Ҳамватанони азизу гиромӣ!
Ҳамаи шуморо самимона ба муносибати 81-умин солгарди Ғалаба бар фашизм муборакбод мекунад! Ин санаи таърихӣ бештар аз 80 сол аст, ки ёди моро ба як рӯзгори талху пурфоҷиаи халқҳои олам мебарад. Беш аз 80 соле, ки оламиён бо баҳонаи ин пирӯзӣ гирди ҳам меоянд ва зидди ҷангу ҷангҷӯён садо балан мекунанд, аз сулҳ, оштӣ, амонӣ ҳарф мезананд.
Бештар аз 80 сол пеш халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ бо иттиҳоду ҳамбастагӣ, ҷонбозиҳо, қурбонӣ доданҳо бар мудҳиштарин хатари башарият – фашизми гитлерӣ пирӯз шуданд. 81 сол пеш, 9-уми май дар кохи Рейхстаг парчаими пирӯзӣ боло шуд ва ин рамз то кунун боқист.
Тоҷикистони азизи мо дар ин ҷанги хонумонсӯз чун дигар мардумони Иттиҳоди Шуравӣ беҳтарин фарзандони қаҳрамони худро аз даст дод. Дар миёни онҳо шоирону нависандагон, олимони забардаст, донишмандони риштаҳои гуногуи илму маърифат кам набуданд. Имрӯз аз шаҳидони он ҷанги мудҳиш ёд мекунем ва бароямон онҳо беш аз ҳар вақти дигар азизу мукаррам мегарданд. Маҳз онҳо буданд, ки ба хотири имрӯзи шукуфон ҷони худро дареғ надоштанд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии охиринашон ба муносибати 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба изҳор доштанд: Ҷанги дуюми ҷаҳон қариб 80 фоизи аҳолии ҷаҳони ҳамонвақтаро фаро гирифта, боиси ҳалокати миллионҳо нафар аҳолии осоишта гардид. Аз рӯзҳои аввали ҷанг фарзандони мардуми Тоҷикистон дар набардҳои ин ҷанг фаъолона ширкат варзида, саҳми худро дар таъмин намудани пирӯзии таърихӣ гузоштанд.Тоҷикистон, ки аҳолии он дар оғози ҷанг якуним миллион нафарро ташкил медод, зиёда аз 300 ҳазор нафар фарзандони худро ба ҷанг сафарбар намуд.Зиёда аз 100 ҳазор нафари онҳо дар майдони набардҳои хунин ҷони худро аз даст дода, қариб 40 ҳазор нафар беному нишон гардиданд.Барои ҷасорату қаҳрамонӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 58 ҳазор нафар афсарону сарбозони тоҷик бо ордену медалҳо ва 55 нафар барои мардонагӣ ва шуҷоат бо унвони баланди «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» қадрдонӣ карда шуданд”.
Ёдашон ба хайр!
Тантанҳои Рӯзи Ғалаба танҳо барои гузаштаҳо нест. Ёдоварии он рӯзгор барои имрӯзиён аст, ки сабақ гиранд. Ватанро танҳо ҷонбозон, қаҳрамонҳо, ҷасурону далерон метавонанд аз ҳар хатар ҳифз кунанд. Ҷаҳони имрӯз нооромтар аз қабл аст ва моро лозим меояд дарси шуҷоату қаҳрамонӣ аз гузаштагон омӯзем ва нагузорем, ки қуввае аз дохил ё хориҷ амнияту суботи Тоҷикистони азизро халалдор кунад.
Мо аз гузаштагон ифтихор дорем, мо аз имрӯзиён ҳамин гуна ҷасорат чашми умед дорем.
Тоҷикистони азизи мо баъди расидан ба истиқлоли давлатӣ муддате ноамниву бесуботиро аз сар гузаронд. Бо баракат ва талоши Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷони худ гузаштаву дасти сулҳу оштӣ ба мухолифон дароз карданд, ба ҷанг хотима доданд, имрӯз кишвари мо амну субот аст, пеш меравад, тараққӣ мекунад, сокинон ин пешрафтҳоро ҳамарӯза эҳсос мекнуанд.
Ба қадри ин осоишу субот бояд расид, то ояндаи халқҳои кишвари азизамон дурахшону тобнок бимонад.
Як бори дигар ҳамаи Шумо ҳамватанони гиромиро ба муносибати Рӯзи Ғалаба муборакбод мекунам! Бароятон хонаободӣ, шукуфоӣ ва рӯзгори хушу осударо таманно дорам.
Бо эҳтиром Носир Сафарализода,
директори Институти геология,
сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар
ва сейсмологияи АМИТ