preloader

интизор шавед...

Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология натиҷаи фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст кард

  • 05-дек-2025
  • 216 дидани саҳифа

Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ Носир Сафарализода иброз дошт, ки соли 2025 Институт ба пажӯҳиш рӯи ҳафтмавзӯи илмию таҳқиқотии аз ҳисоби буҷаи давлат маблағгузоришаванда идома дод.

Носир Сафарализода, ки дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти яксолаи Институт суҳбат мекард, ҳамзамон хабар дод, ки то охири соли равон таҳқиқоти сари ин мавзуъҳо ба анҷом мерасад. 

Сипас директори Институт дар бораи натиҷаҳои бадастовада дар таҳқиқи мавзуъҳои зерин муфассал сухан ронд:

«Минералогияи конҳои маъдании ВМКБ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (Помир)». Ин лоиҳа аз ҷониби узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор А.Р. Файзиев роҳбарӣ мешавад.;

«Паҳншавӣ ва бӯҳрони биотикӣ дар тараққиёти ҳайвонот ва набототи фанерозойи Тоҷикистон ва иқтидори стратиграфии онҳо» мавзуи дигари таҳқиқоти олмони Институт аст, ки онро доктори илмҳои геология ва минералогия Н.К. Оспанова таҳти сарпарастӣ дорад. 

  Сарвари Институт ҳамчунин мулоҳизаҳои худро атрофи мавзуъҳои  «Системаҳои гранитоидии маъданӣ-магмавии оҳан ва тиллотавлидкунандаи Тоҷикистон», ки иҷрокунандаи роҳбари илмӣ доктори илмҳои геология ва минералогия Ф.Г. Ғафуров мебошад, «Тадқиқоти ҳолати шиддатнокӣ ва деформатсияшавии бино ва иншоот бо назардошти ҳамтаъсирии онҳо бо хоки асос аз таъсири сейсмикӣ» (роҳбар узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Ҷ.Н. Низомов),  «Баҳодиҳии ҳолати шиддатнокию шаклдигаркунӣ ва филтратсиявии сарбанди хокӣ ҳангоми заминҷунбиҳо» (роҳбари илмӣ номзади илмҳои техникӣ Ё.Х. Ядгоров),  Таҳқиқотҳои комплексии геофизикии заминҷунбиҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Роҳбари илмӣ доктори илмҳои физикаю-математика Ф.Ҳ.Каримов), Баҳодиҳии хатари сейсмикии ҳудуди шаҳрҳои Тоҷикистон» (роҳбари илмӣ: номзади илмҳои геология ва минералогия Муродқулов Ш.Я), «Таҳқиқотҳои комплексии геофизикии заминҷунбиҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» (роҳбари илмӣ: доктори илмҳои физикаю-математика Ф.Ҳ.Каримов) муфассал суханронӣ кард ва бурду бохти таҳқиқот атрофи ҳар мавзуъро таҳлил намуд.

Директори Институт дар идомаи суханронии худ оид ба корҳои анҷомшуда дар соли 2025 гуфт, ки метавон ин солро оғози як соли бобарори ободкориҳо дар Институт номид. Дар ин сол як силсила пойгоҳҳои сейсмикии азкормонда дубора фаъол карда шуданд. Бо қувваи кормандони институт ин пойгоҳҳо, ки муддати тулонӣ бекор мондаву зери боду борон харобу валангор шуда буданд, дубора обод шуданд. Дар ҳамаи ин пойгоҳҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯмаки Бонки Умумиҷаҳонӣ таҷҳизоти наву замонавии рақамӣ насб карда шуданд.

Директори институт аз корҳои насби ин гуна таҷҳизот дар пойгоҳҳои сейсмикии Хуҷанд, Офтобрӯй, Истаравшан, Ҳазорчашма, Ҷиргатол, Ҳисор ва Қарасу муфассал сухан ронд.

Дар ҷаласа ҳамчунин гуфта шуд, ки соли ҷорӣ мувофиқи "Нақшаи корҳои экспедитсионӣ ва саҳроии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар соли 2025” ва нақшаи пешакии таҳрезишудаи КВДҶ “Экспедитсияи иктишофи геологии сангҳои қимматбаҳо ва ороишӣ”-и Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон экспедитсияҳои муштарак дар бахши ҷустуҷӯӣ-геологӣ ва ҷустуҷӯӣ-арзёбӣ дар минтақаҳои Тоҷикистони Марказӣ ва Помири Ҷанубу Ғарбӣ  гузаронида шудаанд. Дар натиҷа дар мавзеи Бағуши боло (қаторкӯҳҳои Ишкошим) ду минерали нав – лизардит ва эданит кашф гардида, дар майдони маъдании Назарайлоқ (Ёсуман) зуҳуроти карбонатитӣ ошкор карда шуд, ки он беш аз ҳама дорои маъданҳову унсурҳои камёфти заминӣ, танталу ниобий, литийу бериллий, стронсийу барий мебошад.

