preloader

интизор шавед...

Ҷаласаи идона бахшида ба рӯзи модарон дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

  • 06-мар-2026
  • 72 дидани саҳифа

Имрӯз (06.03.2026) дар дар толори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Рӯзи байналмилалии занон чорабинии тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони муассиса баргузор гардид. Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ доир шуда, ба гиромидошти нақши занону бонувон дар ҷомеа ва фаъолияти муассиса бахшида шуд.

Нахуст директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муҳтарам Сафарализода Носир Саидҷалол сухани табрикотӣ намуда, ҳамаи занону бонувонро бо фарорасии ин ҷашни зебо самимона табрик намуд. Ӯ дар суханронии худ таъкид кард, ки занон дар ҷомеа мақоми хоса дошта, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни илм, маориф ва истеҳсолот саҳми назаррас мегузоранд. Ҳамчунин зикр гардид, ки бонувони муассиса бо меҳнати содиқона, масъулиятшиносӣ, донишу таҷрибаи ғанӣ ва муносибати нек дар рушди фаъолияти муассисаи илмӣ нақши муҳим доранд. Директор ба ҳамаи занону бонувон саломатии бардавом, хушбахтӣ, рӯзгори обод, рӯҳияи болида ва муваффақиятҳои нав дар фаъолияти касбӣ орзу намуд.

Сипас муовини директор оид ба илм Лоиқзода Мустафо Лоиқ суханронӣ намуда, ҳамаи бонувонро бо ҷашни Рӯзи байналмилалии занон табрик гуфт. Ӯ дар баромади худ қайд кард, ки занон дар ҳар як ҷомеа рамзи меҳрубонӣ, сабр, зебоӣ ва муҳаббат мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, маҳз бо шарофати заҳмати занон дар коллектив фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ ба вуҷуд меояд. Лоиқзода Мустафо Лоиқ ба занону бонувон барои фаъолияти пурсамар ва саҳмашон дар пешрафти муассисаи илмӣ изҳори сипос намуда, ба онҳо саломатӣ, саодати рӯзгор, комёбиҳои нав ва бахту иқболи баланд орзу кард.

Дар идомаи чорабинӣ мудири лабораторияи тадқиқоти комплексии сейсмологӣ ва геофизикӣ Каримов Фаршед Ҳилолович, бонувонро бо фарорасии ин ҷашни фараҳбахши баҳорӣ табрик намуд. Ӯ таъкид кард, ки занон ҳамеша манбаи илҳом, зебоӣ ва меҳрубонӣ буда, бо меҳнати софдилона ва муносибати самимии худ дар пешбурди фаъолияти коллектив саҳми назаррас мегузоранд. Ҳамчунин ба занону бонувон барои дастгирӣ, ғамхорӣ ва фазои гарме, ки дар коллектив ба вуҷуд меоранд, изҳори миннатдорӣ баён намудан.

Ҳамчунин корманди лабораторияи канданиҳои фоиданок устод Мавлонӣ Субҳонқул низ суханронӣ намуда, ҳамаи занону бонувонро бо ин ҷашни пуршукӯҳ табрик гуфтанд. Мавлонӣ Субҳонқул зикр кардан, ки занон ҳамеша мояи ифтихор ва сарбаландии ҷомеа мебошанд. Дар анҷоми суханронӣ ба ҳамаи бонувон саломатӣ, хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат, муҳаббати беандоза ва муваффақиятҳои нав дар кору зиндагӣ таманно карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ бори дигар Директори ИГСЗТС АМИТ ҳамаи занону бонувонро бо ҷашни Рӯзи байналмилалии занон табрик гуфта, ба онҳо беҳтарин орзуҳо таманно карданд. Чорабинӣ дар фазои гарму дӯстона ҷамъбаст шуд.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Март 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту