preloader

интизор шавед...

Семинари илмӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба. Мавзуъ: “Масоили мубрами таҳқиқоти сейсмологӣ ва геофизикӣ”

  • 10-май-2026
  • 18 дидани саҳифа

8-уми майи соли равон дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ мувофиқи нақшаи Озмоишгоҳи таҳқиқоти комплексии сейсмологӣ ва геофизикӣ семинари илмӣ-амалӣ баргузор шуд.

Семинарро муовини директори ИГСЗТС АМИТ Лоиқзода Мустафо Лоиқ ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро ба ба муносибаи Рӯзи Ғалаба табрику муборакбод кард. Вай ҳамзамон зикр намуд, ки бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ, ҷашнҳои сиёсиву миллӣ дар Институт роҳандозии семинару нишастҳои илмӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Имрӯз ҳам бар пояи анъанаи дерин тасмим гирифтем семинари илмӣ баргузор кунем ва мавзуъҳои илмиеро, ки кормандони Институт баъди анҷоми пажӯҳишҳои худ навиштаанд, баррасӣ намоем. 

Дар идомаи суханронӣ, директори Институт Носир Сафарализода ба муносибати 81-умин солгарди Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ олимон ва иштирокчиёнро табрик намуд. Вай аз ҷумла гуфт:

Ҳамкорони арҷманд!

Пеш аз ҳама, ҳамаи шуморо ба муносибати Иди Ғалаба табрику таҳният мегӯям. Ин санаи таърихӣ рамзи ҷасорату мардонагӣ ва ватандӯстии падару бобоён ва пайвандони мост. Мо хотираи неки қаҳрамонони роҳи озодиро ҳамеша пос медорем.

Олимони мо низ дар солҳои душвори ҷанг бо кашфиётҳои худ дар таъмини амнияти кишвар саҳми арзанда гузоштаанд.

Носир Сафарализода дар бахши дигар аз суханронии худ дар мавриди солгарди Ғалаба бар фашизм афзуд: Тоҷикистони азизи мо дар ин ҷанги хонумонсӯз чун дигар мардумони Иттиҳоди Шуравӣ беҳтарин фарзандони қаҳрамони худро аз даст дод. Дар миёни онҳо шоирону нависандагон, олимони забардаст, донишмандони риштаҳои гуногуи илму маърифат кам набуданд. Имрӯз аз шаҳидони он ҷанги мудҳиш ёд мекунем ва бароямон онҳо беш аз ҳар вақти дигар азизу мукаррам мегарданд. Маҳз онҳо буданд, ки ба хотири имрӯзи шукуфон ҷони худро дареғ надоштанд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии охиринашон ба муносибати 81-умин солгарди  Рӯзи Ғалаба изҳор доштанд: Ҷанги дуюми ҷаҳон қариб 80 фоизи аҳолии ҷаҳони ҳамонвақтаро фаро гирифта, боиси ҳалокати миллионҳо нафар аҳолии осоишта гардид. Аз рӯзҳои аввали ҷанг фарзандони мардуми Тоҷикистон дар набардҳои ин ҷанг фаъолона ширкат варзида, саҳми худро дар таъмин намудани пирӯзии таърихӣ гузоштанд.Тоҷикистон, ки аҳолии он дар оғози ҷанг якуним миллион нафарро ташкил медод, зиёда аз 300 ҳазор нафар фарзандони худро ба ҷанг сафарбар намуд.Зиёда аз 100 ҳазор нафари онҳо дар майдони набардҳои хунин ҷони худро аз даст дода, қариб 40 ҳазор нафар беному нишон гардиданд.Барои ҷасорату қаҳрамонӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 58 ҳазор нафар афсарону сарбозони тоҷик бо ордену медалҳо ва 55 нафар барои мардонагӣ ва шуҷоат бо унвони баланди «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» қадрдонӣ карда шуданд”.

Дар идомаи кори семинар олимони шинохта ва муҳаққиқони ҷавон бо гузоришҳои илмӣ баромад намуданд:

Аз ҷумла профессор Каримов Ф.Ҳ. дар мавзуи “Табиати заминҷунбиҳои мантиявӣ” суханронӣ кард. Мавсуф қайд намуд, ки релаксатсияи моддаҳои мантиягӣ дар пайдошавии заминҷунбиҳои мантиягӣ нақши калидӣ мебозанд. Ӯ афзуд, ки дар ин раванд муҳити релаксатсияи инерсионӣ ва гравитатсионӣ аҳмияти хосса доранд. Инчунин зикр гардид, ки заминҷунбиҳои жарфо афтершок надоранд, зеро омили сатҳии ҳамвории лағжиш нисбат ба омилҳои гравитатсионӣ ва инерсионӣ нақши камтар дорад.

Номзади илмҳои геология ва минералогия Шварс А.В. маърузаи худро таҳти мавзуи “Арзёбии потенсиали сейсмии кафишҳои пӯстаи Замин дар Тоҷикистон” пешниҳод намуд. Ӯ қайд кард, ки минтақаи Сариоб (Дарвоз-Қарокул) сегменти динамикӣ ба шумор рафта, шиддати доимиро дар қисмҳои ҷанубу шарқӣ таъмин менамояд. Ба гуфтаи ӯ, кафишҳои Сурхоб, Хингов, Ғунт, Мас-Кокбайск ва Анзоб дорои потенсиали баланд буда, хоси заминҷунбиҳои бо магнитудаи баланданд.

Муҳаққиқ Давлатова М. натиҷаҳои таҳқиқоти худро дар мавзуи “Хосиятҳои обшавии яхҳои таркиби сангпораҳо ва ҷинсҳои дисперсионӣ” муаррифӣ кард. Мавсуф исбот намуд, ки суръати обшавии ях вобаста ба ғафсии сарпӯши сангпораҳо тағйир меёбад. Агар ғафсии сарпӯш ҳудуди 1 мм (5 грамм) бошад, суръати обшавӣ нисбат ба яхи бе сарпӯш баландтар мешавад, вале дар ҳолати аз 1 мм зиёд будани ғафсӣ, суръати обшавӣ паст мегардад.

Пажӯҳишгар Олимов Ш.А. бо маърузаи “Тағйирёбии параметрҳои гидрогеокимиёвии обҳои зеризаминии термалию минералии Тоҷикистон (дар мисоли Хоҷаобигарм ва Обигарм)” баромад кард. Ӯ қайд намуд, ки нишондиҳандаи pH дар ин пармачоҳҳо хосияти туршӣ дорад. Муқовимати электрикии ин обҳо бо сабаби мавҷуд будани ионҳо нисбат ба оби нӯшоӣ пасттар аст. Зикр гардид, ки баъзе аномалияҳои гидрогеокимиёвӣ ба марҳилаҳои омодагӣ ва пеш аз сейсмикии заминҷунбиҳо мутобиқат мекунанд.

Дар анҷоми семинар миёни баромадкунандагон ва иштирокчиён баҳсу мунозираҳои судманди илмӣ сурат гирифт. Семинар дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, дар он олимони соҳа ва муҳаққиқони ҷавон фаъолона ширкат варзиданд.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Май 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту