preloader

интизор шавед...

Муҳтарам геологҳо, устодон ва ҳамкорони гиромӣ!

  • 09-дек-2025
  • 30 дидани саҳифа

Бо камоли эҳтиром ва адаб ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи касбии геологҳои Тоҷикистон самимона табрик менамоям. Ҳар сол мо шоҳиди ин ҷашни бароямон пуршараф мешавем. Ҳамасола боз як рӯзро чун иди касбии худ таҷлил мекунем. Мо субҳи имрӯз дар толори маҷлиси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши идона ба ин муносибат доштем ва ин худ баҳонае буд, гирди ҳам оем, ҳарфҳои ногуфтаро дар бораи илми геология, ки бешак аз пояҳои муҳими илми кишвар аст, бигӯем.

Мо субҳи имрӯз баъди табрики пурмуҳтавои сарвари АМИТ, академик Қобилҷон Хушвахтзода ба баррасии чанд мавзуи илмӣ ва таҳқиқоти анҷомшуда дар соҳа пардохтем.

Оре, мо дар ҳамин рӯзи ҷашнӣ ҳам аз пажӯҳишу таҳқиқот гуфтем, аз корамон, касбамон дур набудем.

Ва ҳамзамон дидорҳои хотирмон бо ҳам доштем. Чӣ рӯзи хушу хотирмоне буд.

Нагуфта намонад, ки  тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2012, №834, бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, расман рӯзи 9-уми декабр чун рӯзи геологҳо таҷлил мешавад.

Ин иди пурифтихор аз заҳмати босубот, ҷасорату матонат ва ҳиссаи бузурги шумо дар пажӯҳишу кашфи сарватҳои зеризаминии кишвари азизамон шаҳодат медиҳад.

Геология танҳо касб нест - он рисолат ва масъулияти бузург аст. Маҳз Шумо бо иродаи тавоно, донишҳои амиқ ва заҳмату садоқати баланд ба жарфои замин менигаред, сарватҳои табиии кишварро меомӯзед ва бо ҳар кашфиёт ба рушди иқтисодиёт, саноат, энергетика, сохтмон ва амнияти захиравии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоред.

Фаъолияти геолог осон нест. Шароити мушкили иқлимӣ, роҳҳои душворгузар, қуллаҳои баланд ва минтақаҳои дурдаст далели матонату ҷасорати Шумост. Аз ин рӯ, меҳнати шумо ҳамеша шоистаи қадрдонист.

Дар ин рӯзи фархунда ба ҳамаи Шумо саломатии бардавом, муваффақиятҳои нав, неруи тоза барои пажӯҳишу омӯзиш, рӯҳбаландӣ ва комёбиҳои дурахшон орзу менамоям.

Бигзор фаъолияти пурсамари шумо ҳамеша бо кашфиётҳои созанда ва дастовардҳои арзишманд ҳамроҳ бошад.

 

Иди касбӣ фархундаву хучаста бод, геологҳои муҳтарам!

 

Бо як ҷаҳон эҳтиром, Носир САФАРАЛИЗОДА, Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту