preloader

интизор шавед...

Наврӯзи навбаҳорон бар дустон муборак

  • 14-мар-2026
  • 43 дидани саҳифа

   Наврӯз аз ҷашнҳои фархундаи мардуми форсизабон мебошад, ки таърихи хеле қадимӣ дорад. Аҷдодони мо дар тули ҳазорсолаҳо ин ҷашнро бо зебоиву таровати хосаш ҳамеша нигоҳ дошта, анъанаҳои неки онро пайваста идома додаанд. Зеро Наврӯз на танҳо оғози соли наву фаро расидани баҳор аст, балки айёми бедории табиат, шуруъи мавсими киштукор ва ҷашни шодиву сурури мардум мебошад. Дар ойини Наврӯз беҳтарин хислатҳои мардуми мо чун ҳаётдустиву сулҳдустӣ, накукориву хайрхоҳӣ таҷассум ёфтаанд. Аз ин ҷост, ки Наврӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва барои таҳкими сулҳу дустӣ, робитаи ҳасанаи мардуми олам хидмат мекунад.Ин ҷашни фархунда аз ибтидо ҷанбаи умумибашарӣ дошта, орзуву мароми инсон ва робитаи уро бо табиат бозтоб менамояд.

   Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешвои маҳбуби миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, “Наврӯз падидаест, ки аз ҷониби худи табиат барои аҳли сайёраи Замин тақдим шудааст”. Аз ин ҷост, ки ҲҶТ ва намояндагони кишварҳои форсизабон ва сойири кишварҳои Шарқ барои ҷаҳонӣ шудани Наврӯз саъю кушиш намудаанд. Дар натиҷа 23 феврали 2010 дар 64-мин Маҷмаъи Умумии СММ Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эълон гардид.

   Фарҳанги Наврӯз рамзҳои зиёд дорад. Аз ҷумла сафедӣ дар фарҳанги Наврӯз рамзи покиву озодагист. Аз ин сабаб духтарон дар Наврӯз либоси сафед мепушанд, кадбонуҳо хонаҳоро сафед мекунанд, мардон зарфҳои мисинро тамиз мекунанд, ҳар кас саъй мекунад, ки ҳангоми фаро расидани Наврӯз шири сафед нушад, то ки дар соли нав солим ва роҳи зиндагиаш сафед бошад.

   Дар унсури ҳафтсину ҳафтшини дастархони наврӯзӣ рамзҳои зиёд аст. Масалан, рақами 7 дар фарҳанги ориёӣ як ҷаҳон маънӣ дорад , ба мисли 7 додарон, 7 авранг, 7 айвон, 7 гусфанд, 7 гунбад, 7 иқлим, 7 кишвар, 7 фалак ва ғайра далели онанд. Мардум дар арафаи Наврӯз бо умеди фаровонии ҳосили рӯзгор гандумро сабз намуда, аз афшураи он суманак ва ё саману мепазанд. Ин маросим бо хондани суруду тарона хотирмон мегардад. Ба мисли:

Суманак назри баҳор аст

Ҷашни ҳар шабзиндадор аст

Суманак дар дег мо кафча занем

Дигарон дар хоб мо дафча занем

   Дар айёми Наврӯз маросиме ҳаст бо номи чоршанбесурӣ. Дар ин рӯз мардум гулханҳо афрухта аз болои оташ меҷаҳанд ва мегуянд:

Зардии ман аз ту

Сурхии ту аз ман

   Гарчи оид ба ҷашни Наврӯз ривоятҳои гуногун мавҷуд аст, аммо Наврӯз манбаи илмӣ дорад: шабу рӯз баробар мешавад, чуноне дар шеър омадааст:

Бародар, рӯзи Наврӯзат муборак

Баробар шуд шабу рӯзат муборак.

   Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар Шоҳнома Ҷамшедро бунёнгузори ин ҷашни бостонӣ медонад ва менависад:

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд

Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор

Бимонда аз он хусравон ёдгор

   Ҳамчунин шоирони бешуморе дар васфи Наврӯз шеърҳо сурудаанд. Масалан Ҳофизи Шерозӣ шеъре навиштааст, ки бисёриҳо онро медонанд:

Гул бе рухи ёр хуш набошад

Бе бода баҳор хуш набошад

   Ё ин ки Ҷалолиддини Балхӣ:

Баҳор омад, баҳор омад, баҳори мушкбор омад

Нигор омад, нигор омад, нигори бурдбор омад.

Имрӯзҳо бо файзу баракати Истиқлол - Тоҷикистон аз нав ватани Наврӯз гаштааст.

Наврӯзатон муборак ҳамкорони гиромиву иззатманд.

 

Ходими пешбари илмӣ, Номзади илмҳои геология ва минералогия

С.Мавлонӣ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Март 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту