preloader

интизор шавед...

Рӯзи дигар аз покиву назофат дар Институт

  • 28-июл-2025
  • 283 дидани саҳифа

Рӯзи шанбеи гузашта, 26-уми июл кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ чун анъанаи дерин барои роҳандозии корҳои покиву назофат ба саҳни Институт ҷамъ омаданд.

Аз шабе то шанбе барои поккориҳо корҳои зиёд ёфт мешаванд. Боди шабу субҳ баргҳои хазонро зиёд парешон мекунад ва чун оғози тирамоҳ аст, дарахтон ҳам мавсими хазонрезро аз сар мегузаронанд.

Кормандон атрофи биноро аз алафҳои хушкидаву баргҳои хазон ва ҳар бодовардаи дигар тоза карданд.

 Боз ҳам бехи дарахтонро нарм карданд, аз миёни буттагулҳо баргҳои хазоншуда чиданд.

Дар ҷойҳое, ки ҷӯйборҳо бар асари селобҳо аз лойқа пур шуда буданд, онро тоза карданд.

Бонувон саҳни ҳавлиро аз баргҳои хазону бодовардаҳои дигар тоза карданд.

Ҳамчунин зарур омад як силсила корҳои уфунатзудоиро ҳам бо истифода аз маҳлулҳои уфунатзудо анҷом диҳанд.

Ин анъана ҳар ҳафта идома мекунад ва барои кормандони ин Институт одат шудааст, ки ҳатман рӯзҳои шанбе чанд соатеро барои поксозии коргоҳи азизашон бахшанд.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Март 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту