preloader

интизор шавед...

Шанбеи дигари ободонӣ дар Институт

  • 21-сен-2025
  • 64 дидани саҳифа

Рӯзи шабеи гузашта, 20-уми сентябр кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон ба сурати дастаҷамъӣ ба коргоҳ ҳозир шуданд ва чун анъанаи ҳафтаву моҳу солҳои пеш даст ба корҳои ободонӣ заданд.

Вазифаи ободкорони ин ҳафта хеле мушаххастар буд. Мебоист роҳраву утоқҳои кории фарсудаву рангпаридаро дубора ба ҳолати зебоии қаблиашон бармегардонданд.

Бинои Институт яке аз биноҳои хеле қадимаи пойтахти кишвар мебошад. Аммо мутаассифона, боре ҳам пурра аз таъмири ҷорӣ нагузаштааст. Ҳоло ки каме имкон фароҳам омад, бо дастуру ташаббуси директори он Носир Сафарализода аввалин корҳои таъмиру тармим ҳам шуруъ шуданд.

Тавре аз расмҳо мебинед, кормандони Институт дар даст андоваву дигар таҷҳизоти зарурӣ саргарми коранд. Онҳо деворҳои андоварехтаро дубора андова мекунанд, ҷо-ҷо деворҳои азҳамрехтаро дубора бунёд мекунанд, рангубор медиҳанд ва бо ин васила ба бино ва коргоҳи худ ҳусну зебогӣ мебахшанд.

Тавре гуфтаем, корҳои ободониву назофат дар Институт ҳамешагианд. Ҳар шанбе чун як анъанаи қадим ҳамгон аз сари субҳ ҳозир мешаванд ва дар ободонии бинои коргоҳ, ҳавливу ҳотаи он, кабудизоркунии боғи Институт ва ғайра саҳм мегиранд.

Расмҳо ҳикоят аз корҳои рӯзи 20-уми сентябри соли 2025 мекунанд.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Октябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту