preloader

интизор шавед...

Ҷараёни ободонии пойгоҳи сейсмикии Симиганҷ

  • 22-окт-2025
  • 8 дидани саҳифа

Кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар пойгоҳҳои сейсмикии Симиганҷ корҳои ободонӣ ва барқарорсозии иншоотҳоро ба роҳ мемонанд. Бо ташаббуси директори Институт Носир Сафарализода на танҳо ин пойгоҳ, балки пойгоҳҳои зиёди зилзиласанҷии кишвар рӯ ба ободӣ меоранд.

Дар айни замон таҳти сарварии мудири Шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикӣ Ш.Ёқубзода боми  бинои пойгоҳи сейсмикии Симиганҷ таъмир  гардида, корҳои ободонӣ дар дигар пойгоҳҳо низ идома дорад.

Пойгоҳи мазкур соли 1982 бунёд шудааст ва аз як  бино дуошёнаи хидматӣ ва таҳхона иборат аст. 

Кормандони Институт бо ширкати бевоситаи директори он Носир Сафарализода сақфу фарши биноро комилан навсозӣ карданд. Деворҳои рехтаву фарсудашударо андова карданд, ба утоқҳои торик барқ оварданд.

Боми биноро, ки аз фарсудагӣ ба боду борон тобовар набуд, шиферпӯш карданд. Ҳоло бино ранги дигар гирифт: тозаву озода шуд, саҳни ҳавлии он назаррабо гашт ва ба кору фаъолият омода гардид.

Ин пойгоҳ дорои таҷҳизоти сейсмикӣ буда, дастгоҳи сейсмикии он рақамӣ соли 2016 насб карда шуда, ба системаи ягонаи сейсмикии онлайнии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳо пайваст гардида, маълумот дар сервери ягона барои омӯзиш ва коркард ҷамъоварӣ мешавад. Баъдан ин маълумоти гирдомада аз ҷониби мутахассисони Институт мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор мегирад.

Иқдоми навсозии таҷҳизоти пойгоҳҳои сейсмикӣ метавонад такони хубе дар омӯзиши омилу сабабҳои заминларзаҳо дар минтақа ва вақту соати дақиқи вуқуи онҳо бошад ва дар пешрафти илми ларзашиносии кишвар қадаме ба пеш бошад. 

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Октябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту