preloader

интизор шавед...

Рӯзи геологҳо муборак!

  • 09-дек-2025
  • 102 дидани саҳифа

Ҳамасола 9-уми декабр дар Тоҷикистон Рӯзи геологҳо ҷашн гирифта мешавад. Ин иди касбии ҳамаи онҳоест, ки бо заҳмати сангин ва масъулияти баланд захираҳои табиии кишвари моро меомӯзанд ва барои рушди иқтисоди миллӣ саҳми бузург мегузоранд.

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи геология таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, барои омӯзишу истихроҷи канданиҳои фоиданок шароити мусоид фароҳам оварданд. Баҳри рушду такмили соҳа ҳамасола маблағгузории калон амалӣ гардида, имкониятҳои нави таҳқиқу истихроҷ фароҳам мешавад.

Соли 2011 ифтитоҳи Осорхонаи геологии Тоҷикистон бо иштироки Президенти кишвар боиси эълон гардидани Рӯзи геологҳо ҳамчун иди касбӣ гардид.

Имрӯз геологҳои тоҷик бо дастовардҳои назаррас  омӯзиши конҳои нав, пешниҳоди онҳо ба истеҳсолоти саноатӣ ва афзоиши истихроҷи тилло, нуқра, сурб, сурма, нафту газ ва дигар канданиҳои фоиданок  ба пешрафти кишвар ҳиссагузорӣ доранд.

Ба ҳамаи геологҳои кишвар ҷашни касбиро самимона табрик мегӯям!

Борҳо муваффақият, кашфиётҳои нав ва барору комёбиҳои беназир бод!

Ёқубзода Шокир Абулфайз,

мудири шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикии

ИГСЗТС АМИТ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту