preloader

интизор шавед...

CASA-1000 - қадаме ба сӯйи ҳамгироии энергетикии минтақавӣ

  • 11-апр-2025
  • 56 дидани саҳифа

Image

Лоиҳаи CASA-1000 (Central Asia–South Asia Electricity Transmission and Trade Project) яке аз ташаббусҳои бузурги ҳамкории энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба шумор меравад. Татбиқи лоиҳаи CASA-1000 на танҳо натиҷаи ташаббусҳои байналмилалӣ, балки барҷастатар аз ҳама, натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои миллат ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо як диди васеи геостратегӣ ва иқтисодӣ пайваста бар он таъкид мекарданд, ки сарватҳои бойи гидроэнергетикии Тоҷикистон бояд ба манфиати рушди кишвар ва минтақа истифода шаванд. Дар ҳама марҳилаҳои омодасозӣ ва татбиқи лоиҳаи CASA-1000 - аз ташаббуси ибтидоӣ то марҳилаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ нақши Пешвои миллат калидӣ мебошад.

Дар доираи амалишавии лоиҳаи CASA-1000 маҳз бо роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор муаррифӣ гардид, музокироти бисёрҷонибаи байнидавлатӣ бо Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон бомуваффақият анҷом ёфт, Созишномаҳои муҳимми молиявӣ бо Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди исломӣ ва дигар шарикони рушд ба имзо расиданд, шароити ҳуқуқӣ ва инфрасохтории зарурӣ барои татбиқи амалии лоиҳа фароҳам оварда шуд.

Ин лоиҳа барои интиқоли нерӯи барқи изофии тобистонаи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистону Покистон ва Ӯзбекистон нигаронида шудааст. CASA-1000 на танҳо як лоиҳаи иқтисодӣ, балки омили муҳимми рушди устувор, ҳамгироии минтақавӣ ва таъмини амнияти энергетикӣ мебошад.

Сарватҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 млрд кВт/соат ва Қирғизистон 142 млрд кВт/соатро ташкил медиҳад, ки дар умум 669 млрд кВт/соат мебошад. Дар фасли тобистон, ки талаботи дохилӣ коҳиш меёбад, кишварҳо бо афзоиши нерӯи барқ рӯ ба рӯ мешаванд. Аз тарафи дигар, Ӯзбекистон, Покистон ва Афғонистон дар ҳамин давра аз норасоии ҷиддии барқ азият мекашанд. CASA-1000 бо истифодаи хатти баландшиддати интиқоли барқ метавонад норасоӣ ва талаботи минтақаро дар фасли тобистон таъмин кунад.

Лоиҳа интиқоли 1300 МВт нерӯи барқро тавассути хати баландшиддати 500 кВ, ки зиёда аз 1200 километрро дар бар мегирад, дар назар дорад. Ин шабака аз се бахши асосӣ иборат аст:

Тоҷикистон – Ӯзбекистон: интиқоли нерӯи барқ аз НБО-и Норак ва дигар нерӯгоҳҳо ба марзи Ӯзбекистон.

Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон: давоми хати интиқол аз марзи Тоҷикистон то минтақаҳои шимолии Афғонистон.

Афғонистон – Покистон: расонидани нерӯи барқ ба шабакаҳои Покистон, бахусус минтақаҳои Пешовар ва Исломобод.

Ҳангоми амалӣ гаштани ин лоиҳа ба рушду нумӯи кишварҳои минтақа манфиатҳои зиёди иқтисодӣ, экологӣ, технологӣ мерасонад. Аз ҷиҳати иқтисодӣ ба кишварҳои истеҳсолкунандаи нерӯи барқ даромади устувор аз ҳисоби фурӯш ба даст меояд, ки онҳоро метавон барои некӯаҳволии мардум ва сохтмони нерӯгоҳҳои дигар масраф кард. Ҷойҳои кории нав дар соҳаи энергетика ва хизматрасонӣ ташкил карда мешаванд. Аз ҷиҳати экологӣ истифодаи сарчашмаи барқароршавандаи энергия – обӣ истифода мешавад. Ҳангоми сохта ба истифода додани сарбандҳо барои нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ ба танзим даровардани об ҳангоми боридани боронҳои сахт ва омадани сел, аз сарбандҳо ҳангоми зарурат аз меъёр зиёд сар додани об барои обёрии заминҳои боғу токпарварӣ, пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ барои давлатҳои поёноб, ташкил кардани ҳавзҳои моҳипарварӣ, варзиши қаиқронӣ, шиноварӣ, саёҳат дар фасли гармо ва дигар имконияти хубро фароҳам меорад. Дар давлатҳои минтақа ҳамкории мутақобилан судманд ва эътимоди байниҳамдигарӣ дар доираи ин лоиҳа тақвияти меёбанд. Дар самти технологӣ рушду навсозии инфрасохтори энергетикии кишвар ба роҳ монда мешавад.

Лоиҳаи CASA-1000 барои Тоҷикистон имкони муаррифӣ шудани худ ҳамчун кишвари содиркунандаи энергия ва маркази стратегии энергетикии Осиёи Марказиро фароҳам месозад.

CASA-1000 на танҳо як лоиҳаи энергетикӣ, балки намунаи ҳамкории муваффақи минтақавӣ дар заминаи истифодаи сарватҳои табиӣ ва рушди устувор мебошад. Маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин лоиҳа ба як воқеияти назаррас табдил ёфтааст, ки ояндаи энергетикии Тоҷикистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро муайян месозад.

 

Мудири лабораторияи канданиҳои фоиданоки ИГСЗТС АМИТ, доктори илмҳои геология ва минералогия Файзиев Ф.А.

Ходими калони илмии лабораторияи канданиҳои фоиданоки ИГСЗТС АМИТ Абдулов Ш.Б.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Апрель 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту