Имрӯз дар толори МИТ бахшида ба 90-солагии яке аз олимони шинохтаи соҳаи тектоника ва сейсмотектоника, Бобоев Алӣ Махсумович, семинари илмӣ баргузор шуд. Дар чорабинӣ роҳбарият, олимон, муҳаққиқон ва кормандони муассиса иштирок намуданд. Семинар ба гиромидошти фаъолияти илмӣ ва саҳми арзандаи ин шахсияти барҷаста дар рушди соҳаи геология бахшида шуд.
Нахуст, семинарро директори ИГСЗТС АМИТ Сафарализода Н.С. оғоз намуда, ҳозиринро бо ифтитоҳи ин чорабинии илмӣ хайрамақдам гуфт. Ӯ дар баромади худ таъкид намуд, ки Бобоев Алӣ Махсумович яке аз олимони шинохтаи соҳа буда, ҳамчун тектонист ва сейсмотектонисти варзида дар рушди илми геология саҳми арзанда гузоштааст. Ба гуфтаи ӯ, таҳқиқотҳои илмии Бобоев Алӣ Махсумович асосан ба омӯзиши сохтори тектоникии минтақаҳо, равандҳои тектоникӣ ва масъалаҳои марбут ба сейсмотектоника равона гардида, барои пешрафти илми геология аҳамияти муҳим доранд.


Алӣ Махсумович муаллифи харитаи ноҳиябандии умумии сейсмикии Тоҷикистон мебошад. Ин на танҳо як ҳуҷҷати илмӣ, балки таҳкурсиест, ки амнияти шаҳрҳо, пулҳо ва сарбандҳои мо бар он устувор аст. Инчунин, ӯ муаллифи харитаҳои минтақаҳои сейсмогении Тоҷикистон мебошад, ки то кунун ин харитаҳо мавриди корбарӣ қарор доранд.
Ҳамчунин, директори ИГСЗТС АМИТ Сафарализода Н.С. қайд кард, ки фаъолияти илмӣ ва таҳқиқоти анҷомдодаи ӯ барои омӯзиши равандҳои геологӣ ва арзёбии хавфҳои сейсмикӣ заминаи илмии муҳим фароҳам овардаанд. Ӯ зикр намуд, ки корҳои илмии ин олим барои насли ҷавони пажуҳишгарон намунаи ибрат буда, саҳми ӯ дар рушди таҳқиқотҳои геологӣ ҳамеша бо эҳтиром ёд мешавад.
Сипас, директор тибқи барномаи семинари илмӣ иштирокчии навбатӣ муовини директор оид ба илм Лоиқзода Мустафо Лоиқ бо маъруза дар мавзуи «Зиндагинома ва фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Алӣ Бобоев» баромад намуд.
Мавсуф дар баромади худ зикр кард, ки Бобоев Алӣ Махсумович 7 марти соли 1936 дар шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Ҳисор, солҳои 1953-1958 дар факултаи табиатшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил намуда, ихтисоси инженер-геологро аз рӯи самти «Аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок» соҳиб гардидааст.
Қайд гардид, ки пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатии худро дар Институти геологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз намуда, аз вазифаи лаборанти калон то ба зинаҳои баланди илмӣ расидааст. Дар ташаккули ӯ ҳамчун олими варзида саҳми олимони шинохта, аз ҷумла Сергей Акимович Захаров, В.М. Рейман, Михаил Михеевич Кухтиков ва Игор Евгеньевич Губин назаррас арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин дар маърӯза таъкид шуд, ки соли 1968 ӯ рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Неотектоникаи қисми ғарбии баландкӯҳи Қаротегин» дифоъ намуда, минбаъд ба ҳайси мудири шуъбаи неотектоника ва сипас мудири лабораторияи неотектоника ва сейсмотектоника фаъолият намудааст. Солҳои 1994-1997 вазифаи директори Институти геологияи АИ ҶТ-ро ба уҳда дошта, сипас солҳои 1998-2008 муовини директор оид ба илм буд.
Дар идомаи маъруза зикр гардид, ки устод Бобоев ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳаи неотектоника ва сейсмотектоника дар таҳқиқоти илмии марбут ба омӯзиши минтақаҳои сохтмони неругоҳҳои барқи обии силсилаи Вахш, аз ҷумла Норак ва Роғун, иштирок намудааст. Ҳамчунин, бори аввал дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор бозёфтҳои устухонҳои ширхӯрони давраи чаҳорякуминро муайян намудааст, ки аҳамияти калони илмӣ доранд.
Зимнан қайд карда шуд, ки Бобоев Алӣ Махсумович дар фаъолияти илмии худ зиёда аз 100 асари илмӣ, аз ҷумла чанд монография ва харитаҳои илмӣ нашр намудааст. Барои саҳми арзандааш дар рушди илм соли 1977 барои таҳияи харитаи ноҳиябандии сейсмикии Тоҷикистон сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино гардидааст.
Дар анҷоми баромад таъкид гардид, ки роҳи пуршарафи илмии устод Бобоев - аз лаборант то директори институт намунаи заҳматдӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба илм мебошад.
Маърузачии навбатӣ Аминзода Пӯлод бо маъруза дар мавзуи «Оид ба истифодабарии харитаҳои хатари сейсмии эҳтимолӣ дар лоиҳакашии бино ва иншоот» баромад намуд.
Дар баромади худ Аминзода Пӯлод ҳолати кунунӣ ва усулҳои истифодаи харитаҳои хатари сейсмикиро дар лоиҳакашӣ шарҳ дод. Зикр гардид, ки асоси лоиҳакашии зилзилатобовар харитаи ноҳиябандии умумии сейсмии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1978 аз ҷониби Алӣ Бобоев, Г.В. Кошлаков ва К.М. Мирзоев таҳия шудааст.

Ҳар як воҳиди харита бо истифода аз ҷадвалҳои макросейсмии MSK-64 омода гардида, ҳамчун харитаи детерминистии хатари сейсмикӣ эътироф мешавад. Аминзода Пӯлод таъкид кард, ки имрӯз дар ҷаҳон коркарди усулҳои нави истифодаи натиҷаҳои арзёбии эҳтимолии хатари сейсмикӣ, аз ҷумла Performance-Based Seismic Design, васеъ паҳн гардидааст. Дар ин усул ҳолати техникии бино ва иншоот аз ҷиҳати тобоварӣ ба заминҷунбӣ арзёбӣ шуда, давраи такроршавии заминҷунбиҳо низ ба назар гирифта мешавад.
Дар фарҷоми маъруза таҷрибаи кормандони институт ва натиҷаҳои амалӣ дар истифодаи харитаҳои эҳтимолии хатари сейсмикӣ ба иштирокчиён пешниҳод гардида, аҳамияти ин усулҳо барои лоиҳакашии зилзилатобовар ва бехатар таъкид шуд.
Маърузаи роҳбари гурӯҳи коркарди маълумоти сейсмикӣ Ҷӯраев Раҳимҷон Усмонович фарогири таҳлили осебпазирии сейсмикии биноҳои истиқоматӣ ва таҳияи сенарияҳои заминҷунбиҳои сахт барои шаҳри Душанбе буд.
Дар баромади худ Ҷӯраев Р.У. зикр кард, ки барои иҷрои ин таҳқиқот шароити геологӣ, тектоникӣ, сейсмикӣ, инженерӣ-геологӣ ва гидрогеологии минтақаи Душанбе ба таври муфассал таҳлил гардидаанд. Қонуниятҳои асосии бавуҷудоии заминҷунбиҳо дар минтақа барои арзёбии дараҷаи хатари эҳтимолӣ ба шаҳр муайян шуда, сарчашмаҳои асосии заминҷунбиҳое, ки ба ҳудуди Душанбе таҳдид мекунанд (аз ҷумла заминҷунбии соли 1907-и Қаратоғ, заминҷунбиҳои Ҳисор ва Султонобод), мушаххас гардиданд.
