preloader

интизор шавед...

Профессор Икуо Тоҳата заминларзаи соли 1949-и Ҳоитро даҳшатноктарин руйдоди асри XX номид

  • 05-сен-2023
  • 211 дидани саҳифа

Профессор Икуо Тоҳата заминларзаи соли 1949-и Ҳоитро даҳшатноктарин руйдоди асри XX номид

   2-уми августи соли 2023 профессор, доктори соҳаи муҳандисии сохтмони шаҳрвандии Донишгоҳи Токио (Ҷопон) Икуо Тоҳата бо мақсади роҳандозии як силсила корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

   Профессор Икуо Тоҳата муаллифи зиёда аз 500 асари интишорёфта буда, аксари онҳо дар маҷаллаҳои сатҳашон ҷаҳонӣ ба нашр расидаанд.

   Корҳои профессор самтҳои гуногунро дарбар гирифта, асосан мавзуъҳои тавсифоти деформатсияи қабатҳои ҷинсҳои куҳӣ, таҳлили динамикии қишри замин ҳангоми заминҷунбӣ, беҷошавии қабатҳои замин дар натиҷаи ҳаракатҳои тектоникӣ ва ғайраҳоро дарбар мегирад.

   Мақсади асосии сафари профессор Икуо Тоҳата ба кишвари мо ин ба роҳ мондани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба омӯзиши равандҳои экзогении геологӣ буд. Аввалин мавзеъ, ки донишманди ҷопонӣ аз он дидан намуд, ноҳияи Рашт, мавзеи заминларзаи соли 1949 ҷамоати деҳотиҲоит буд. Тавре маълум аст, зилзилаи Ҳоит дар таърихи заминларзаҳои кишвар аз мудҳиштарин заминҷунбиҳо буд, ки ҳазорон нафарро ба ҳалокат расонд ва садҳо хонаҳоро зери хок кард.

Донишманди ҷопонӣ зимни боздид аз ин мавзеъ  таҳлилҳои визуалӣ гузаронид. Профессор Икуо Тоҳата ба ин назар аст, ки “заминҷунбии соли 1949 ба вуқуъомада, ки бо худ раванди ярчиро оварда ҷони зиёда 40 ҳазор инсонро аз байн бурдааст, дар ҳақиқат ҳам яке аз руйдодҳои даҳшатноктарини асри XX ба ҳисоб меравад”.

   Рузи дуюми сафари корӣ, меҳмон аз нерўгоҳи обии барқии Норак дидан намуд.

   Ташрифи профессор ба ноҳияи Ҳисор ба рўзи охири сафари хидматӣ рост омад. Дар он ҷо профессор аз минтақаҳои аз ярч зарардидаи соли 1989 ва қалъаи Ҳисорро дидан намуд.

   Ғайр аз ин, дар доираи ин сафар, пас аз анҷом ёфтани корҳои саҳроӣ рӯзи 25-уми августи соли соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Институти геология, сохтмони ба заминљунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ семинари машваратӣ дар мавзуи “Мушкилоти муҳандисии марбут ба кафишҳо” аз тарафи профессор Икуо Тоҳата баргузор гардид. 

   Дар семинари мазкур кормандони илмии муассиса, инчунин намояндагони ДМТ ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Файзуллоев Ш.А.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту