
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ конфронси байналмиллалии илмӣ-амалӣ таҳтиноми “Илмҳо оид ба Замин: вазъикунунӣ ва дурнамои онҳо” доир гардид. Конфронси мазкур ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои солҳои 2020-2040 ва “Соли 2025 – соли байналмиллалии ҳифзи пияхҳо” бахшида шудааст.
Конфронсро директор Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ Носир Сафарализода ҳусни оғоз бахшид.
Дар суханронии ифтитоҳии худ Носир Сафарализода иброз дошт, ки геологияи муосир аз навтарин дастовардҳо ва усулҳои як қатор илмҳои табиӣ - риёзӣ, физика, химия ва биология истифода мебарад. Пешрафти назаррас дар ин соҳаҳои илм ва геология бо пайдоиш ва рушди илмҳои муҳими заминшиносӣ - геофизика, геохимия, биогеохимия, химияи кристаллӣ ва палеогеография мусоидат кардааст. Қобили зикр аст, ки иртиботи бисёрҷонибаи байни геология ва пиряхшиносӣ барои дарку фаҳмиши равандҳои гуногуни геологӣ, ки дар сатҳи Замин рух медиҳанд, мебошад. Тайи солҳои охир самти рушди илмӣ аз ҷониби ба ҳам омадани таҳқиқоти бунёдӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла ташаббуси Роҳбари давлат дар бораи эълон кардани солҳои 2020-2040 ҳамчун "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" муайян карда шудааст. Ин ташаббус тасдиқ мекунад, ки илмҳои дақиқ дар стратегияи рушди устувори Тоҷикистон мавқеи афзалиятнок дорад.
Носир Сафарализода дар идомаи суханрониаш афзуд: Дар пасманзараи тағйири ҷаҳонии иқлим таҳқиқоти геологӣ торафт бештар байнифаннӣ мешавад ва усулҳои геофизика, геохимия, геоморфология, сейсмология ва яхшиносиро барои ноил шудан ба дарки ҳамаҷонибаи равандҳое, ки дар литосфера ва таъсири мутақобилаи он бо дигар геосфераҳо рух медиҳанд, муттаҳид мекунад.

Сипас, ноиби президенти АМИТ доктори илмҳои техникӣ Илҳом Амонзода дар мавриди муҳим будани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои солҳои 2020-2040 ва “Соли 2025 – соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо” фикру назари хешро иброз дошт. Вай гуфт: Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо қабули силсилабарномаҳои бунёдии рушди илм ба комёбиҳо муваффақ шудааст. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои муҳими илмӣ даст ёфт. Ба шарофати роҳбариву сарварии оқилонаи Пешвои миллати мо, Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуданд, барои мо имкони бесобиқаи баланд бардоштани сифати маориф, рушди зарфиятҳои илмӣ ва ташаккули тафаккури техникӣ фароҳам омад.

Ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон афзуд: Илм дар бораи замин дар таҳқиқоти олимону донишмандони мо мавқеи муҳим дорад. Тоҷикистон аз нигоҳи захираҳои табиӣ, аз ҷумла сарватҳои пурарзиши маъданҳо, ки дар рушди иқтисодии кишвар нақши калидӣ доранд, бой мебошад. Таҳқиқоти сохти геологӣ, конҳои маъданиву ғайримаъдании Тоҷикистон як самти басо муҳими таҳқиқоти илмӣ ба шумор меравад. Омӯзишҳои комплексии сарватҳои зеризаминӣ ва истифода сарфанок ва аз нигоҳи экологӣ бехатар дар шароити таҳдидҳои умумиҷаҳонӣ ва рушди устувор хеле муҳим аст.
Ба андешаи Илҳом Темурзода мавқеияти геологии беназири Тоҷикистон низ қобили таваҷҷуҳ аст: ин кишвар дар яке аз фаъолтарин манотиқи ларзахези ҷаҳон воқеъ шудааст. Ин зилзиланокии баланд дарки амиқи равандҳои геологиро, ки дар литосфераи Замин рух медиҳанд ва такмили пайвастаи технологияҳои сохтмони биноҳо ва иншооти ба зилзила тобоварро талаб мекунад. Дар ин самт, таҳқиқоти илмӣ ва роҳҳои ҳалли пешрафтаи муҳандисӣ барои таъмини бехатарӣ ва амнияти аҳолӣ хеле муҳиманд.

Ғайр аз ин мавзуи муҳими конфронс омӯзиши криосфера-пиряхҳо ва лояи ҳамешаяхбандони замин аст, ки унсурҳои муҳими системаи иқлимии Заминро дар бар мегирад, - гуфт ӯ.
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оймуҳаммадзода И.С. дар хусуси паҳлуҳои асосии кори конфронс ва пешрафту рушди илми геологияи кишвар чанд нуктаи муҳимро зикр намуд.

Дар қисмати пленарии конфронс инчунин профессори Донишгоҳи миллии Узбекистон ба номи М. Улуғбек, д.и.г.-м. Ишбоев Х.Ҷ., профессори Донишгоҳи техникии Тошкент ба номи И. Каримов, д.и.г.-м. Умурзоқов Р.А. ва профессори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ Муҳсини М. бо маърузаҳои илмии худ баромад намуданд.
Маврид ба таъкид аст, ки кори конфронс дар се бахш: геологияи умумӣ ва минтақавӣ, минералогия ва геохимия, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология ҷараён гирифт.
Бояд зикр намуд, ки геология имрӯз яке аз соҳаҳои муҳими пешрафти иқтисоди кишвар маҳсуб меёбад, ки дар барномаву Стратегияҳои Ҳукумати кишвар мавқеи хоса дорад. Хоса дар “Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои камёфт барои солҳои 2016-2026” дурнамо ва рушди соҳаи геология ҳаматарафа инъикос гардидааст. Инчунин мавқеи соҳаи геология дар Стратегияи чаҳоруми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи саноатикунонии босуръати кишвар - “Солҳои 2022-2026 – солҳои рушди саноат” ба таври назаррас дарҷ гардидааст.

Як зумра мақолаҳои ба конфронс пешниҳодгардида дар хусуси ҳалли масоили васеъи геодинамика: таҳлили деформатсия ва шиддатнокии пустлохи замин дар асоси истифодаи усулҳои тектонофизика, ошкор намудани қонуниятҳои рушд ва ҳосилшавии ярчҳо, фурӯравиҳо, селҳо, ки дар натиҷаи заминҷунбиҳои сахт рух медиҳанд, бахшида шуда буданд. Инчунин таҳлили фаъолнокии сейсмикӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва ноҳияҳои фаъоли сейсмикии атроф, хусусиятҳои такроршавии заминҷунбиҳо низ дар маводи пешниҳодгардидаи конфронс мавриди баҳсу музокира қарор гирифтанд. Қисмати бештари мақолаҳо хусусияти амалӣ доштанд ва ба усулҳои геофизикии иктишофи сарватҳои табиӣ, ошкор намудани мавқеи микросейсмҳо дар ҳосилшавии хосиятҳои физикӣ-кимиёвии яхҳо, арзёбии хатари ярчӣ ва сейсмикӣ, инчунин таҳлили тағйироти грунтҳо дар маҷмуаи Нишони Истиқлол бахшида шуда буданд.

Дар поёни кори конфронс як қатор пешниҳоду тавсияҳо, аз ҷумла оид ба:
- идома додани таҳқиқоти мураккаби минералогӣ-геохимиявӣ бо таваҷҷуҳ ба амиқӣ ва шароити ташаккули танаҳои маъданӣ, аз ҷумла ҷиҳатҳои геохимияи флюидӣ ва изотопӣ;
- татбиқи фаъолонаи барномаҳои компютерӣ (монанди MICROMINE, GIS, ва бастаҳои оморӣ) дар амалияи корҳои геологиву ҷустуҷӯӣ;
- рушд додани ҳамкориҳои байни минтақавӣ ва байналмилалӣ бо мақсади ташкили бонки ягонаи маълумот оид ба хусусиятҳои геохимиявӣ ва минералогии конҳои маъдании Осиёи Марказӣ;
- дастгирии тадқиқот дар соҳаи омӯзиш ва ошкор намудани унсурҳои нодир ва нодирзаминӣ, инчунин равона кардани кӯшишҳо ба баҳодиҳии иқтидори саноатии манбаъҳои ғайримаъмулии маъданҳо;
- ҷалб намудани мутахассисони ҷавон ва аспирантон ба корҳои саҳроӣ-экспедитсионӣ ва таҳлилӣ, аз ҷумла дар пойгоҳи таълимии донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмии минтақа;
- таҷрибаи мусбати мушоҳидаҳои муҳандисӣ-сейсмологии маҷмуаи Нишони Истиқлол дар дигар қитъаҳо низ васеъ карда шавад, то сабти акселерограммаҳои заминҷунбиҳои воқеӣ амалӣ гардида, натиҷаҳои онҳо дар моделсозӣ ва баҳодиҳии хатарҳои сейсмикӣ истифода шаванд;
- таҳияи харитаҳои муосири хавфи сейсмикӣ, ки дар онҳо магнитудаҳо, баллнокӣ ва шитоби замин ҳангоми заминҷунбиҳои эҳтимолӣ, такроршавӣ, давомнокии фазаҳои асосии ларзиш, инчунин минтақаҳои паҳншавии манбаъҳои афтершокҳо нишон дода мешаванд;
- таҳияи барномаи тайёркунии кадрҳои ҷавон дар шароити рақобати байналмилалӣ ва муносибатҳои бозорӣ самаранок ва ғ.

Конфронс дар сатҳи баланди илмӣ баргузор гардид. Дар фарҷоми конфронс аз ҷониби маъмурияти Институт ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ ва сертификат тақдим гардид.
 |
Назирзода Роҳила Эраҷ – ходими хурди илмии озмоишгоҳи Геодинамикаи фанерозой ва петрогенезиси ИГСЗТС АМИТ
|
 |
Назарбекова Н.Д. – корманди озмоишгоҳи Гединамикаи фанерозой ва петрогенезиси ИГСЗТС АМИТ
|