Ҷӯраев Р.У. сенарияҳои эҳтимолии заминҷунбиро бо параметрҳои гуногун - фарогирии минтақаҳои 6, 7, 8 ва 9-балла бо истифода аз маълумоти геологӣ, сейсмологӣ ва гидрогеологӣ таҳия намуд. Асоси таҳқиқотро гузаронидани инвентаризатсияи бино ва иншооти дохили шаҳр ташкил дод, ки ҳолати техникии онҳо барои арзёбии осебпазирӣ ва таҳияи сенарияҳои заминҷунбӣ аҳамияти хосса дошт.
Бо истифода аз барномаи ГИС, ки тамоми маълумоти заминҷунбии эҳтимолӣ ва параметрҳои таҳқиқотӣ ба он ворид карда шудаанд, таҳлил ва баҳодиҳии оқибатҳои эҳтимолии заминҷунбӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Дар натиҷа, 16 сенарияи эҳтимолӣ таҳия гардида, харитаҳои зарари эҳтимолӣ ва осебпазирии биноҳои истиқоматӣ дар формати ранга нишон дода шуданд ва ҷадвалҳои ҷамъбасти оқибатҳои эҳтимолӣ омода гардиданд.
Ҷӯраев қайд кард, ки ҳадафи асосии таҳқиқот танҳо арзёбии зарари эҳтимолӣ набуда, балки тавсифи сатҳи талафоти имконпазир ҳамчун нуқтаи ибтидоӣ барои таҳияи чораҳои коҳиш додани хатари сейсмикӣ мебошад.
Сипас, мувофиқи барномаи семинари илмӣ Раҳимзода Маниҷа Раҳмон дар мавзуи «Таъсири шароитҳои морфометрӣ ва иқлимӣ ба паҳншавии сангрезаҳо дар водии дарёи Ғунд» маърузаи имлӣ намуд. Дар баромади худ ӯ зикр кард, ки бо мақсади омӯзиши қонуниятҳои фазоии паҳншавии сангрезаҳо таҳлили муносибати басомадҳо гузаронида шудааст. Аз натиҷаҳои таҳқиқот муайян гардид, ки паҳншавии сангрезаҳо ба як қатор нишондиҳандаҳо вобастагӣ дорад, аз ҷумла: кунҷи нишебӣ, самти нишебӣ, шакл.

Ғайр аз ин, коррелятсияҳои муайяншуда барои сохтани модели осебпазирӣ аз сангрезаҳо истифода гардиданд. Ҳамчунин, баҳодиҳии дақиқии модели сохташуда низ гузаронида шуд. Натиҷаҳои бадастомада нишон медиҳанд, ки модели пешниҳодшуда қобилияти хуби пешгӯикунӣ ва арзёбии хатари сангрезаҳоро дорад, ки барои идора ва коҳиш додани хавфи ин ҳодисаҳои табиӣ аҳамияти калони илмӣ ва амалӣ дорад.
Пас аз муҳокимаи натиҷаҳои семинар, директори ИГСЗТС АМИТ, муҳтарам Сафарализода Носир Саидҷалол, суханронӣ намуда, чорабиниро ба таври расмӣ ҷамъбаст кард. Ӯ таъкид намуд, ки семинари бахшида ба 90-солагии Бобоев Алӣ Махсумович имконият дод, ки дастовардҳои илмии устод ва натиҷаҳои навтарин дар соҳаи тектоника, сейсмотектоника ва геология мавриди баррасии амиқ қарор гиранд.
Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи академияи миллии илмҳои Тооҷикистон ба ҳамаи иштирокчиён барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуда, ба онҳо барору комёбиҳо ва саломатии бардавом орзу кард ва семинарро расман хотима бахшид.