preloader

интизор шавед...

Мулоқоти судманди директори Институт бо намояндагони Маркази байналмилалии илмию техникӣ

  • 29-окт-2025
  • 155 дидани саҳифа

Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Носир Сафарализода бо намояндагони Маркази байналмилалии илмию техникӣ Андреа Чианг, Туна Онур ва Ҷош Стачник мулоқот кард.

Дар мулоқоти зикр гардид, ки Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маркази омӯзишӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисосро дар самти сейсмологӣ бо дастгири шарикони хориҷӣ роҳандозӣ мекунад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо барои дар оянда гузаронидани конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ, семинарҳои илмӣ, ба роҳ мондани таҳқиқоти муштарак дар самти сейсмология бо иштироки олимони муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар ба мувофиқа расиданд.

Бояд гуфт, ки ҳамкориҳои Институти бо Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар доираи лоиҳаҳои SNECCA ва SIMI ба роҳ монда шудаанд.

Маврид ба  ёдоварист, ки дар доираи лоиҳаи SNECCA дар ҳудуди шаҳри Душанбе чор  пойгоҳи сейсмикӣ барои заминҷунбиҳои шадид ташкил карда шудаанд.

Дар доираи лоиҳаи SIMI нигоҳдории истгоҳи сейсмикӣ «Симиганҷ», ки узви шабакаи ҷаҳонии GNS (шабакаи глобалии сейсмографӣ) мебошад ва бо таҷҳизоти муосири сейсмикӣ дар доираи лоиҳаи МНТС соли 2016 муҷаҳҳаз шудааст, амалӣ мешавад. Ҳамчунин коркарду таҳлили додаҳои ҳаракатҳои шадид, ки ҳам аз ҷониби истгоҳи сейсмикӣ «Симиганч» ва ҳам аз истгоҳҳои ҳаракатҳои шадид сабт мешаванд, иҷро карда мешавад.

Рӯзи 15-уми октябр  намояндагони Маркази байналмилалии илмию техникӣ Андреа Чианг, Туна Онур ва Ҷош Стачник  аз пойгоҳи сейсмикии Симиганҷ дидан намуданд.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту