
8 декабри соли 2025 барои кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯйдоди фараҳбахш буд. Дар ин рӯз ҳамкори ҷавону пӯё ва мутахассиси донишманд Манижа Раҳимзода дар назди Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯи ихтисоси илмҳои геологӣ ва минералогия рисолаи номзадии худро дар мавзӯи "Қонуниятҳои рушди равандҳои геологии экзогенӣ дар водии дарёи Ғунд" бомуваффақият ҳимоя кард. Бо ҳамин сафи олимони ҷавони унвондори Институт боз як нафар афзуд.

Дар ин рисола натиҷаҳои таҳқиқоти ҳамаҷонибаи тақсимоти фазоӣ ва омилҳои рушди ярчҳо, лағжишҳо ва тармаҳо дар водии дарёи Ғунд бо истифода аз технологияҳои муосири системаи геоиттилоотӣ (ГИС) ва усулҳои таҳлили миқдорӣ пешниҳод шудаанд.
Дар ин рисола муаллиф баъди пажӯҳишҳои зиёди амалӣ қонуниятҳои рушди равандҳои хатарноки экзогениро муайян намуд, нақшаҳои мавҷуд ва моделҳое аз ҳассосияти қаламрав ба ташкили ярч, сангрезиш ва тармаро таҳия кард.
Навоварии илмии ин таҳқиқот сазовори таваҷҷӯҳи хос, аз ҷумла таҳлили ҳамбастагӣ ва вобастагии (коррелятсияи) падидаҳои экзогенӣ, истифодаи усули таносуби басомад ва эҷоди харитаҳои ҳассосият бо арзиши баланди пешгӯикунанда.

Тавсияҳои амалии таҳқиқотро метавон барои арзёбии хатарҳои табиӣ, банақшагирии истифодаи замин, мониторинги равандҳои хатарнок ва таҳияи чораҳо барои коҳиш додани хатарҳои геологӣ дар ВМКБ ва дигар минтақаҳои Помир истифода бурд.
Роҳбари корӣ илмӣ Оймуҳаммадзода Илҳомҷон Султон – номзади илмҳои геология ва минерология, Сардори раёсати гелогияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ба кори илмӣ доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Лаврусевич Андрей Александрович ва номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсенти кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандиси факултети геология ДМТ Андомиён Радҷабалӣ Шамс тақриз навиштаанд.

Ҳайати роҳбарият ва кормандони Институтии геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ ҳамкори худ Манижа Раҳимзода Раҳмонро ба муносибати ин комёбии илмӣ-ҳимояи рисолаи номзадӣ самимона муборакбод мекунанд ва барояш беҳтарин хушиҳои зиндагӣ ва комёбиҳои тозаи илмиву пажӯҳиширо таманно доранд.