Чанд сухан аз нукоти муҳими суханронии Пешвои муаззами миллат дар Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ
Чун ҳамасола дар кишвар 1-уми сентябр Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ бо тантана ва шукӯҳи хоса ҷашн гирифта шуда, дарси аввали соли хониш аз дарси сулҳ оғоз мегардад. 1-уми сентябр дар ҳамаи дабистонҳо, донишкадаҳо ва донишгоҳҳои олии касбӣ Рӯзи дониш таҷлил гардида, бо садои баланди занги аввал соли нави хониш оғоз меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз суханронии худ тамоми устодон, омӯзгорон, хонандагон ва донишҷӯёнро бо оғози соли нави таҳсил табрику муборакбод намуданд. Дар зимни суханронии худ доир ба Рӯзи дониш ва сулҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Тайи даҳсолаҳои охир, яъне охири асри 20 ва оғози садсолаи 21-ум вазъи сайёра бар асари талоши абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бисёр ҳассосу ноором гардид.
Хусусан, ҳодисаву воқеаҳои вақтҳои охир, аз ҷумла бархӯрди манфиатҳо, мухолифату низоъҳои сиёсиву низомӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, торафт возеҳ гардидани нишонаҳои «ҷанги сард» ва гузариши он ба «марҳалаи гарм» дар минтақаҳои гуногуни дунё, инчунин, тағйирёбии босуръати иқлими сайёра имрӯз ҳаёти инсониятро зери хатари ҷиддӣ қарор додаанд. Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу ҳассос таҳаммулгароӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо ва тарғибу ташвиқи андешаву афкори сулҳпарварона барои аҳли башар ниҳоят муҳим ва ҳатто ҳаётӣ мебошад.
Яъне сулҳу амният, оромиву осоиш ва ҳамгироиву ҳамкорӣ дар замони муосир барои тамоми кишварҳои сайёра бояд аз ҷумлаи муҳимтарин арзишҳои ҳаёти инсонӣ дониста шаванд”
Дар суханронии худ Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, сулҳу оромӣ ва дигар арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди баору номуси миллат, аз ҷумла шумо, хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорони арҷманд мебошад. “Танҳо сулҳу ваҳдат, чароғест ба сӯи ояндаи дурахшон, ки мо онро чун дастоварди беназир қадр ва ҳифз намоем. Вазъи кунунии ҷаҳон ҳар яки моро водор месозад, ки дар кишварамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам бештар мустаҳкам гардонем ва манфиатҳои миллии худро аз таъсири пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳони муосир устуворона ҳифз намоем”
Пешвои муаззами миллат дар бораи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омӯзиши илм дар кишвар таъкид карданд ва афзуданд, ки “омӯзиши илм ва давраи шиддати рӯзафзун пайдо кардани рақобату мухолифатҳо танҳо ҷомеа ва давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки дорои низоми пешрафтаи илму маориф ва шаҳрвандони соҳибмаърифату донишманд бошанд.
Мо дар ин ҷода, ба хотири он, ки ҷавонону наврасон ва умуман, шаҳрвандони худро дар рӯҳияи гиромидошт ва омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбияву раҳнамоӣ кунем, озмуни «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат»-ро эълон намудем.
Ҳадафи мо аз иқдоми зикршуда «тагурӯ» кардани таърих нест, балки мо мехоҳем мардумамон бо суннату анъанаҳои деринаи аҷдодӣ, расму ойинҳои ғановатманди миллӣ ва гузаштаи пурифтихори худ бештар ва беҳтар шинос шаванд, решаҳои худро донанду шиносанд ва барои ҳифзу гиромидошти арзишҳои таъриху фарҳанги бостонии хеш масъул ва саҳмгузор бошанд”.
Қараев И.