
Кон, маҷмӯи сарватҳои табиӣ ва техногенӣ, ки аз рӯи сифат, миқдор, моҳияти техникаи кӯҳӣ, ҷуғрофиёиву иқтисодӣ ва геоэкологӣ барои коркарди саноатӣ мувофиқанд. Кон дар раванди корҳои таҳқиқоти заминшиносӣ кашфу омӯхта шуда, аз натиҷаи таҳқиқот тавсифи заминшиносии иқтисодӣ ва роҳҳои коркарди он муайян карда мешаванд.
Агар аз рӯи маълумоти мавҷуда, аҳаммияти саноатии маъдан маълум набошад, мафҳуми иқтидории Кон ба кор бурда мешавад.
Конҳо дар давоми таърихи ташаккули қишри Замин аз давраи қадимтарин то имрӯз пайдо шудаанд. Вобаста ба қисмбандии таърихии заминшиносӣ, Кон ба давраҳои архей (нахустзистӣ), протерозой (пешинзистӣ), палеозой (дериназистӣ), мезозой (миёназистӣ) ва кайнозой (навзистӣ) гурӯҳбандӣ мешавад.
Моҳияти сифатнокии кон дарбаргирандаи мавҷудияти қисмҳои асосӣ, дуввумдараҷа (дар маъданҳои маҷмавӣ) ва зарарнок мебошад. Кон ба навъҳои сарватҳои табиии газӣ (газҳои сӯзандаи таркибашон карбоҳидратӣ ва газҳои насӯзанда – ҳелий, неон, аргон, криптон), моеъ (нафт ва обҳои зеризаминӣ) ва сахт (унсурҳои қиматбаҳо, булӯрҳо, маъданҳо, ҷинсҳои кӯҳӣ) гурӯҳбандӣ мешавад.
Конҳоро аз ҷиҳати пайдоиш ба эндогенӣ, экзогенӣ ва метаморфогенӣ тақсим мекунанд, ки онҳо дар навбати худ ба намуду гурӯҳҳои бисёр ҷудо мешаванд. Аҳаммияти саноатии Кон ба миқдори захираи сарватҳои табии он вобаста аст, ки ба нодир (азим), бузург, миёна ва хурд ҷудо мешаванд.
Истилоҳи “кон” ба ғайр аз маҷмӯи сарватҳои табиӣ, инчунин барои ифодаи корхонаҳои саноати кӯҳӣ, ки асосан бо истихроҷи зеризаминии маъдан, ашёи хоми кимиёӣ ва масолеҳи бинокорӣ машғуланд, истифода мешавад.
Кон метавонад чандин шахтаи ба якдигар наздикро, ки дар болояшон чандин иншоот ва коргоҳҳои иловагӣ (фабрикаҳои маъдантозакунӣ, кӯфтану ба навъҳо ҷудо кардани маъдан, устохонаҳои электромеханикию таъмиркунӣ, анборҳо, комбинатҳои маишӣ ва ғ.) мавҷуданд, муттаҳид намояд. Баъзан корхонаҳоеро низ кон меноманд, ки маъдан ё ашёи хоми миниралиро дар рӯи Замин ба таври кушод истихроҷ мекунанд.
Дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 400 кони сарватҳои табиӣ (намак, ангишт, мис, тило, кадмий, лаъл, лоҷвард, абрақ, булӯр, оҳан ва ғ.) мавҷуданд, ки то ҳол ҳамаи онҳо комилан кашф ва коркард нашудаанд.
Манбаъ: Энсиклопедияи Милии Тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 441.