Дар асоси нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи 29-уми июли соли 2025 семинари навбатии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва паст кардани ҳавфи сейсмикӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар доираи мавзуи пешниҳодшуда Пӯлод Аминзода, Ҷамшед Камолзода, Ёдгор Ядгоров ва Файзиддин Каримов суханронӣ карданд.
Пӯлод Аминзода дар мавзуи «Фаъолиятҳои омодагӣ ба заминҷунбӣ дар Тоҷикистон» баромад намуда, оид ба омодагӣ ба заминҷунбӣ ва коҳиши хатару талафоти ҷонӣ дар онҳо ибрози назар намуд. Пӯлод Аминзода дар маърӯзаи худ ба истифодаи маълумотҳои мушоҳидаи сейсмологӣ, тадқиқоти муҳандисӣ геологӣ барои арзёбиҳои эҳтимолии хавфи сейсмикӣ бештар таваҷҷуҳ кард. Вай таъкид намуд, ки харитаи муайянкунандаи хатари сейсмикии қаламрави Тоҷикистон барои арзёбии устувории сейсмикии биноҳо ва иншоотҳо соли 1978 тартиб дода шудааст. Дар айни замон қариб тамоми кишварҳои ҷаҳон, ки ба хатари сейсмикӣ дучор шудаанд, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳангоми тарҳрезӣ ва сохтмон ба истифодаи харитаи эҳтимолии хавфи сейсмикӣ гузаштаанд. Муаллиф вариантҳои гуногун ва татбиқи амалии баҳодиҳии эҳтимолии хавфи сейсмикиро баррасӣ намуд. Ба масъалаҳои таъминоти илмӣ-техникии лоиҳакашӣ ва сохтмон диққати махсус дода шуд. Дар айни замон корҳо оид ба ҷорӣ намудани истифодаи харитаҳо дар истеҳсолот идома доранд. Масъалаҳои таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба устувории зилзилатобоварии сохтмон ва инчунин тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ба миён омаданд.

Сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майор Ҷамшед Камолзода дар мавзуи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2034 баромад намуд. Дар ин суханрони генерал Камолзода зикр кард, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми декабри соли 2018 “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари фалокатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030” тасвиб шуд. Дар доираи Стратегияи миллӣ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи коҳиши хатари фалокатҳои табиӣ дар солҳои 1997 – 2018 таҳлил карда мешаванд. Илова бар ин, тарафҳои қавӣ ва заифи раванди идоракунии хатарҳо арзёбӣ ва ба ҳолати омодагӣ ва аксуламал ба фалокатҳо таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Стратегияи миллӣ ба коҳиши хатарҳои мавҷуд ва пешгирии хатарҳои нави фалокатҳои табиӣ бар мабнои таҳкими иқтидори миллӣ ҷиҳати идораи хатароти офоти табиӣ нигаронда шудааст. Татбиқи афзалиятҳо ва вазифаҳои ҳадафманди Стратегияи миллӣ марҳала ба марҳала то соли 2030 сурат мегирад ва таҳияву қабули барномаҳоро барои солҳои 2020-2022, 2023-2026 ва 2027-2030 пешбинӣ менамояд. Чунин бархўрд имкон медиҳад, ки иқдомоти воқеӣ ва муассир муайян ва захираҳои маблағгузорӣ ҷиҳати дастгирии чорабиниҳои дар нақшаҳо воридшуда барои марҳалаҳои дуюм ва сеюми татбиқи Стратегияи миллӣ сафарбар шаванд. Инчунин, нақшаи мазкур имкон медиҳад, ки дар иқдомҳои тарҳрезишуда, нишондодҳои ҳадафнок ва маблағгузорӣ бо дарназардошти пешравии бадастомада ва ё иваз шудани афзалиятҳо таҷдиди назар шаванд. Бо роҳбарии Платформаи миллӣ мунтазам раванди мониторинг ва арзёбӣ сурат мегирад, ки ба татбиқи барномаҳои миёнамуҳлат ва вазифаҳои дарозмуддати Стратегияи миллӣ мусоидат менамояд.

Генерал Камолзода ҳамчунин гуфт, ки Барномаи миёнамуҳлат оид ба татбиқи Стратегияи миллӣ барои солҳои 2020-2022 ба асоси афзалиятҳои калидӣ ва вазифаҳои мақсадноки Стратегияи миллӣ бо дарназардошти бархўрдҳои ҷадиди Барномаи қолабии Сендай ва Ҳадафҳои рушди устувору босубот то соли 2030 ва иваз шудани таваҷҷуҳ аз мудирияти фалокатҳо ба идораи хатари фалокатҳои табиӣ, афзудани нақши омили гендерӣ, ҳамоиш ва иштироки бахши хусусӣ дар сиёсат таҳия шудааст. Барнома аҳдоф, вазоиф ва самтҳои фаъолият, инчунин, механизми татбиқи онро дар давраи миёнамуҳлат то соли 2022 муайян кард.
Мақсади асосии стратегияи паст кардани хатарҳои офатҳои табиӣ — паст кардани хатарҳо, муҳофизат аз осебҳо ва таъмини амният барои мардум ва муҳити зисти Тоҷикистон аст. Стратегия бо таъмини устувории инфрасохтор, системаи огоҳкунӣ ва омӯзишҳои дақиқ дар бораи офатҳои табиӣ кӯмак мекунад, то Тоҷикистон бо камтарин осеб дар баробари офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ шавад.
Ҷамшед Камолзода дар бахши дигари суханронии худ иброз дошт, ки ҳадафи аввалини стратегии миллии паст кардани хатарҳои офатҳои табиӣ – коҳиш додани эҳтимолияти ба вуҷуд омадани офатҳо ва таъсири манфии онҳо мебошад. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф, истифодаи расмии санадҳои муҳити зист, дар ҳолати кӯҳистон ва минтақаҳои осебпазири кишвар бунёд кардани инфрасохторҳои мустаҳкам, ки ба офатҳо устувор бошанд, зарур аст. Ин тадбирҳо ба таъмин намудани ҳифзи муҳити зист ва амнияти аҳолӣ дар минтақаҳои хатарнок, инчунин роҳандозии тадбирҳои амалии эҳтиётӣ барои паст кардани хатарҳои экологии кӯмак мерасонанд.
Ёдгор Ядгоров – дар мавзуи натиҷаҳои асосии мониторинги муҳандисӣ ба ҳолати техникии сарбанди Неругоҳи Норак баромад намуд. Ӯ зикр кард, ки гузаронидани мониторинги муҳандисӣ дар сарбанди нерӯгоҳҳои барқии обӣ яке аз муҳимтарин чораҳои таъмини устуворӣ ва бехатарии иншооти гидротехникӣ мебошад. Сарбанди неругоҳ на танҳо вазифаи нигоҳ доштани обро барои истеҳсоли нерӯи барқ дорад, балки ҳамчун монеаи асосӣ дар пешгирии офатҳои табиӣ, ба монанди сел ва обхезӣ нақши муҳим мебозад. Мақсади асосии мониторинг назорат ва арзёбии ҳолати техникӣ ва устувории сарбанди нерӯгоҳ мебошад. Ин амалиёт имкон медиҳад, ки нуқсонҳо ва хатари эҳтимолӣ дар замони барвақт ошкор ва барои бартарафсозии онҳо чораҷӯӣ карда шавад. Вай ҳамчунин дар бораи натиҷаҳои асоси таҳлили маълумотҳои мониторинги муҳандисии сарбанди неругоҳи Норак, аз он ҷумла натиҷаҳои мониторингӣ, муҳандисӣ, гелодезӣ, гузаронидани корҳои муҳандисӣ-сейсмометрӣ, полоиш ва дигарҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Файзиддин Каримов – сардори бахши иншоотҳои гидротехникии ҶСК «Барқи Тоҷик» дар мавзуи Мушкилоти табиии каскади НБО дар дарёи Вахш ва таъмини бехатарии сарбандҳо дар мисоли ярчи Бойғози баромад намуд. Вай қайд кард, ки қисми зиёди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯҳҳо ишғол мекунанд ва дар робита ба ин, ярчҳои миқёси гуногун хеле васеъ инкишоф ёфтаанд. Ярчҳо дар минтақаҳои гуногун ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ зарари калон мерасонанд. Аз ин рӯ, омӯзиши динамикаи ҳаракати ярч бо усулҳои мушоҳидаҳои геодезӣ ва таҳқиқоти геофизикии ярч барои муайян кардани хусусияти он, қабули қарорҳо оид ба гузаронидани чорабиниҳои гуногуни мӯътадилсозии онҳо ва пешгирии саривақтии зуҳуроти хатарноки ярч зарур аст. Яке аз хатарноктарин ярч дар қаламрави Ҷумҳурӣ ин ярчи Бойғози мебошад, ки дарёи Вахшро борҳо бастааст. Ин ярч дар соҳили рости дарёи Вахш дар масофаи 4,5 км аз Неругоҳи барқии обии Бойғозӣ дар поёнтар аз ҷараёни дарё ҷойгир аст. Дар бораи пайдоиши ярч ва таъмини бехатарии сарбанд маълумоти пурра пешниҳод намуд.


