
Дар оғоз кулли ҳамватанони азизро ба муносибати “Рӯзи Пойтахт” муборакбод мекунад. Шаҳри Душанбе чун қалби Тоҷикистони азиз рӯз ба рӯзу сол ба сол зебову шукуфон мегардад. Ҳамаи ин ба баракати сиёсати ободкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори ҷавони он муҳтарам Рустами Эмомалӣ аст.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Имсол ин ба 18-уми апрел рост омадааст. Аҳамияти таърихӣ ва бостонии шаҳр зимни Конфронси ҷумҳуриявӣ зери унвони "Душанбе – шаҳри бостонии ориёӣ дар Шоҳроҳи бузурги Абрешим" баррасӣ гардида буд. Мо ифтихор аз он дорем, ки пойтахти ватани азизамон-шаҳри биҳиштосои Душанбе бо ҳусну таровати рӯзафзунаш таваҷҷуҳи гардишгаронро бештар ҷалб мекунад
Ногуфта намонад, ки Душанбе чун дигар шаҳрҳои бузурги кишварамон таърихи қадимӣ дорад. Гарчанде то Инқилоби Октябр ва таъсиси Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон он як деҳаи кучаку ноободе буд, аммо бозёфтҳои бостоншиносӣ ҳикоят аз он доранд, ки дар гузашта Душанбе фаротар аз як деҳа, балки як шаҳри тиҷоративу саноатӣ буд.
Аз таърих хабар дорем, ки аввалин ковишҳои бостоншиносӣ дар ҳудуди Душанбе аз ҷониби кишваршиносон В. Р. Чейлитко ва В. Д. Салочинский соли 30-юми асри ХХ шуруъ шуда буд. Соли 1932 В. Р. Чейлитко баъди пайдо намудани якчанд бошишгоҳи одамони қадим аз соҳилҳои дарёи Душанбе ба омӯзиши таърихи аҳди қадими Душанбе замина гузошт. Соли 1941 бостоншинос П. И. Смоличев дар қисми шимолу шарқии шаҳр дафинаеро кашф намуд ва аз он ҷо миқдори зиёди сафолпораҳо пайдо кард. Чунин маснуоти сафолӣ аз ҳудуди Корхонаи бофандагӣ низ ёфт шуданд. П. И. Смоличев тахмин кард, ки дафинаи кашфнамудааш ба миёнаҳои ҳазорсолаи 1 то милод тааллуқ дорад, вале дертар маълум шуд, ки одамон дар ин ҷо ҳатто дар давраи биринҷӣ (ҳазорсолаи 2 то милод) дафн шуда будаанд.
Пажӯҳишҳо бо ин хотима наёфтанд. Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳукумати кишвар барои таҳқиқи бостоншиносӣ заминаҳо фароҳам овард ва корҳои таҳқиқотӣ дар атрофи шаҳри Душанбе аз сар гирифта шуданд. Ин буд, ки дар соҳилҳои рӯдхонаҳои Лучоб, Хонақоҳ ва Кофарниҳон маҳалҳои зиёде пайдо гардиданд, ки қабатҳои маскунии онҳо аз тамаддуни то он вақт маълуми Ҷайтун ва Калтаманор фарқ мекарданд. Академик А. П. Окладников бозёфтҳои фарҳанги кӯҳистонии Тоҷикистонро аз рӯи ёдгории барҷастаи ин давра – Теппаи Ғозиёни Ҳисор «тамаддуни Ҳисор» номида, таърихашро ба ҳудуди ҳазорсолаҳои 4–3 то милод мансуб донист.
Солҳои баъдӣ муҳаққиқони таърихи Душанбе ба кашфи Арки Амир – дар ҷойи ҳозираи Боғи ботаникӣ, Дахма – дар ҳудуди маркази алоқаи ҷумҳуриявӣ, «Боқимондаҳо»-и шаҳр («Остонес») – дар байни хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва кӯчаи Деҳқон, Шишихона – дар маҳаллаи 84, Работ – аз нишеби пули хиёбони Сомонӣ то кӯчаи ба номи Аҳрорӣ, Искандартеппа ва ғайраро кашф намуданд. Ин бозёфтҳо аз олоти гуногуни корӣ, дастгоҳҳои сангини коркарди ғалла, дегчаҳои сафолӣ, манқал, лангарчаҳои чархмонанду аҳромшакл, маснуоти кулолӣ, зарфҳои хӯрокхӯрӣ ва амсоли онҳо иборат буданд.
Дар бораи таърихи қадимии Душанбеи азиз метавон соатҳо ҳарф зад, чун бозёфтҳо ва таҳқиқоти илмӣ саҳфаҳои норушани таърихи пойтахти азизамонро равшан карданд ва ҳоло мо медонем, ки дар як шаҳре бо гузаштаи бою рангин зиндагӣ дорем.
Истиқлоли давлатӣ дари дигарро ба рӯи ободонии Душанбе боз кард. То кунун даҳҳо барномаҳои давлатии ободонии қалби Тоҷикистони азиз роҳандозӣ шуданд ва симои Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфт.
Рушди соҳаҳои саноат, сохтмон, хизматрасонӣ ва тиҷорат боиси беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ гардидааст. Дар шаҳри Душанбе муассисаҳои зиёди таълимӣ, аз ҷумла донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ фаъолият мекунанд, ки дар тарбияи кадрҳои баландихтисос саҳми назаррас мегузоранд. Соҳаи тандурустӣ низ рушд ёфта, бунёди муассисаҳои нави тиббӣ ва муҷаҳҳазгардонии онҳо бо техникаи муосир ба беҳтар гардидани хизматрасонии тиббӣ мусоидат намудааст. Пойтахт ҳамчун маркази фарҳангии кишвар дорои театрҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ мебошад, ки дар рушди маънавии ҷомеа нақши муҳим мебозанд.
Мо имрӯз дар хиёбонҳои гулпӯши он қадам мезанем, аз бӯи атромези гулҳои он нафас мекашем. Ба коху кушкҳои фарҳангӣ меравем, истироҳат мекунем. Фаввораҳои зебои онро, ки аз вуҷудашон мусиқии рӯҳнавоз садо медиҳад ва оби фаввора ба навои мусиқӣ печутоб мехӯрад, ба қалбҳои мо сурур мебаъхшад.
Душанбе имрӯз бидуни шак як шаҳри орзуву ормонҳои мост. Аз ободонии ҳамарӯза дилҳои мо пур аз фараҳ мешавад ва ифтихор мекунем, ки чунин як пойтахти ҳамешаҷавону нуронӣ дорем.
Носир САФАРАЛИЗОДА,
Директори Институти геология, сохтмони
ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ.