терскол, 1989; Намангон, 1990; Бишкек, 1991; Перм, 2003) мебошад.
Доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1990).