
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода аз 7 апрели соли 2026 таҳти №30001/23-125 оид ба гузарондани барӯйхатгирӣ (инвентаризатсия) ва арзёбии ҳолати воқеии нигоҳдорӣ ва истифодаи молу амвол, инчунин таъмини риояи талаботи меъёриву техникии амалкунанда, аз санаи 30.05 соли 2026 то 01.06. соли 2026 гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ Носир Сафарализода бо иштироки мудири шабакаи мониторинги сейсмикию геофизикӣ Ёқубзода Ш.А. ва ходими калони илмии лабораторияи баҳодиҳии хатарҳои сейсмикӣ Бахтиёрӣ М.С. аз пойгоҳҳои сейсмикии шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва Истаравшан дидан намуданд.
Ҳадафи асосии сафари хидматӣ ин баҳисобгирии молу амвол, боздид ва санҷиши фаъолияти пойгоҳҳои сейсмикӣ, арзёбии ҳолати техникии таҷҳизот ва вазъи биноҳои корӣ ва хидматии пойгоҳҳои сейсмикии вилояти Суғд буд.
Дар ҷараёни кор бори якум барӯйхатгирии пурраи молу амволи мавҷуда, ҳолати техникии таҷҳизоти сабткунанда ва ирсолкунандаи додаҳои сейсмикӣ, тарзи нигоҳдорӣ ва корбурди онҳо, инчунин фаъолияти умумии пойгоҳҳо мавриди омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуда, таҷҳизот ва воситаҳои техникии дар тавозуни пойгоҳҳо қарордошта рақамгузорӣ ва ба қайд гирифта шуданд.

Татбиқи чунин тадбир барои такмили низоми баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва назорати истифодаи самараноки моликияти давлатӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Дар рафти санҷиш ба масъалаҳои риояи қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор махсус таваҷҷуҳ шуд. Вазъи воситаҳои аввалияи сӯхторхомӯшкунӣ, шабакаҳои таъминоти барқ ва ҳолати техникии ноқилҳои барқӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд. Ба кормандони пойгоҳҳо вобаста ба риояи қатъии талаботи техникаи бехатарӣ, истифодаи дурусти таҷҳизоти барқӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва нигоҳдории воситаҳои муҳофизатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Натиҷаҳои санҷиш нишон доданд, ки дар пойгоҳҳои сейсмикии шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва Истаравшан таҷҳизоти рақамии сейсмикии муосири сабткунанда ва ирсолкунандаи додаҳои сейсмикӣ насб гардида, онҳо дар ҳолати хуби техникӣ қарор доранд. Фаъолияти таҷҳизот мутобиқ ба талаботи техникии амалкунанда ба роҳ монда шуда, сабти пайваста ва фиристонидани саривақтии додаҳои сейсмикӣ таъмин карда шудааст.
Барои боз ҳам баланд бардоштани сифати кори пойгоҳҳои сейсмикӣ, дар ҳар се пойгоҳи сейсмикӣ корҳои профилактикӣ гузаронида шуда, баъзе қисмҳои эҳтиётӣ, ки корношоям шуда буданд ба воситаҳои техникии нав иваз карда шуданд, ки ин раванди кори Маркази навбунёди мониторинги сейсмикии ИГСЗТС АМИТ-ро беҳтар мегардонад.

Ҳолати умумии пойгоҳҳо қаноатбахш арзёбӣ гардида, барои фаъолияти мунтазам ва самараноки онҳо шароити зарурӣ муҳайё мебошад. Муайян гардид, ки пойгоҳҳои номбаршудаи ИГСЗТС АМИТ вазифаҳои худро дар самти мониторинги сейсмикӣ ва назорати доимии вазъи сейсмикии минтақа ба таври мунтазам иҷро менамоянд.
Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани самаранокии фаъолияти пойгоҳҳо тавсия дода шуд, ки корҳои профилактикии техникӣ, такмили низоми баҳисобгирии молу амвол ва чорабиниҳои омӯзишии техникаи бехатарӣ мунтазам идома дода шаванд.
Дар фарҷом таъкид бояд намуд, ки саҳми роҳбарияти Институт дар рушди зерсохт ва таҳкими фаъолияти пойгоҳҳои сейсмикӣ назаррас мебошад. Дар давоми як соли фаъолияти роҳбарии худ директори Институт тавассути анҷом додани сафарҳои корӣ ба аксари пойгоҳҳои сейсмикӣ аз наздик бо вазъи воқеии онҳо шинос гардида, барои беҳтар намудани шароити корӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии онҳо тадбирҳои муассир андешид.

Қобили зикр аст, ки қисми зиёди биноҳои корӣ ва хидматии пойгоҳҳои сейсмикӣ дар натиҷаи истифодаи тулонӣ ба ҳолати фарсудагӣ расида, ба таъмир ва азнавсозӣ ниёз доштанд. Бо вуҷуди ин, дар натиҷаи ташаббус, дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти Институт дар давоми солҳои охир корҳои ободонӣ, таъмиру навсозӣ ва беҳтарсозии шароити фаъолияти пойгоҳҳо ба таври назаррас густариш ёфтаанд.
Натиҷаҳои бадастомада аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки сиёсати самараноки мудирият, муносибати масъулиятшиносона ва таваҷҷуҳи пайваста ба ҳалли мушкилоти мавҷуда, барои баланд бардоштани сатҳи омодагии техникии пойгоҳҳои сейсмикӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди корӣ ва такмили сифати мониторинги сейсмикӣ заминаи устувор фароҳам меорад.
Расмҳои дигар аз рафти боздид аз пойгоҳҳои сейсмикӣ ва ба руйхатгири молу амволи дар пойгоҳҳои вилояти Суғд



