preloader

интизор шавед...

Гурӯҳи муштараки олимони Тоҷикистону Чин вориди ВМКБ шуд

  • 22-июл-2025
  • 142 дидани саҳифа

 Рузи шанбеи гузашта як гурӯҳ кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамроҳ бо ҳамтоёни чиноии худ аз Маркази Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин барои роҳандозии корҳои таҷрибавӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон равон шуданд.

Ин гурӯҳ аз 8 нафар иборат буда, панҷ нафар аз ҷумлаи кормандони Институт ва се нафар аз Маркази Синаи ҶМЧ мебошанд.

Гурӯҳ аз ҷониби муовини директори Институт, номзади илмҳои геология ва минералогия Мустафо Лоиқзода сарварӣ мешавад.

 Ин сафари корӣ бар асоси Созишномаи ҳамкорӣ байни Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ ва Маркази Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат мегирад. Созишномаи мазкур ҳангоми вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар формати Чин+ОМ дар шаҳри Сиан рӯзҳои 18-19 майи соли 2023 ба имзо расида буд.

Аз ҷониби Тоҷикистон онро президенти сибиқи АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ва аз тарафи Чин сардори Хадамоти геологии Чин имзо карда буданд.

Созишнома ду ҳадафи аслиро дунбол мекунад: 

1. Тадқиқоти муқоисавӣ дар заминаи геологияи Осиёи Марказӣ ва камарбанди Тетис

2. Тадқиқоти муқоисавӣ оид ба қонуният ва ҷойгиршавии камарбанди металлогенӣ миёни минтақаҳои металлогении Помир-Кунлун.

Гурӯҳе, ки ҳоло ба ВМКБ равон шуд, муддати як моҳ як силсила омӯзишҳои сохтории геологӣ ва геокимиёвии ҷинсҳои кӯҳиро роҳандозӣ хоҳад кард.

Аз натиҷаи фаъолияти гурӯҳ ва таҳқиқоти анҷомшуда баъд аз поёни сафари илмӣ гузориш хоҳем дод. 

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Сентябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту