preloader

интизор шавед...

Тайёр намудани кадрҳои ҷавон дар Институт

  • 20-сен-2025
  • 112 дидани саҳифа

Дар ҷаласаи васеи озмоишгоҳи баҳодиҳии хатарҳои сейсмикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ ҳимояи пешакии рисолаи мудири Шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикӣ Ёқубов Шокирҷон Абулфайзович дар мавзуи “Хусусиятҳои пайдошавии равандҳои ярчӣ дар рӯди Сурхоб бо назардошти таъсироти сейсмикӣ” доир гардид.

Минтақаи тадқиқотӣ мунтазам ба оқибатҳои ярчҳои сейсмогенӣ, махсусан дар минтақаҳои кӯҳӣ дучор мешавад. Як мисоли аён лағжиши ярч дар соли 2005 дар яке аз манотиқи ноҳияи Рашт аст. Заминҷунбӣ бо боришоти шадид бо назардошти фурӯ рехтани массаҳои зиёди хок, ки боиси вайрон шудани роҳҳо ва талафоти ҷонӣ гардид. Минтақаи пайвастшавии Ҳисору Олой ва депрессияи Тоҷик яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ ва геодинамикӣ фаъолтарин буда, хатари баланди лағзишҳои сейсмогении амиқро ба вуҷуд меорад. Ин ҳудудҳо дар минтақаи Вахши Боло воқеъ гардида, бо сохти мураккаби тектоникӣ фарқ мекунанд, ки эҳтимоли зиёд шудани ярч, махсусан дар шароити таъсири сахти сейсмикиро муайян мекунад.

Рисолаи мазкур аҳаммияти назариявӣ ва илмию амалии худро дорад.Аҳаммияти назариявии рисола дар он аст, ки натиҷаҳои тадқиқоти ба дастовардашуда, фаҳмишҳои назариявии мавҷударо дар як қатор самтҳои тадқиқот пурра мекунанд. Аз ҷумла, усули таҳлили эҳтимолии хатари сейсмикӣ, ки дар рисола бо истифода аз барномаҳои таъминотии махсуси CRISIS2015 таҳия шудааст, заминаи илмии омӯзиши хатари сейсмикиро дар минтақа такмил хоҳад дод.

Рисолаи мазкур таҳти роҳбарии доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Саидов М.С. омода ва ба ҳимоя пешниҳод гардидааст.

Дар ҷаласаи васеи озмоишгоҳ як зумра олимони соҳа аз донишгоҳу муассисаҳои илмии соҳавӣ ширкат ва дар музокираи он баромад намуданд. Дар суханрониву муҳокимарониҳо кулли ширкаткунандагон муҳим будани мавзуи интихобгардида ва аҳаммияти назариявиву амалии рисоларо баён доштанд.

Зикр гардид, ки рисолаи мазкур яке аз он таҳқиқотест, ки ба масъалаи мубрам – ноҳиябандии сейсмикии минтақа ва омӯзиши равандҳои ярчиву фурӯравӣ ва дигар равандҳо равона карда шудааст.

Зикр бамаврид аст, ки таваҷҷуҳи давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тайёр намудани кадрҳои ҷавон рӯз то рӯз афзуда истодааст.  Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кулли суханрониву Паёмҳои хеш нисбат ба ин масъала диққати махсус додаву донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои илмиро вазифадор намуданд, ки дар ин самт кору фаъолиятро ҷоннок намоянд. Ин нукта дар Стратегияву Барномаҳои давлатӣ низ мақоми махсусро касб намудааст. 

Маврид ба ёдоварист, ки вақтҳои охир бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, номзади илмҳои геология ва минералогия Сафарализода Носир Саидҷалол таваҷҷуҳ ба тайёр намудани кадрҳои ҷавон, хоса кадрҳои ҷавони маҳаллӣ бештар гардидаву сафи олимони ҷавон афзуда истодааст.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Октябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту