Имсол соли рушди Созмони ҳамкориҳои Шанхай эълом шуда, он ба 20-солагии таъсиси Форуми иқтисодии АвруОсиё рост омадааст. Бинобар ин баргузории ин нишаст дар шароити рушди иқтисоди гуногунҷанба, аҳаммияти муҳимми таърихӣ дорад. Мақсади аслии ин ҳамоиш такя ба Созмони ҳамкории Шанхай роҳандозии ташаббусҳои “Як камарбанд, як роҳ”, иҷрои натиҷаҳои саммити Чин – Осиёи Марказӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодии маҳаллӣ ва ҳамчунин баррасии масъалаҳои татбиқи натиҷаҳои нишасти “СҲШ +” дар Остона ва ҳамоиши 2-юми Чин ва Осиёи Марказӣ дар сохтори “1+5+3+1” мебошад.
Дар шаҳри Сиан, маркази вилояти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 23 то 25-уми сентябри соли 2025 Форуми иқтисодии Авруосиё-2025 таҳти унвони “Муттаҳидсозии неруҳои нави пешбаранда дар Авруосиё барои бунёди муштараки меъмории нави рушди устувор” баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур аз 40 кишвари ҷаҳон беш аз 500 сиёсатмадор, соҳибкорон ва олимон, аз ҷумла аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва мамлакатҳои иштирокчии “Ташаббуси як камарбанд, як роҳ” ширкат варзиданд.
Тибқи барнома анҷуман аз маросими ифтитоҳ ва иҷлосияи пленарӣ иборат буда, ҳамчунин 4 бахш, 13 зерфорум дар мавзуъҳои ҳамкориҳои геологӣ ва сармоягузории истихроҷи маъдан дар кишварҳои СҲШ, ҳамкориҳои сайёҳӣ дар минтақаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё (МҲТБО) ва рушди захираҳои инсонӣ, мубодилаи афкор ва ҳамкорӣ дар самти тибби анъанавии Чин, рушди маҷмуии минтақаҳо, рушди илмӣ-техникӣ, хидматрасонии тиҷоратӣ-ҳуқуқӣ дар доираи “Як камарбанд як роҳ”-ро дар бар мегирифт. Гузашта аз ин, дар форум ҳамоишҳои табодули тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, муаррифии гузориши “Шарҳи иқтисодии Авруосиё дар доираи Сохтмони муштараки Ташаббуси як камарбанд, як роҳ” ва бунёди иттиҳодияи нави марказҳои таҳлилӣ гузаронида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки имсол соли рушди Созмони ҳамкории Шанхай эълом шудааст, ки ба 20-солагии таъсиси Форуми иқтисодии АвруОсиё рост омадааст. Бинобар ин баргузории ин нишаст дар шароити рушди иқтисоди гуногунҷанба, аҳаммияти муҳимми таърихӣ дорад. Мақсади аслии ин ҳамоиш такя ба Созмони ҳамкории Шанхай роҳандозии ташаббусҳои “Як камарбанд, як роҳ”, иҷрои натиҷаҳои саммити Чин – Осиёи Марказӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодии маҳаллӣ ва ҳамчунин баррасии масъалаҳои татбиқи натиҷаҳои нишасти “СҲШ +” дар Остона ва ҳамоиши 2-юми Чин ва Осиёи Марказӣ дар сохтори “1+5+3+1” мебошад.
Анҷумани иқтисодии АвруОсиё соли 2005 аз ҷониби Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис дода шудаст ва дар сохтори он мақоми асосӣ Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб ёфта, як маротиба дар ду сол баргузор мешавад, ки ба минтақаи Авруосиё нигаронида шудааст ва ба як ҳмоиши сатҳи баланд ва кушодаи байналмиллалӣ мубаддал гаштааст. Дар тӯли 20 соли мавҷудияти худ, ин анҷуман беш аз даҳҳо ҳазор ширкаткунандагонро аз беш аз 70 кишвар ва минтақа ҷалб намуда, шоҳиди имзои беш аз 200 созишнома ва ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ ва боиси оғози як қатор лоиҳаҳои гаронарзиш дар бахшҳои энергетика, молия, нақлиёт ва гуманитарӣ гардидаст.
Хушбахтона, дар кори ин ҳамоиш аз Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳамчун намояндаи геологияи тоҷик Мустафо Лоиқзода иштирок намуд.
Сароғоз Лоиқзода М.Л. дар қатори дигар намояндагони СҲШ дар маросими ифтитоҳи анҷуман ширкат варзида, сипас дар Конференсияи ҳамкориҳои геологӣ ва сармоягузории истихроҷи маъдан дар кишварҳои СҲШ бо маъруза ва дар Конференсияи IV байналмилаии геофизикии “Як камарбанд, як роҳ” оид ба рушди соҳаи геология дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи инкишофи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ҷустуҷӯи сарватҳои зеризаминӣ бо истифода аз усулҳои замонавӣ, ҳолати муосири тадқиқ ва истихроҷи маъдан суханронӣ намуда, ба суолҳои иштироккунандагон посух дод.
Ҳамчунин дар ҳошияи анҷумани мазкур бо намояндагони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай вохӯриҳо гузаронида шуда, бо гурӯҳи соҳибкорон ва ширкатҳои истеҳсокунандаи таҷҳизотҳои муосири истихроҷи маъдани ҶМЧ мулоқотҳои судманд анҷом дод.
Ҳамзамон, Лоиқзода М.Л. қатори дигар ширкаткунандагони ҳамоиш аз бахшҳои намоишгоҳҳои ба муносибати 20 солагии таъсиси “Анҷумани иқтисодии АвруОсиё” ташкил кардашуда, дидан намуд.
Ҳамоиши мазкур дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳа барои ташаккули тарҳи нави рушди устувор дар як сатҳи олӣ баргузор шуд.
Лоиқзода М.Л.
Институти геология, сохтмони ба
заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон