
17-уми апрели соли 2026 дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ бахшида ба “Рӯзи Пойтахт” семинари илмӣ баргузор шуд.
Носир Сафарализода-Директори Институт дар оғоз ҳозиринро ба Рӯзи Пойтахт муборакбод кард ва гуфт шаҳри Душанбе чун қалби Тоҷикистони азиз рӯз ба рӯзу сол ба сол зебову шукуфон мегардад. Ҳамаи ин ба баракати сиёсати ободкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори ҷавони он муҳтарам Рустами Эмомалӣ аст.
Директори Институт дар бахши дигар аз суханронии худ дар бораи таърихи эълон шудани Рӯи пойтахт ибрози назар намуда, аз ҷумла фармуд: Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Аҳамияти таърихӣ ва бостонии шаҳр зимни Конфронси ҷумҳуриявӣ зери унвони "Душанбе – шаҳри бостонии ориёӣ дар Шоҳроҳи бузурги Абрешим" баррасӣ гардида буд. Мо ифтихор аз он дорем, ки пойтахти ватани азизамон-шаҳри биҳиштосои Душанбе бо ҳусну таровати рӯзафзунаш таваҷҷуҳи гардишгаронро бештар ҷалб мекунад.

Носир Сафарализода дар поёни сухани муқаддимотии худ иброз дошт, ки анъанаи деринаи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология дар мавриди рӯзҳои хос баргузор кардани семинару нишастҳои илмӣ идома дорад ва имрӯз низ гирди ҳам омадем, то гӯш ба маърузаҳои илмӣ ниҳем ва донем, ки ҳамкорону ҳамкасбони мо аз дастовардҳои пажӯҳишии худ чиҳо хоҳанд гуфт.

Сипас маърӯзаи М. Лоиқзода “Дар бораи фаъолиятҳои илмии корманди Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ Нарима Оспанова” шунида шуд. Мавсуф дар бораи роҳи тайкардаи илмии Нарима Каженовна ва пажӯҳишҳои илмии ӯ муфассал нақл кард.
М.Шодибеков дар мавзуи “Андалузит ва хризоберилл аз пегматити Придорожний (қисмати Ҷанубу Ғарбии Помир)” маъруза намуд.

Дар идомаи семинар ҳозирон маърузаҳои И.Шамсов “Мавқеияти геологӣ ва маъданҳои асосии кони маъдани оҳани Кӯҳандара», С.Ашӯралиев “Тектоникаи асри санги пешин ва мезозойи Помир бо таъкид ба магматизми минтақаҳои Пшарт ва Бозордара (Помири Ҷанубӣ); Э.Облоқулов “Ларзиши бинои неругоҳи барқи обӣ ҳангоми кори агрегатҳои барқӣ”; Т.Неъматов “Муҳосибаи устувории нишебҳои бисёрқабата, хокҳои печида ва хокҳои пайвандӣ ё худбасташуда”; Ф.Каримов “Таърих ва рушди Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро шуниданд.
Дар поёни семинар миёни ширкаткунандагон дар атрофи маърузаҳои ироашуда табодули афкор сурат гирифт.



