preloader

интизор шавед...

Тақвияти ҳамкориҳои илмии Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи геология

  • 15-июл-2025
  • 115 дидани саҳифа

Бо ҳадафи густариши таҳқиқоти илмӣ ва истифодаи усулҳои муосир, Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкориҳои фаъолро бо Хадамоти геологии Чин, хусусан Маркази тадқиқоти геологии Сиан (Xi’an Geological Survey Center of the China) ба роҳ мондааст.

Дар доираи ин ҳамкорӣ то инҷониб якчанд сафари кории мутақобила, семинарҳо, таҳқиқоти саҳроӣ, ва табодули маълумоти илмӣ анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, дар соли 2024, як гурӯҳи геологҳои тоҷик бо дастгирии маркази Сиан дар шаҳри Сиан ва музофоти Шанси бо таҷҳизоти пешрафта ва фаъолияти пажӯҳишии муосири чинӣ шинос шуданд.

Коршиносони чинӣ ба кишвари мо барои гузаронидани тадқиқотҳои муштараки геологӣ бо олимони Институт ва боздид намудан аз минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ин ҳамкорӣ, ки дар асоси афзоиши эътимоди дуҷониба, мубодилаи таҷриба ва захираҳои илмӣ пеш меравад, омили муҳими таҳкими пояҳои илмӣ ва амалӣ дар самти омӯзиши сохтори геологӣ, синну соли ҷинсҳои кӯҳӣ ва таркиби минералогии онҳо арзёбӣ мегардад. Натиҷаҳои муштараки илмии ба даст овардашуда, барои истифода дар таҳияи харитаҳои нави геологии минтақаҳои дурдаст ва нашри мақолаҳо дар нашрҳои бонуфуз, замина мегузорад.

Олимони соҳавии Институт изҳори умед мекунанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба бо Маркази тадқиқоти геологии Сиан дар солҳои оянда низ идома ёфта, ба рушди илмҳои геология ва муҳити зист дар минтақа мусоидат хоҳанд кард.

Расмҳо аз ҷараёни қабули меҳмонон аз ҷониби директори Институт Сафарализода Носир ва муовини директор Лоиқзода Мустафо.


Шерзод Абдулов

ходими калони илмии

ИГСЗТС АМИТ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Июль 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту