Ду нафар аз ҳамкоронимобамедали“Хизматишоиста”сарфарозшуданд. Муборакбод!
Рӯзи 4-умиавгустисоли 2023 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти ҶумҳурииТоҷикистоноид ба масъалаҳоирушдииҷтимоӣваробитабоҷомеаЭмомалӣ Насриддинзодакормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии ҶумҳурииТоҷикистон табрик намуд. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз саҳми олимони тоҷик дар таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ сухан ронд ва ҳиссаи онҳоро дар рушди илми кишвар беназир хонд.
Дар ҷаласа зумрае аз донишмандони тоҷик аз ҷумлаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Ифтихорномаҳо ва медали “Хизмати шоста” қадрдонӣ шуданд.
Аз Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ Гадоев Мустафо Лоиқович ва мудири Шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикӣ Олимов БаҳромҚосимович бо медали “Хизмати шоиста”-и Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Мо аҳли коллективи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гадоев Мустафо Лоиқович ва Олимов Баҳром Қосимовичро бо дарёфти ин ҷоиза табрик намуда, дар корҳои ояндаашон муваффақиятҳои нав ба навро орзумандем.