Кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чанд рӯзи охир дар идомаи роҳандозии корҳои ободониву поксозиҳо ба пойгоҳҳои сейсмологии Ҳазорчашма, Офтобруйяи шаҳри Исфара ва Арчинак рафтанд.
Ин пойгоҳҳо бо гузашти моҳҳо ниёз ба поккориҳои зиёд пайдо карда буданд, мебоист чун иншооти муҳими Институт як силсила корҳои ободониву назофатро анҷом медоданд.
Лозим омад деворҳои симтурии онро рангубор кунанд, чун аз боду борони зиёд занг задаву як манзараи дилнохушкунандаеро пеши назарҳо ҷилвагар мекард.
Ҳамчунин дарвозаҳои ин пойгоҳҳо ҳам рангу бор карда шуданд. Деворҳоро сафед карданд.
Саҳни ҳавлии ин пойгоҳҳо аз ҳар гуна хаспораву сангу рег тоза карда шуд. Ҷӯйборҳоро низ аз селовардаҳо, алафҳои хушкида тоза карданд. Бехи дарахтонро нарм карданд.
Маврид ба ёдоварист, ки роҳандозии поккориҳову ободониҳо дар пойгоҳҳои сейсмологии тобеъи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз аввали баҳор шуруъ гардид.
Чунончи, аввали моҳи май як гурӯҳ кормандони Институт рӯзҳои истироҳатро дар пойгоҳи сейсмологии Санги Кари ҷамоати деҳоти Раҳимзода ноҳияи Рашт гузаронида буданд.
Пойгоҳи сейсмологии Санги Кар як пойгоҳои куҳане дар тобеияти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология ба шумор. Аммо шояд муддати беш аз ду даҳсолаи охир он таъмир нашуда буд.
Кормандони Институт атрофи бино ва пойгоҳро тоза карданд, бехи дарахтонашро нарм карданд, ҷойҳои бар асари боду борон рӯ ба харобӣ овардаро рангубор намуданд, деворҳоро сафед карданд.
Пойгоҳи сейсмологии Офтобрӯя 20 км аз шахри Исфара дуртар, дар наздикии марзи Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буда, бо таҷҳизотхои сейсмикии рақамӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Ин таҷҳизоти рақамии замонавӣ бо сервери Институт ба таври онлайн васл мебошад.
Дар айни замон аксари пойгоҳҳои сейсмологии Институт бо таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз гардонда шудаанд.
Чунончи, миёнаҳои моҳи марти соли 2025 дар пойгоҳҳоии сейсмикии Хуҷанд, Офтобрӯйи Исфара ва Истаравшан таҷҳизоти сейсмикии рақамӣ васлу насб карда шуда буд. Ин таҷҳизот аз ҳисоби гранти Бонки ҷаҳонии рушд ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳо харидорӣ шуда буд.
Таҷҳизоти васл гардида ба системаи ягонаи сейсмикии онлайнии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳо пайваст гардида, маълумот дар сервери ягона барои омӯзиш ва коркард ҷамъоварӣ мешавад.




