preloader

интизор шавед...

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рӯзи геологҳои тоҷик таҷлил шуд

  • 09-дек-2025
  • 95 дидани саҳифа

Субҳи имрӯз, 9 декабр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи геологияи тоҷик ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар он Президенти АМИТ, академик Қобилҷон Хушвахтзода ширкат ва суханронӣ намуд.

Ин ҳамоишро директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Носир Сафарализода ифтитоҳ кард. 

Сипас, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода суханронӣ намуд. Мавсуф дар оғоз кулли олимону донишмандон ва геологҳои кишварро ба иди касбиашон муборакбод намуд. Вай гуфт, ҳанӯз аз аввалҳои соҳибистиқлолии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси соҳаи геология ва омӯзиши конҳои канданиҳои фоиданок таъкид карда буданд: «Тоҷикистон сарзамини пур аз ганҷу сарватҳои табииву зеризаминӣ мебошад. Аммо ин боигарӣ то ҳанӯз кам омӯхта шудааст ва барои истихроҷу коркарди онҳо ба кадрҳои баландихтисоси ҷавону маҳаллӣ ниёз дорад».

Зикр гардид, ки дар кишвари мо ибтидо аз соли 2011 бо фармони махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9-уми декабр ҳамасола Иди геологҳои тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ва дар ин мавсим низ ҷашн гирифтани Рӯзи геологон беҳуда нест. Зеро, маҳз ин мавсими сол хотимаёбии корҳои саҳроиву экспедитсионӣ барои геологон аст, ки эшон иҷроиши корҳои саҳроӣ, дастовардҳову комёбиҳо ва навгониҳои худро ҷамъбаст менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти фаъолияти пурсамари геологҳо таъкид низ карданд, ки бигзор геологон дар як сол ду рӯз Ид дошта бошанд.

Аз ин иқдому дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон геологони тоҷик илҳому неруи нав гирифта, кӯшишу заҳмат мекашанд, ки дар ошкор ва дарёфти конҳои нав ба нави канданиҳои фоиданок дар сарзамини кишвар пурмаҳсул ва содиқона заҳмат кашанд.

Сарвари Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар идомаи суханронии худ иброз дошт, ки дар ин самт кормандони илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар партави иқдому дастгириҳои Сарвари давлатамон тамоми малакаву дониш ва кӯшишу ғайрати худро ба он равона мекунанд, ки дар пешбурди соҳаи геология ва ғанӣ сохтани иқтисоди кишвар саҳми беандозаи худро гузоранд. Ва ба ин васила, дар соҳибистиқлолии соҳаи геологияи тоҷик ва иқтисоди кишвар саҳмгузор гарданд.

Дар ҳамоиш ҳамчунин зикр гардид, ки сарватҳои бойи табиӣ барои рушди иқтисод, саноат, энергетика, сохтмон ва амнияти захиравии кишварҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти бунёдӣ ва амалӣ доранд. Дар ин соҳаи иқтисодиёт, ҳамчун яке аз самтҳои стратегии сиёсати давлат, вазифаи баланд бардоштани самаранокии коркард ва истифодаи захираҳои канданиҳои фоиданок ба миён гузошта мешавад, ки бе ҳалли он таъмини рушди устувори иқтисодиёт мушкил мегардад. Қисми муҳими сарватҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро базаи ашёи минералии он ташкил медиҳад.

Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи ҳамоиши илмӣ суханронӣ кард ва иброз дошт, ки рушди минбаъдаи соҳаи геология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳкими заминаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, истифодаи технологияҳои муосир, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва татбиқи барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои миллӣ вобастагии мустақим дорад.

Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ҳамчунин гуфт, ки Саридора дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои марбута барои тақвияти иқтидори илмӣ, таҳияи харитаҳои геологӣ, муайянсозии конҳои дорои аҳамияти стратегӣ ва рушди инфрасохтори соҳавӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Гуфта шуд, ки бо ишора ба афзалиятҳои геологӣ ва захираҳои табиии кишвар таҳқиқоти муосир бояд бо истифода аз воситаҳои инноватсионӣ, таҷҳизоти наслҳои нави геофизикӣ ва стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ гардад.

Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки  робитаҳои ҳамкорӣ бо марказҳои илмии хориҷӣ, ташкили лоиҳаҳои муштарак ва таҷрибаи байналмилалӣ имконият фароҳам меорад, то имкониятҳои геологию минералонии кишвар бо илми муосир ҳамқадам рушд кунад.

Инчунин, дар ҳамоиш доктори илмҳои геология ва минералогия, мудири лабораторияи геодинамикаи фанерозой ва петрогенезиси Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Ғафуров оид ба Саҳми илми геология дар пешбурд ва рушди иқтисоди кишвар, директори ҶДММ «Рухом», номзади илмҳои геология ва минералогия М.Муҳаббатов дар мавзӯи “Коркарди сангҳои ороишии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ”, номзади илмҳои геология ва минералогия, ходими пешбари илмии лабораторияи канданиҳои фоиданок Субҳонқул Мавлонӣ дар бораи “Сохти геологӣ ва эҳтимоли мавҷудияти захираҳои саноатии нафту газ дар ҷануби ҳавзаи Афғону Тоҷик”, сардори гурӯҳи коркарди маълумоти сейсмикии Институт, номзади илмҳои геология ва минералогия Р.Ҷӯраев дар мавзӯи“Cейсмические условия Рашт-Таджикабадского района и вероятностные модели карт изосейст сильных землетрясений для разработки мероприятий по снижения сейсмического риска” суханронӣ карданд ва оид ба натиҷаҳои  тадқиқоти муосир, равандҳои геодинамикии қаламрав, хусусиятҳои петрогенетикии минтақаҳои алоҳида, хосиятҳои ҷинсҳои магмавию таҳшинӣ, омилҳои сейсмогенӣ ва тағйирёбии ҳолати геологию геофизикии кишварамон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Дар поёни ҳамоиш як зумра аз олимони соҳаи геология ба муносибати Рӯзи геологияи тоҷик барои саҳми арзандаи онҳо дар рушди илми геология, иҷрои корҳои муҳими таҳқиқотӣ, таҳияи харитаҳои геологӣ, омӯзиши равандҳои сейсмикӣ ва такмили заминаи илмӣ-таҳқиқотии кишвар бо сипосномаҳо ва ифтихорномаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардиданд. 

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту