preloader

интизор шавед...

Иштироки олимони ҷавони Институт дар Мактаби байналмилалии “Дубна” барои донишҷӯён ва олимони ҷавони кишварҳои ИДМ

  • 24-дек-2025
  • 6 дидани саҳифа

Аз 15 то 21 декабри соли ҷорӣ гурӯҳи иборат аз 10 нафар олимон ва муҳаққиқони ҷавони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Мактаби байналмилалии илмӣ-таълимии “Дубна” барои донишҷӯён ва олимони ҷавони кишварҳои ИДМ иштирок намуданд.

Мактаби илмӣ дар шаҳри Дубна (Федератсияи Русия) баргузор гардида, дар он намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арманистон, инчунин Федератсияи Русия ширкат варзиданд. Чунин ҳайати байналмилалӣ ба чорабинӣ хусусияти фаромиллӣ бахшид.

Қобили зикр аст, ки иштироки фаъолонаи олимони ҷавони тоҷик дар чунин ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ самараи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонон ва рушди илм ба шумор меравад. Фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, такмили ихтисос ва ҳамкориҳои байналмилалӣ барои олимони ҷавон аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Дар доираи барнома иштирокчиён дар лексияҳои олимони сатҳи байналмилалӣ, семинарҳои илмӣ ва муҳокимаҳои интерактивӣ иштирок намуда, бо самтҳои муосири тадқиқоти илмӣ, таҷҳизоти пешрафта ва инфрасохтори илмии шаҳри Дубна шинос гардиданд. Боздид аз лабораторияҳои илмӣ аз фаъолиятҳои ҷолиб ва хотирмон ба шумор мерафт.

Ба гуфтаи иштирокчиён, чунин омӯзишҳо на танҳо дониши назариявиро васеъ мекунанд, балки барои рушди тафаккури илмӣ, баланд бардоштани ҳавасмандӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии касбӣ нақши муҳим доранд. Муоширати мустақим бо олимон ва ҷавонони илмии кишварҳои гуногун таҷрибаи нодири байналмилалиро фароҳам овард.

Дар натиҷаи сафар сатҳи омодагии илмӣ ва методологии иштирокчиён баланд гардида, дониш ва таҷрибаи нав барои истифода дар фаъолияти минбаъдаи илмии Институт ба даст оварда шуд. Ҳамзамон, заминаи воқеӣ барои рушди ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ фароҳам омада, нуфузи Институт ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар муҳити илмии байналмилалӣ тақвият ёфт.

Иштироки фаъолонаи олимони ҷавон дар чунин чорабиниҳо гувоҳи сиёсати пайгиронаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти дастгирии олимони ҷавон ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Шерзод Абдулов,

ходими калони илмии озмоишгоҳи

канданиҳои фоиданоки ИГСЗТС АМИТ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту