
Муруре ба як сафари хизматии кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар мавриди гузаронидани корҳои саҳроии муштарак бо олимони Институти Геологияи Академияи илмҳои Федератсияи Русия дар ҳудуди пойгоҳҳои сейсмогеокимиёвии ИГСЗТС АМИТ
Аз 2 – ум то 14 – уми сентябри соли 2025 таҳти роҳбарии муовини директори Институти геологияи Академияи илмҳои Русия, доктори илмҳои геология ва минералогия В. Лаврушин ва бо иштироки ходими пешбари илмӣ, номзади илмҳои геология ва минералогия Г. А. Челноков, якҷо бо мутахассисони Институти геология, сохтмони заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Ёқубов Ш.А., Олимов Ш.А., Бахтиёрӣ М.С., таҳқиқоти саҳроӣ дар мавзеъҳои обҳои зеризаминии минералӣ ва термалии пойгоҳҳои сейсмогеокимиёвии Хоҷаобигарм, Шоҳамбарӣ, Явроз, Оби шурак ва дигара мавзеъҳо гузарониданд.

Мақсади асосии таҳқиқот омӯзиши таркиби кимиёвӣ, минерализатсия, дигаргуншавии параметрҳои обҳои минералии пойгоҳҳои сейсмогеокимиёвии ИГСЗТС АМИТ буд, ки барои мониторинги гидрогеокимиёвӣ ва пешгӯикунии ҳолатҳои сейсмикӣ судманд мебошад.
Бори нахуст дар давоми беш аз 30 сол дар чашмаҳо ва пармачоҳҳо бо корбурд аз радиометри муосири «Алфарад+» ченкунии бевоситаи радони ҳалшуда дар об анҷом дода шуд. Натиҷаҳо додаҳои тоза ва муҳимеро дар бораи сатҳи радиоактивии обҳои минералӣ доданд. Тибқи ченкуниҳо, миқдори радон дар обҳои минтақаи Помир ва қаторкӯҳҳои Ҳисор аз 26 Бк/л беш набуд, ки нисбат ба меъёрҳои қабулии бисёре аз кишварҳо (60-100 Бк/л) паст мебошад. Дар айни замон, дар буғи оби пармачоҳҳои Ҳоҷаобигарм фаъолияти радон аз 800 Бк/м³ боло рафт, ки ба хусусиятҳои табобатии обҳои курортӣ созгор аст.

Ҳамзамон таҳлили кимиёвии намунаҳои об анҷом дода шуда, доираи васеи микроэлементҳо, аз ҷумла металлҳои вазнин муайян карда шуданд. Ин таҳлилҳо имкон фароҳам оварданд, ки на танҳо маҳдудиятҳои экологӣ ва имкониятҳои истифодаи балнеологии обҳо арзёбӣ шаванд, балки инчунин нодурустиҳои (аномалияҳои) гидрогеокимиёвӣ ва геотермалӣ бо маълумот дар бораи муҳитҳои гуногуни тектоникии минтақаҳои печидаи Евразия ҳамсанҷӣ гарданд.

ХУЛОСА. Натиҷаҳои ин пажӯҳиш барои беҳтар намудани системаҳои мониторинги сейсмологӣ дар минтақаҳои фаъоли тектоникӣ аҳаммияти назаррас доранд. Давом додани пажӯҳиш дар самти омӯзиши хусусиятҳои физикӣ ва кимиёвии обҳои зеризаминӣ муҳим ва зарур мебошад.
Гуфтанист, ки роҳбарияти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ бо сарварии директори он Носир Сафарализода дар заминаи сиёсати дарҳои боз ва дастгирии бевоситаи Президенти АМИТ, академик Қобилҷон Хушвахтзода, инчунин бо дарназардошти аҳаммияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм ва инноватсия, тадбирҳои муассиреро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо муассисаҳо ва марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ роҳандозӣ менамоянд.
Дар доираи ин ҳамкорӣ, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо ҷалби олимони хориҷӣ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ амалӣ гардида, барои такмили малакаи кадрҳои ҷавон, табодули таҷриба, ҳамчунин ворид намудани технологияи муосир ба равандҳои илмӣ замина фароҳам оварда мешавад.

Ин ҳамкорӣ на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи илм дар кишвар мусоидат менамояд, балки Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод дар арсаи илмии ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад. Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ барои бастан ва амалӣ кардани ёдошти тафаҳум миёни Институти геологияи федератсияи Русия ва Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон минннатдории хешро ба Президенти АМИТ, академик Хушвахтзода Қобиҷон Хушвахт баён медорад.



