
Кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боз як таъмири ҷиддиву фарогирро дар як пойгоҳи зилзиласанҷии кишвар ба анҷом расонданд.
Рӯзҳои 20- 21- уми сентябри соли равон баъд аз васлу насби дастгоҳи нави сейсмикии рақамӣ дар пойгоҳи сейсмикии ноҳияи Лахш корҳои ободонӣ ва рӯпуш намудани болои боми ин пойгоҳ ба анҷом расид.
Роҳандозии корҳои ободонии пойгоҳи сейсмикии Лахш чун ҷузъе аз силсилапойгоҳҳои зилзиласанҷии кишвар бо иқдоми директор Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Носир Сафарализода сурат мегирад.

Ин пойгоҳ дар қаламрави ноҳияи Лахш, Ҷамоати деҳоти Ваҳдат, деҳаи Кушай ҷойгир буда, он 74 сол қабл, дақиқан соли 1951 бунёд шуда буд. Пойгоҳ то фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон хуб фаъолият мекард. Аммо солҳои ҷанг дар ин пойгоҳ сӯхтори шадид ба вуҷуд омад ва як бинои он, ки аз чӯбу тахта сохта шуда буд, пурра ба коми оташ рафт. Аз он вақт ба инҷониб пойгоҳ аслан фаъолият намекард. Дару девору атрофи бинои гилину сементии он ҳолати валангоршударо мемонд. Таҷҳизоти куҳан ҳам пурра хароб шудаву қисмҳои он гум шуда буд.
Ҳоло бо талоши кормандони Институт он дубора фаъол шуд. Лозим омад боми биноро аз нав обод кунанд. Деворҳои рангубор намуда, ба дарҳо ҳусни тоза зам кунанд.
Баъдан тибқи татбиқи як лоиҳаи фаъолгардонии пойгоҳҳои харобшуда ба он низ таҷҳизоти муосир насб карданд ва ба шабакаи зилзиласанҷӣ пайваст шуд.
Ҳоло ҳам бино ва ҳам худи пойгоҳ баъди муҷаҳҳаз кардан бо дастгоҳҳои нав коршоям шуд ва ба фаъолият оғоз намуд.

Таҷҳизоти васлгардида ба системаи ягонаи сейсмикии онлайнии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳо пайваст гардида, маълумот дар сервери ягона барои омӯзиш ва коркард ҷамъоварӣ мешавад. Баъдан ин маълумоти гирдомада аз ҷониби мутахассисони Институт мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор мегирад.
Гуфтанист, ки шуруъ аз моҳи марти соли равон бо дастури Президенти АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода роҳбарияти Институт иқдом кард якояк пойгоҳҳои азкормондаро фаъол кунад.
Ин як кори пурмашаққат ҳам буд. Тасаввур кунед ба иддае аз ин гуна пойгоҳҳо даҳсолаҳо аслан касе таваҷҷуҳ ҳам накардааст, аз ҳолашон хабар ҳам нагирифтааст. Ба сабаби набудани имконоти молӣ барои ободонии онҳо ва муҷаддадан фаъол сохтанашон талош сурат нагирифтааст.
Дар ин муддат пойгоҳҳои сейсмикиро дар Хуҷанд, Офтобрӯйи Исфара ва Истаравшан, Ҳазорчашма, Арчинак,Санги Кари ҷамоати деҳоти Раҳимзода ноҳияи Рашт, Лахш обод сохтанд, биноҳоро рангубор карданд, саҳни ҳавлиҳо бо боғу роғи мансуб ба ин пойгоҳҳоро аз ҳар гуна бодовардаҳо тоза намуданд. Утоқҳои кориро ба танзим дароварданд ва барои кормандонаш шароит кории муносиб фароҳа биёварданд.