Моҳҳои июл-августи соли 2025 ҳамроҳ бо мутахассисони Маркази Сиани Хадамоти геологии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ноҳияи Деваштичи Вилояти Суғд тадқиқоти геокимиёвиву геологӣ гузаронида шуданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин гуфта шуд, ки то 1-уми декабри соли 2025 азҷониби кормандони муассиса 157 хабару андеша, назарияҳои илмӣ ва мақолаи илмӣ-оммавӣ дар саҳифаи фейсбук ва сомонаи Институт ба нашр расонида шуданд. Бисёри ин мавод дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои машҳури Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, саҳифаи “Ахбор барои Афкор”, “Кӯлоби ман”, истифода карда шудаад. Дар умумбештар аз 400 маврид фаъолияти Институт аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғ шуд.

Шумораи чопи мақолаҳои илмӣ ва фишурдаи мақолаҳо дар соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (2024) 83 адад зиёд аст.

Як бахши муҳими ҳисоботи директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ татбиқи натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дар истеҳсолот буд. Дар ин бахш иброз дошт, ки корҳои ҷустуҷӯӣ-иктишофӣ ва омӯзишии мавзеъи Ёсуман (ноҳияи Рашт), ки ҳамчун манбаи элементҳо ва металлҳои нодиру камёфт шинохта шудааст, бо мақсади коркарди меъёрҳои ҷустуҷӯӣ ва баҳодиҳӣ ҳамроҳ бо КВДҶ “Экспедитсияи иктишофи геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ”-и Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Ҳамчунин коркард ва таҳлили маълумотҳои назорати муҳандисӣ-сейсмометрӣ дар сарбанди неругоҳи Сарбанд бо тариқи ҳисоботи иттилоотӣ ба роҳбарияти неругоҳ супорида шуда, натиҷаи ба даст омада ҳангоми истифодабарии иншоотҳои он мавриди истифода қарор дорад.

Директори Институт ҳамчунин таъкид кард, ки ба роҳбарияти неругоҳи Норак ҳисоботи илмӣ-техникӣ аз руи шартномаи №01/24-СГС-неругоҳи Норак дар мавзуи «Баҳодиҳии ҳолати воқеъии иншоотҳои  гидротехникии неругоҳи Норак аз рўи маълумотҳои назорати аслӣ дар соли  2024»супорида шуд. Дар ҳисобот натиҷаҳои коркард ва таҳлили мушоҳидаҳои муҳандисӣ-сейсмометрӣ, дистансионӣ ва геодезӣ барои давраи мушоҳидавии соли 2024 оварда шудааст.

Дар идома Носир Сафарализода гуфт, ки дар асоси маълумоти шабакаи маҳаллии Неругоҳи барқи обии Роғун аз январ то апрели соли 2025 параметрҳои заминларзаҳо дар минтақаи Душанбе-Вахш коркард карда шуданд. Ҳамагӣ 1100 ҳодисаи сейсмикӣ коркард карда шуд, ки барои онҳо координатҳои дақиқи маркази зилзила, умқи манбаъ, синфи энергетикӣ ва шиддат муайян карда шуданд.

Ҳамзамон ташхис ва арзёбии зилзилатобоварии иншооти «Сохтмони маҷмааи бисёрфунксионалии «ҲисорМол» бо ҷойгиронии 3-блоки бинои истиқоматии бисёрбаландошёнаи истиқоматӣ, воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор шаҳри Ҳисор гузаронида шуд.

Инчунин ташхиси ҳолати техникии биноҳои мактаб дар деҳаи Гожак ноҳияи Шуғнон ва деҳаи Боҷу ноҳияи Рӯшон санҷиш ва арзёбии устувории сейсмикӣ ба анҷом расонида шуд.

Ба сурати умум соли 2025 натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии муассиса дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ роҳандозишуда дар қиёс ба соли 2024 11 адад бештар аст.  

 

ОМОДА КАРДАНИ КАДРҲОИ САТҲИ БАЛАНДИ ИЛМӢ

Як бахши муҳими фаъолияти Институт омода намудани кадрҳои баландихтисос аст, ки тибқи гузориши Директори Институт дар соли 2025 ба масъала эътибори ҷиддӣ дода шудааст. Соли 2024 ҳимояи 1 рисолаи докторӣ, 2 рисолаи номзадӣ ва муҳокимаи 3 рисолаи илмии кормандон ва унвонҷӯёни Институт баргузор гардид. Ҳоло бошад ҳимояи 1 рисолаи докторӣ ва барарсии 2 рисолаи номзадӣ ва 1 рисолаи доктор PhD сурат гирифтаст. Гузашта аз ин ҳимояи 2 рисолаи номзадӣ дар моҳи декабр дар нақша аст.

 

ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ

Дар давраи ҳисоботӣ ду шартнома дар сатҳи давлатҳои узви ИДМ ва як шартнома дар сатҳи кишварҳои хориҷи дур ба имзо расонида шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта имзои ягон созишномаи ҳамкорӣ сурат нагирифта буд. 

 

НИШАСТУ ҲАМОИШҲОИ ИЛМӢ

Соли 2025 дар Институт 1 конференсияи байналмилалӣ, 10 семинари илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва якчанд мизи гирду вохӯриҳо гузаронида шуданд, ки ин нисбати соли 2024 як маротиба зиёдтар мебошад. Ходимони илмии Институт дар 46 чорабиниҳои илмӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи ҳисоботи солонаи Институт ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Илҳом Амонзода ширкат ва суханронӣ кард. 

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту